Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд

Октябрь 24, 2026 11:35

ДУШАНБЕ, 24.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд.

Нахуст Роҳбари давлат ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли шишаи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Хушрӯз бо 30 ҷойи корӣ дар деҳаи Зарнисори деҳоти ба номи Раҷаб Исмоилов расман оғоз бахшиданд.

Ду иншооти дигари саноатии фосилавӣ ифтитоҳшуда корхонаи дӯзандагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Хушрӯз ва корхонаи истеҳсоли ҳасиби ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Баҳроми пурфайз дар деҳаи Зарнисори деҳоти ба номи Раҷаб Исмоилов мебошад, ки дар онҳо наздик ба 100 ҷойи кори доимӣ фароҳам гардидааст.

Ҳоло дар шаҳри Ваҳдат беш аз 130 корхонаи саноатӣ фаъолият намуда, ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолии онҳо дар як сол тақрибан 1 миллиарду 177 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, дар ин рӯз ифтитоҳи 5 бинои иловагӣ дар муассисаҳои таълимӣ тариқи фосилавӣ сурат гирифт, ки дар онҳо 3040 хонанда ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Иншооти дигари соҳаи маориф муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Закия буд, ки барои 210 кӯдак мавриди истифода қарор дода шуд.

Ба иттилои масъулин, дар шаҳри Ваҳдат 161 муассисаи таълимӣ бо фарогирии зиёда аз 107 440 хонанда ва 18 муассисаи таълимии томактабӣ барои 3360 кӯдак фаъолият мекунанд.

Имсол дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ ва ҷумҳуриявӣ шумораи зиёди толибилмони шаҳр иштирок намуда, 31 медал, аз ҷумла 1 медали тилло, 6 медали нуқра ва 24 медали биринҷӣ ба даст овардаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳамин рӯз, ҳамчунин, дар маҳаллаи Кофиёни шаҳраки ба номи Нуъмон Розиқ маркази саломатии тиббии сутунмуҳра бо 30 кат ва дар деҳоти Баҳористон маркази нави саломатиро мавриди истифода қарор доданд.

Тибқи маълумот, барои зиёда аз 398 400 нафар  аҳолии шаҳри Ваҳдат ҳоло беморхонаи марказӣ бо филиалҳои он, 30 маркази саломатӣ ва 89 бунгоҳи тиббӣ хизматрасониҳои босифат ба роҳ мондаанд.

Ҳамчунин, дар ин рӯз, майдончаи варзишӣ ва ҳаммоми замонавӣ дар деҳаи Муллодавлат ва 3 майдончаи варзишии дигар барои бозии футбол дар деҳаҳои Ғешӣ, Симиганҷ ва Зарнисори шаҳри Ваҳдат тариқи фосилавӣ ифтитоҳ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар ҳудуди шаҳр 174 майдончаи варзишӣ ва ду майдони калон барои бозии футбол мавҷуд мебошад.

Варзишгарон то моҳи сентябри соли равон дар 38 мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, наздик ба 200 медал ба даст овардаанд.

Инчунин дар идома, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ маркази савдою хизматрасониро бо ташкили коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода доданд.

Иншоот бо имкониятҳои васеи хизматрасонӣ дар идомаи Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ аз ҷониби соҳибкорони меҳандӯст бунёд шудааст.

Дар бинои 15 ошёна, ки дорои маркази савдою хизматрасонӣ ва дуконҳои фурӯши ашёи рӯзгор мебошад, 60 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.

Дар доираи татбиқи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба ифтихори таҷлили шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар  ҳудуди шаҳри Ваҳдат 812 иншоот ва дар доираи сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз 35 иншооти таъиноти гуногун ба истифода дода шуд.

Пешвои миллат миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун барои фароҳам овардани шароити арзандаи фаъолият, афзоиши ҳаҷми маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ, беҳсозии зиндагии мардум ва бедор намудани ҳисси худшиносиву ватандӯстии насли наврас мусоидати фаъол менамояд.
Ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намудани 16 иншоот дар шаҳри Ваҳдат 24.10.2026

Октябрь 24, 2026 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд