Изҳороти матбуотии Сарони давлатҳои Тоҷикистону Эрон

Январь 16, 2025 12:50

ДУШАНБЕ, 16.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён пас аз мулоқоту музокирот ва маросими имзои санадҳо барои воситаҳои ахбори умум нишасти матбуотӣ оростанд.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷараён ва натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ва раванди таҳкиму густариши робитаҳои Тоҷикистону Эрон дар ҳамаи ҷанбаҳои мавриди назар изҳори қаноат карданд. Аз ҷумла, аз лағви низоми раводид миёни ду кишвар истиқбол намуда, таъкид доштанд, ки ин иқдом барои густариши робитаҳо дар ҳамаи самтҳо судбахш хоҳад буд.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён дар навбати худ аз фазои гарми истиқболу меҳмоннавозии ҷониби мо ва ҷараёни нахустин боздидашон аз Тоҷикистон, ки ба унвони сафари давлатӣ сурат мегирад, баҳои баланд дода, изҳори бовар намуданд, ки татбиқи натиҷаҳои он барои ҳарду ҷониб пурсамар хоҳад буд.

Изҳороти матбуотии сарони давлатҳои Тоҷикистону Эрон 16.01.2025

Январь 16, 2025 12:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд