ХИШТИ АВВАЛ ЧУН НИҲАД МЕЪМОР КАҶ… Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ зиёд намудани теъдоди муассисаҳои томактабӣ таъкид гардид

Январь 18, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 18.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. 28 декабри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи маориф, вазъи таҳсил дар мактабҳо ва тарбия дар муассисаҳои томактабӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «бо вуҷуди корҳои то имрӯз дар соҳаи маориф амалигардида ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон тадбирҳои мушаххас андешанд. Яъне дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо назардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд».

«Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар панҷ соли оянда бо назардошти афзоиши аҳолӣ барои дар ҳар маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, барои ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд», -дастуру супориш  доданд Президенти мамлакат.

Тибқи моддаи 1-уми  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ»,  таълиму тарбияи томактабӣ – раванди мақсадноке аст, ки қобилият, шавқу рағбат, хусусияти ҷисмонӣ, равонӣ, зеҳнӣ ва фарҳангии кӯдакони синни томактабиро инкишоф дода, ба оила, падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) дар таълиму тарбияи кӯдакон, инчунин омода намудани онҳо ба таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ мусоидат мекунад.

Ҳадафи асосии муассисаҳои томактабӣ омода кардани кӯдак ба барномаи таълимии мактабӣ, ташаккули сифатҳои шахсии кӯдак, инкишофи зеҳнӣ, мусоидат ва мутобиқ намудани кӯдак ба ҳаёт мебошад. Аз ин рӯ, тарбияи томактабӣ дар омодасозии кӯдак ба мактаб ва мутобиқсозии ӯ ба ҷомеа нақши аввалиндараҷа дорад.

Дар муассисаҳои томактабӣ  маҳорати муошират ва муносибати кӯдак бо дигарон ташаккул меёбад, ки тавассути ин муносибатҳо кӯдак ба олами бузург омода мешавад ва ин, албатта, ба кордонӣ ва таҷрибаи мураббиёни муассисаҳои томактабӣ вобастагии калон дорад.

Дар муассисаҳои томактабӣ  кӯдак бо гурӯҳи хурди ҳамсолонаш дар набудани  шахсони наздик  аз ҷиҳати равонӣ ва ахлоқӣ бо суръати тез инкишоф меёбад.  Бо мутобиқ шудан ба муҳити нав малакаҳои зеҳнии кӯдакон ҳаматарафа рушд меёбанд.

Абӯшакури Балхӣ дар мавриди тарбияи кӯдакон чунин фармудааст:

Дарахте, ки хурдакак бувад, боғбон,
Бигардонад ӯро, чу хоҳад чунон.

Чу гардад калон, боз натвонадаш,
Ки аз кажию хам бигардонадаш.

            Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон    таваҷҷуҳи  Ҳукумати мамлакат ба бунёди муассисаҳои томактабӣ, дастрасӣ ба таҳсили босифат ва фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ хеле зиёд буда, солҳои охир бо ташаббусҳои созандаю бунёдкоронаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат муассисаҳои зиёди томактабӣ  бо тарҳи замонавӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмиллалӣ  мавриди истифода қарор  дода шуданд.

Дар баробари  ин тадбирҳои тақдирсоз аз тарафи Президенти Тоҷикистон супориш дода шуд, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳолии мардуми Тоҷикистон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 1 сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шавад.

Ин, албатта, бузургтарин иқдом аст, ки имрӯз ҳаёт ва фаъолияти насли хурдсол  ҳаматарафа зери назорати Президенти Тоҷикистон мебошад.  Имрӯз Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф, бахусус рушди муассисаҳои томактабӣ  таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамояд.

Президенти Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки насли хурдсол таҳти роҳбарии волидон ва омӯзгорону мураббиён бояд аз шароити соҳибистиқлолии Ватан истифода бурда, пайваста дар талаби илм бошад, натиҷаи илми омӯхтаро ба фаъолияти амалии худ алоқаманд намояд, зеро маърифати инсон танҳо бо шарофати илм баланд мегардад.

Чунончи, Камолиддини Биноӣ фармудааст:

Эй бародар, ба касби илм гарой,
Пой бар ҷаҳд неҳ, ба илм дарой!

Маърифат ҷуз ба илм натвон ёфт,
В-ин сифат ҷуз ба илм натвон ёфт.

Ҳам забонро фасоҳат аз илм аст,
Ҳам баёнро малоҳат аз илм аст.

Фотеҳи боби одамӣ илм аст,
Чашмаи оби зиндагӣ илм аст.

         Дар шароити муосир аз тарафи Ҳукумати мамлакат барои илмомӯзӣ ва касбомӯзии насли хурдсол дар муассисаҳои томактабӣ ва ба хотири зиндагии шоиста дар оянда тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

Дар баробари ҳама тадбирҳо ва ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат мо, волидону омӯзгорон ва мураббиён низ чӣ дар хона ва чӣ дар муассисаҳои томактабӣ вазифадорем, ки:

-қобилияти илмомӯзӣ ва касбомӯзии кӯдаконро бо такя ба фарҳанги ахлоқӣ ва илмӣ дар муҳити ҳамдигарфаҳмӣ  тақвият диҳем;

-дар рушди маҳорати гузошта тавонистани вазифаҳои мақсаднок, кашфи мустақилонаи донишҳои нав, коркарди ақидаҳо ва идеяҳои  хурд барои кӯдакон роҳнамо ва кумакрасон бошем;

-зимни таълими кӯдакон роҳу усулҳое интихоб намоем, ки дар кӯдакон талабот нисбат ба омӯзиш дар асоси шавқ ва кӯшиш пайдо шавад.

-ба омӯзиши босифати насли хурдсол ба таври ҷиддӣ машғул бошем, зеро  омӯзиши босифат кӯдакро ба омӯзиши давомдор раҳнамун месозад  ва омӯзиши давомдор фаҳмиши инсонро пайваста  ташаккул дода,  инсон дар  зиндагӣ ва ҳалли масъалаҳои ҳаётӣ ба худ боварӣ пайдо мекунад, ки ӯ соҳиби фарҳанг, тафаккури воло ва фаъолияти мақсаднок аст.

Барои ташкили омӯзиши босифат волидону омӯзгорон ва  мураббиён  бояд пайваста худомӯзӣ ва такмили касб кунанд ва барои омӯзонидани кӯдакон тарҳ ва нақшаи мукаммал дошта бошанд.

Албатта, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш дар як рӯзу як моҳ ба амал намеояд,  балки самарабахшии таълим бояд аз оғози рӯзҳои нахустини кӯдак ба назар гирифта шавад. Ин сармоя танҳо бар асоси устувории талаб ва кӯшиши волидон, мураббиёну омӯзгорон ва худи кӯдакон ба даст меояд.

Сайёра АЛИХОНОВА,
устоди  кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидоии
Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев 

АКС: Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Январь 18, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Саноатсодиротбонк» оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Дар доираи он бо хонаводаҳои зиёде суҳбати инфиродӣ гузаронида шуд
ХУДШИНОСИЮ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Озмуни «Шоҳномахонӣ» рӯйдоди муҳими фарҳангию маърифатӣ аст
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сӯзании Панҷакент рамзи фарҳанги миллӣ ва пешрафти ҳунарҳои дастии занони тоҷик аст
Соли 2026 барои соҳаи маориф қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли пешин 25,4 фоиз зиёд аст
Гуфтори «Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон» заминаи ваҳдати миллӣ ва фарҳанги ҳамзистиро муҳайё месозад
АЗ СЕ ЯК ҲИССАИ УМРИ ИНСОН ДАР ҶОИ КОР МЕГУЗАРАД. Ва ё ба кормандон муҳайё намудани шароити хуби меҳнат зарур аст
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист оид ба шарҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиши сиёсӣ доир шуд
АВВАЛ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ, БАЪДАН ҲУВИЯТИ ДИНӢ. Тоҷик касест, ки худро вориси тамаддуни ниёгон медонад
ТАНИ СОЛИМ МАҲСУЛИ АҚЛИ СОЛИМ АСТ. Ва ё чаро баъзе доруҳо ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ мерасонанд?
«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН!». Миллатдӯстӣ шарти асосии муқовимат ба таҳдидҳои мафкуравӣ аст