ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Панҷ комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд

Январь 7, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 07.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти роҳбарии раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ҷаласаи навбатии комиссия баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ хабар доданд.

Дар ҷаласа бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Комиссияи марказӣ дар хусуси таъсиси комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаҳои бисёрмандатии интихобот қабул қарда шуд.

Тибқи ин қарор, панҷ комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1, вилояти Суғд №2, вилояти Хатлон №3, шаҳри Душанбе №4 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 таъсис дода шуданд.

Дар ҷаласа Дастурамал барои комиссияҳои интихобот барои  мусоидат  ба шахсони имконияташон маҳдуд дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва тасдиқ карда шуд. Ҳадафи қабули ин дастурамал мусоидат ба татбиқи ҳуқуқи интихоботии шахсони имконияташон маҳдуд, аз ҷумла ташкили инфрасохтори дастрас ва ҳуҷраҳои алоҳидаи овоздиҳӣ маҳсуб мешавад.

Дар ҷараёни  ҷаласаи Комиссияи марказӣ якчанд масъалаи дигари ташкилӣ низ мавриди  муҳокима қарор гирифта, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдори  Комиссияи марказӣ қабул гардиданд.

Корҳои омодагӣ барои дар сатҳи баланди ташкилию  сиёсӣ баргузор намудани интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ идома доранд.

АКС: Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 7, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд