Эҳсони Панҷшанбе фаъолияти касбияшро дар Суперлигаи Узбекистон идома медиҳад

Январь 2, 2025 09:22

 ДУШАНБЕ, 02.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол Эҳсони Панҷшанбе фаъолияти касбияшро дар Суперлигаи Узбекистон идома медиҳад, иттилоъ  доданд ба  АМИТ «Ховар» дар  Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Эҳсони Панҷшанбе ҳамчун бозингари озод ба «Суғдиёна»-и Ҷиззах гузашт. Охирин дастаи  Эҳсон «Истиқлол»-и Душанбе буд, ки соли гузашта бо ин тим  барандаи чемпионат ва Суперҷоми Тоҷикистон шуд.

Эҳсони Панҷшанбе дар «Суғдиёна» якҷо бо ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Зоир Ҷӯрабоев ҳунарнамоӣ  хоҳад кард.

Қаблан Эҳсони Панҷшанбе бо пироҳанҳои бошгоҳҳои «Вахш», «Барқчӣ», «Истиқлол», «Навбаҳор» (Узбекистон) ва «Зуб Оҳан» (Эрон) бозӣ кардааст.

Эҳсони Панҷшанбе аз соли 2016 дар ҳайати дастаи  миллии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карда, дар 57 бозӣ панҷ гол задааст.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Январь 2, 2025 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод