ГУЗАРИШ БА НИЗОМИ РАҚАМИКУНОНӢ. Масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ бояд ҳарчи зудтар таъмин шаванд

Январь 12, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 12.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. 28 декабри соли 2024 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» пешниҳод гардид, ки дар он масъалаҳои мубрами ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ иброз гардид, ки ҳоло мамлакати мо дар марҳилаи нави тараққиёт қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияю барномаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад.

Дар робита ба ин Президенти Тоҷикистон ба иҷрои саривақтии барномаҳои давлатӣ бобати рушди устувори иқтисодии мамлакат таваҷҷуҳ намуда, вазорату идораҳои дахлдорро муваззаф гардониданд, ки рушди иқтисоди мамлакатро соли 2025-ум дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоянд.

Илова бар ин супориш дода шуд, ки соли 2025 доир ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули иқтисоди «сабз», рақамикунонии хизматрасонии давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ бояд тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.

Барои амалӣ гардидани чунин тадбирҳо Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки Вазорати молия, Бонки миллӣ, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор мебошанд, ки ҳалли масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамиро ҳарчи зудтар таъмин намоянд.

Дар ин раванд то охири соли 2025 бояд пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасонии давлатӣ пурра таъмин карда шаванд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки дар бисёр кишварҳо нишондиҳандаи пардохтҳои ғайринақдӣ 80 – 90 фоизро ташкил медиҳад.

Ин яке аз роҳҳои асосии таъмин намудани шаффофияти амалиёти хизматрасонӣ, баҳисобгирӣ ва пешгирии коррупсия мебошад.

Иброз шуд, ки Бонки миллӣ ва ташкилоти қарзӣ барои боз ҳам баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, ҷалби бештари пасандозҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва вусъат бахшидани фаъолияти низоми рақамии хизматрасонии бонкию молиявӣ бояд чораҷӯйӣ намоянд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ ба гузариш ба низоми рақамикунонии бахшҳои иқтисоди мамлакат таваҷҷуҳи хосса намуда, иброз доштанд, ки Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ бобати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодию молиявӣ қадамҳои устувор мегузорад.

Сарвари давлат дастур доданд, ки дар панҷсолаи минбаъда барои пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:

Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ.

Дуюм, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот.

Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ.

Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ.

Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ.

Шашум, андешидани тадбирҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот.

Ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ.

Бо ин мақсад вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, адлия, молия, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Бонки миллӣ, хадамоти алоқа, гумрук, Кумитаи андоз ва дигар вазорату идораҳо бояд фароҳамсозии асосҳои ҳуқуқию ташкилӣ, танзими давлатӣ, маблағгузории ташкили инфрасохтори иқтисоди рақамӣ, инчунин муносибатҳои иштирокчиёни соҳибкории рақамӣ ва савдои электрониро таъмин намоянд.

Бо ин ҳадафҳо Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025 – 2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шаванд.

Бояд гуфт, ки ҳанӯз моҳи январи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таҳкими асосҳои дастурии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотию коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави мамлакат, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» ба Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти дахлдор супориш доданд, ки Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон таъсис дода шавад. Ибтидои соли 2024 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Аз ҷониби ин ниҳод аллакай корҳои зиёде ба анҷом расонида шуда, раванди рақамикунонӣ ва пайванди инноватсия бо истеҳсолот идома дорад.

Дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ нахустин Форуми миллии «Рушди устувор тавассути инноватсия ва рақамишавӣ: ҳукумати электронӣ ва тиҷорати рақамӣ» баргузор шуд, ки дар ҷараёни он масъалаҳои ҳукумати электронӣ, аз ҷумла хизматрасонии электронии давлатӣ, идоракунии рақамӣ дар мақомот, иқтисоди рақамӣ ва тиҷорати рақамӣ, амнияти киберӣ ва рушди инфрасохтори ҳаëтан муҳими телекоммуникатсионӣ, саводнокии рақамӣ ва дастрасӣ ба интернет, инчунин усулҳои глобалӣ ва миллии идоракунии рақамӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ҳамзамон бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои ёфтани имконияти тақвияти ҳамкории соҳавӣ ва рушди инфрасохтори инноватсионию рақамӣ нахустин маротиба Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan» бо мақсади муаррифии технологияҳои рақамӣ ҳамчун бахши муҳими рақамисозӣ дар мамлакат, рушди хизматрасонии электронӣ ва ҳукумати электронӣ, рушди технологияҳои нав, аз ҷумла технологияи молиявӣ, таъмини амнияти киберӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ баргузор гардид. Дар кори он беш аз 1000 нафар намояндагони ширкатҳои бонуфуз ва мақомоти давлатӣ аз 26 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.

Дар форум имконият ва зарфияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рақамикунонии инфрасохтори давлатӣ, бахши хизматрасонии молиявӣ, инчунин табодули таҷриба бо мутахассисони байналмилалӣ вобаста ба рушди саноат ва тиҷорати рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид.

Пеш аз баргузории форум Агентии инноватсия ва технологияи рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Точикистон моҳи ноябри соли 2024 Ҳафтаи инноватсия ва табдили рақамии Тоҷикистонро ташкил намуд, ки давоми ҳафта дар мақомоти давлатӣ, бонкҳо, IT паркҳо, фондҳо дар соҳаи IT, стартапҳо, академияҳо, донишгоҳҳо ва бахши хусусӣ гуфтушунидҳо барои муҳокима ва татбиқи идеяҳои (заминаи) амалинамоии раванди гузариши рақамӣ ва инноватсия, чорабиниҳо дар самти рушди хизматрасонии давлатии электронӣ, ташаккули ҳукумати электронӣ, ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ, рушди инфрасохтори пардохт, тиҷорати электронӣ, технологияи молиявӣ, киберамният, инчунин ташкили паркҳои технологӣ ва иттилоотӣ баргузор гардиданд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, «замони муосир талаб мекунад, ки тамоми равандҳои иқтисодӣ ва хизматрасонӣ тавассути истифода аз технологияҳои рақамӣ ва иттилоотию иртиботӣ дар заминаи инфрасохтори иттилоотӣ амалӣ гарданд».

Соҳаи маориф ва илм дар меҳвари асосии сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дошта, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва рақобатпазири мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат яке аз вазифаҳои аввалини муассисаҳои таълимӣ ба шумор меравад.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба самти омодасозии кадрҳои соҳа таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дастур доданд, ки дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад.

Илова бар ин дар ҳама муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат факултаю кафедраҳои дахлдор таъсис дода шаванд.

Дар ин раванд муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ зарур дониста мешавад.

Зимни суханронӣ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар зинаи таҳсилоти олӣ масъалаҳои сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкории байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмию таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ ҳанӯз ба тақвият ниёз доранд.

Аз ин лиҳоз Ҳукумати мамлакат, роҳбарони Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо, Академияи таҳсилот ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ доир ба ин масъалаҳо бояд тадбирҳои муассир андешида, рушди босуботу устувори муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро дар солҳои наздик таъмин намоянд.

Имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳо чораҳои ислоҳотӣ амалӣ мегарданд.

Дар мамлакат «Консепсияи иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул карда шудаанд. Илова бар ин, «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» қабул гардиданд. Ин барномаю консепсияҳо ба рушди ҳамкории тиҷоратӣ, роҳёбии бештар ба бозори ҷаҳонӣ тавассути рақамикунонии соҳа, таъмини низоми содакардашудаи савдои электронӣ, содагардонии расмиёти савдо ва ҷалби сармояи хориҷӣ равона шудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 апрели соли 2021 дар ҷаласаи нахустини Шурои илм, маориф ва инноватсия зарурати дар истеҳсолот татбиқ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро таъкид намуда, чунин иброз доштанд: «Замони муосир талаб мекунад, ки тамоми равандҳои иқтисодӣ ва хизматрасонӣ тавассути истифода аз технологияҳои рақамӣ ва иттилоотию иртиботӣ дар заминаи инфрасохтори иттилоотӣ амалӣ карда шаванд».

Ҳамин тавр, ташаббусу иқдоми беназир ва дастуру супоришҳои мушаххаси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ баён намуданд, ҳамагонро водор месозанд, ки дар иҷрои вазифаҳои гузошташуда масъулияти баланд касб намуда, дар рушди устувори Тоҷикистон талош варзанд.

Дар маҷмуъ, гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ё диҷитализатсия раванде аст, ки дар он истифодаи технологияҳои рақамӣ ва инфрасохтори рақамӣ барои беҳтар кардани самаранокии фаъолияти иқтисодӣ, идоракунӣ ва муомилот дар мамлакат таҳким меёбад. Ин раванд на танҳо дар бахшҳои мухталифи иқтисоди миллӣ, балки дар тамоми ҳаёти иҷтимоии ҷумҳурӣ низ нақши муҳим дорад.

Фирӯз ҒАФФОРОВ,
муовини ректор оид ба татбиқи стратегияҳо ва рушди технологияҳои инноватсионии
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 12, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкасб намудани шаҳрвандон кафолати таъмини зиндагии шоиста мебошад
ДАРОМАДИ ПУЛИИ АҲОЛӢ. Аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024 расонида шуд, яъне 3,6 баробар зиёд гардид
Паёми Президенти Тоҷикистон ба рушди иқтисодиёти рақамӣ ва низоми муҳофизати устувор мусоидат менамояд
РУШДИ ФАРҲАНГ. Соли 2000 барои соҳаи фарҳанг ва варзиш 13 миллион сомонӣ ҷудо шуда, соли 2024 ин рақам ба 1,7 миллиард сомонӣ расид.
Чаро кӯдакон нисбат ба калонсолон бештар ба зуком гирифтор мешаванд?
Ба кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Ёвон нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳ дода шуданд
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – нишондиҳандаи иқтидори давлати муосири тоҷикон ва роҳнамои ояндаи пурсаодат
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамо барои иҷрои ҳадафҳои созанда ва саодатбахш
«ПАЁМ-РОҲНАМОИ ОЯНДАИ ПУРСАМАР». Таҳти ин унвон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
ПАЁМ-ДАСТУРИ ЗИНДАГИСОЗИ МИЛЛАТ. Таваҷҷуҳ ба мактабу маориф сабаби устувор гардидани пояи давлатдории миллӣ мешавад
РУШДИ НАҚЛИЁТИ ҲАВОӢ. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мамлакати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон таъкид гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба рушди соҳаи маориф дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон конфронси илмӣ доир гардид