«ИНТИХОБОТ ВА ҶАВОНОН». Дар шаҳри Турсунзода ҳамоиши тарғиботӣ баргузор гардид
ТУРСУНЗОДА, 14.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вобаста ба интихоботи вакилони халқ, ки 2 марти соли 2025 баргузор мегардад, дар шаҳри Турсунзода таҳти унвони «Интихобот ва ҷавонон» бо иштироки аъзои маҳфили волонтёрони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ҳамоиши тарғиботӣ доир гардид. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.
Зимни ҳамоиш волонтёрони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Турсунзода дар кӯчаю хиёбонҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳр ҳазорон варақаҳо ва брошураҳоро, ки дар бораи интихобот маълумоти муҳим доштанд, байни шаҳрвандон тақсим намуда, онҳоро ба иштироки фаъолона дар интихобот даъват намуданд.
Гуфта шуд, ки интихобот падидаи ҷомеаи демократӣ буда, нақши он дар ташаккули шахсияти ҷавонон назаррас аст. Аз ин рӯ бо баланд бардоштани зиракии сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ, дарки масъулияти баланд, иҷрои қарзи шаҳрвандии худ, яъне иштироки фаъолона дар маъракаҳои интихоботӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ мо метавонем дар ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон ва ваҳдати ҳамагонӣ саҳми арзанда гузорем.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода