Иштироки фаъолонаи ҷавонон дар интихобот нишони камолоти сиёсии онҳо мебошад

Январь 9, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 09.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба интихоботи вакилони халқ, ки 2 марти соли 2025 баргузор мегардад, дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Иштироки фаъолонаи ҷавонон дар интихобот-нишони камолоти сиёсии онҳо» иқдоми тарғиботӣ баргузор шуд. Дар ин хусус аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ин ташаббус аз ҷониби филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ташкил шуда, мақсади асосии он тарғиби аҳамияти иштирок дар интихобот байни ҷавонон ва ҷалби онҳо ба раванди фаъоли сиёсӣ буд.

Иштирокдорони иқдом дар ҷойҳои серодам- бозорҳо ва дигар нуқтаҳои ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд маводи тарғиботӣ, аз ҷумла варақаҳо ва брошураҳо, ки дар бораи интихобот маълумоти муҳим доштанд, байни шаҳрвандон тақсим намуданд. Бо мардум суҳбатҳо анҷом дода, онҳоро ба истифодаи ҳаққи конститутсионии худ – иштирок дар интихобот даъват намуданд.

Иброз гардид, ки иштироки фаъолонаи ҷавонон дар интихобот на танҳо амали шаҳрвандӣ, балки нишони камолоти сиёсии онҳо ва ҳисси масъулият дар назди ояндаи миллату давлат мебошад.

Ташкилкунандагон иброз намуданд, ки чунин чорабиниҳо минбаъд низ идома меёбанд, то шумораи ҳарчи бештари ҷавонон ба интихобот ҷалб шуда, онҳо нақши худро дар ҳаёти сиёсӣ ва рушди ҷумҳурӣ дарк намоянд.

Иштирок дар интихобот – ин интихоби ояндаи худ, ҷомеа ва давлати миллӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳар ҷавон бояд дар ин раванди муҳим бетараф набошад.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд

Январь 9, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Марҳилаи пешбарии рӯйхати номзадҳо оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба анҷом расид
Конференсияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид
Номзад аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Ёвон, №29 пешбарӣ гардид
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон чӣ гуна татбиқ мегардад?
Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор баргузор шуд
«ИНТИХОБОТ ВА ҶАВОНОН». Дар шаҳри Турсунзода ҳамоиши тарғиботӣ баргузор гардид
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Тартиби ташкили хазинаи интихоботӣ ва истифодаи он тасдиқ гардид
Маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид
Дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Айнӣ, №22 номзад аз ҲХДТ пешбарӣ гардид
Вобаста ба нақши занону духтарон дар фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ вохӯрӣ доир шуд
Номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи якмандатии Рашт,№12 пешбарӣ карда шуд
Номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Турсунзода, №5 пешбарӣ карда шуд