ДАРОМАДИ ПУЛИИ АҲОЛӢ. Аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024 расонида шуд, яъне 3,6 баробар зиёд гардид

Январь 12, 2025 12:09

ДУШАНБЕ, 12.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Давоми 33 соли Истиқлоли давлатӣ аҳолии Тоҷикистон қариб 2 баробар афзоиш ёфтааст, Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ соли 2018 ба 71 миллиард ва соли 2024 ба 150 миллиард сомонӣ расида, ба ҳар сари аҳолӣ қариб 15 ҳазор сомонӣ баробар гардидааст. Даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024 расонида шуд, яъне 3,6 баробар зиёд гардид. Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,1 миллиард сомонии соли 2012 то ба 19 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки ин 2,1 маротиба зиёд мебошад. Ин матлабро мудири кафедраи идораи давлатӣ ва иқтисоди миллии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Муфарраҳ Асоев дар мақолааш вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 баён намудааст. Коршиноси масоли иқтисодӣ дар идомаи матлаб чунин изҳори назар кардааст:

— Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 272 банди асосӣ иборат буда, 149 банди он ё 54,8 фоизи ҳиссаи умумии онро соҳаи иқтисодиёт дар бар мегирад. Ин нишони он аст, ки иқтисодиёт зербинои асосии рушди устувор дар шароити номуайянӣ ба ҳисоб рафта, самти муайяни рушдро дар дигар соҳаҳо ба вуҷуд меорад.

Дар шароити мураккаб ва тағйирёбандаи ҷаҳонӣ аҳамияти сиёсати давлатдории устувор ва дурбинона аз роҳҳои асосии таъмини амнияти миллӣ ва иқтисодӣ ба шумор меравад.

Иброз бояд дошт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ яке аз муҳимтарин санадҳои сиёсӣ маҳсуб мешавад, ки самтҳои стратегии рушди мамлакатро муайян ва дар шароити пур аз тазоди вазъи ҷаҳони муосир, ҳимоя намудани манфиатҳои миллӣ ва иқтисодӣ асоси таъмини амнияти саросарӣ ба шумор меравад. Он тамоми самтҳои рушди ҷомеа, аз ҷумла иқтисодиёт, иҷтимоиёт, сиёсат, таъмини амнияти саросарӣ, ягонагӣ ва муносибати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити ниҳоят ҳассоси рушди глобалӣ фаро гирифтааст. Бахусус, диққати асосӣ дар раванди гузариш ба рушди устувор ба Консепсияи рушди устувори инсонӣ равона шудааст. Бинобар ин, пурра аз байн бурдани камбизоатӣ, иваз намудани моделҳои ноустувор ва пешбурди моделҳои устувори истеъмолот ва истеҳсолот, инчунин ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ бо мақсади рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ вазифаҳои асосӣ ва шартҳои ҳаётан муҳими рушди устувор ба шумор мераванд.

Ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми мамлакат дар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ маҳсуб мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъмини устувории макроиқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, бунёди иншооти иҷтимоӣ, ба кор андохтани иқтидори нави истеҳсолӣ ва фаъолгардонии иқтидори мавҷуда ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар арсаи байналмилалӣ мавқеи хосса пайдо намудааст.

Бояд тазаккур дод, ки соли 2024 корҳо ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатию кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият пайдо карда, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8,4 фоиз таъмин карда шуд. Соли 2024 ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 150 миллиард сомонӣ ва афзоиши воқеии он 8,4 фоизро ташкил намуд. Ин нишондиҳандаҳо нисбат ба соли 2018 мутаносибан 79 миллиард сомонӣ ва 2,1 маротиба зиёд мебошанд.

Сарвари давлат ба сохторҳои дахлдор дастур доданд, ки дар фаъолияти минбаъда низ рушди соҳаи иҷтимоию иқтисодии мамлакатро нигоҳ дошта, соли 2025 суръати рушди иқтисодиро дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоянд.

Дар самти саноатикунонии босуръати мамлакат, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ дар доираи ҳадафи чоруми миллии мамлакат чунин иброз гардид, ки агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи кор фаъолият дошт, пас дар замони соҳибистиқлолӣ 2500 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, танҳо соли 2024-юм 740 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд гардид. Дар ин бахш, дар маҷмуъ, қариб 20 ҳазор ҷойи кор ташкил карда шудааст.

Рушди иқтисоди миллӣ дар солҳои 2015 агар 15,7 миллиард сомонӣ бошад, ин нишондиҳанда соли 2024 ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд. Ин нишондиҳанда асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб 3,5 маротиба афзудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2025 – 2030-ро «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намуда, таъкид доштанд, ки «дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад: такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ, андешидани тадбирҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ».

Ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои олии мамлакат Ҳукумати Тоҷикистон дар бахши иқтисодӣ ба се вазифаи асосӣ афзалият додааст:

— бо роҳи баланд бардоштани гуногунсамтию рақобатнокии иқтисоди миллӣ таъмин намудани рушди устувор;

— афзоиш додани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ;

— расидан ба сатҳи рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои даромадашон миёна.

Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба таври барҷаста ҳадафҳои калидӣ, аз ҷумла устувории иқтисодӣ, коҳиши камбизоатӣ ва рушди саноат ҷой дода шуда, бо таваҷҷуҳ ба хатарҳои глобалӣ ва таҳаввулоти технологӣ тағйироти муваффақона, гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва инноватсия ҳамчун вазифаҳои ояндасоз муайян шудаанд. Паём ба Маҷлиси Олӣ ба сифати асоси муайянкунандаи рушди устувор барои таҳкими давлатдорӣ, рушди соҳаҳои гуногун ва таъмини рушди устувор заминаи амиқ хоҳад гузошт.

Дар маҷмуъ ҳар шахси соҳибхирад ва соҳибватанро мебояд, ки дастуру роҳнамоиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кор қарор дода, барои устувор намудани пояи Истиқлоли давлатӣ бо масъулияти баланд барои иҷрои ҳадафҳои олии давлат ва Ҳукумати мамлакат гомҳои устувор гузорад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Январь 12, 2025 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЗАРИШ БА НИЗОМИ РАҚАМИКУНОНӢ. Масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ бояд ҳарчи зудтар таъмин шаванд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба рушди иқтисодиёти рақамӣ ва низоми муҳофизати устувор мусоидат менамояд
РУШДИ ФАРҲАНГ. Соли 2000 барои соҳаи фарҳанг ва варзиш 13 миллион сомонӣ ҷудо шуда, соли 2024 ин рақам ба 1,7 миллиард сомонӣ расид.
Чаро кӯдакон нисбат ба калонсолон бештар ба зуком гирифтор мешаванд?
Ба кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Ёвон нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳ дода шуданд
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – нишондиҳандаи иқтидори давлати муосири тоҷикон ва роҳнамои ояндаи пурсаодат
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамо барои иҷрои ҳадафҳои созанда ва саодатбахш
«ПАЁМ-РОҲНАМОИ ОЯНДАИ ПУРСАМАР». Таҳти ин унвон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
ПАЁМ-ДАСТУРИ ЗИНДАГИСОЗИ МИЛЛАТ. Таваҷҷуҳ ба мактабу маориф сабаби устувор гардидани пояи давлатдории миллӣ мешавад
РУШДИ НАҚЛИЁТИ ҲАВОӢ. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мамлакати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон таъкид гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба рушди соҳаи маориф дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон конфронси илмӣ доир гардид
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ фарогири дастуру супоришҳо, нақшаву пешниҳодҳо ва стратегияву ҳисобот мебошад