Дар Вазорати нақлиёт ҷанбаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон тавзеҳ дода шуданд

Январь 25, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 25.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар маҷлиси умумии кормандони соҳаи роҳу нақлиёти ҷумҳурӣ шарҳу тавзеҳ дода шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро яке аз рӯйдодҳои муҳими ҷамъиятию сиёсӣ дар ҳаёти мамлакат арзёбӣ намуд.

Гуфта шуд, ки дар ин ҳуҷҷати барномавӣ ва сиёсию ҳуқуқӣ назари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба самтҳои стратегии рушди мамлакат дар ояндаи наздик ифода меёбад. Омӯхтану дарк намудани ин ҳуҷҷат, пайваста ба он муроҷиат кардан ва ба таври васеъ шарҳ додани нуктаҳои мубрами он дар байни аҳолӣ бисёр муҳим ва муфид аст.

Муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иброз дошт, ки бо татбиқи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар бисёр соҳаҳо пешрафти назаррас ба даст омадааст. Ҳоло Тоҷикистон дар марҳилаи нави рушд қарор дошта, дар татбиқи стратегияю барномаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба комёбиҳо ноил мегардад.

Таъкид шуд, ки соли 2024 бори аввал ҳаҷми умумии Маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат ба беш аз 150 миллиард сомонӣ расид ва суръати воқеии он 8,4 фоизро ташкил дод. Дар панҷ соли охир музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ 4 баробар ва дар маҷмуъ 100 фоиз зиёд карда шуд. Давоми ин солҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ, сармоягузории дохилию хориҷӣ ба рушди Тоҷикистон беш аз 197 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳазорҳо иншооти нави иҷтимоию иқтисодӣ – аз шифохонаю кӯдакистонҳо то роҳу пулҳои автомобилгарди замонавӣ ва эстакадаҳои сеқабата бунёд гардиданд.

Дар зимн сохтмони иншооти азими энергетикии Тоҷикистон– Неругоҳи барқи обии «Роғун» махсус таъкид шуд. Тавре Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ изҳор доштанд, «то имрӯз қариб 50 фоизи корҳои сохтмони неругоҳ ба анҷом расидаанд ва шуруъ аз моҳи майи соли 2027 аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва силсиланеругоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар ҷумҳурӣ пурра бартараф карда мешавад».

Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ омадааст, ки соли 2025 оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули иқтисоди «сабз», рақамикунонии хизматрасонии давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд. Дар робита ба ин Президенти Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шаванд. Дар иртибот ба ин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2025 ба имзо расид.

Таъкид гардид, ки ҳадафи фаъолияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон аз қабули стратегияҳо, нақшаҳо ва барномаҳо, имзои қарорҳо ва фармонҳо, сохтмон ва таҷдиди роҳу пулҳо ва дигар иншооти зарурӣ, гузариш ба иқтисоди «сабз», рақамикунонии соҳаҳо, рушди саноат, таъсиси ҷойи нави кор, ҷалби сармояи хориҷӣ, зиёд кардани музди меҳнат ва нафақа, муқовимат ба коррупсия, ҷалби сайёҳон ва сиёсати хориҷии «дарҳои боз» дар маҷмуъ як чиз- таҳкими сулҳу субот дар тамоми сайёра, ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ бо давлатҳои дигари дунё, рушди иқтисоди Тоҷикистон ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум аст.

Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ инро ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Январь 25, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Тақвият ва таҳкими худшиносии миллӣ талаботи замони имрӯз аст
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд
Ба омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ИЛМУ МАОРИФ — ПОЯИ ОЯНДАИ ДАВЛАТ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба фаъолону сокинони шаҳри Ҳисор нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон тавзеҳ дода шуданд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба шарҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ — ҲАДАФУ МАРОМИ ЗИНДАГӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон