Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» баррасӣ ва қабул гардид
ДУШАНБЕ, 31.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид. Дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт ва қабул гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Ҳамзамон дар иҷлосия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ» ва Конвенсия дар бораи имтиёзҳо ва масунияти котибот, ҳайати он ва намояндагони давлатҳои иштирокдори машваратҳои ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё муҳокима карда шуд.
Дар иҷлосия таъкид гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 декабри соли 2024 дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод намуданд, ки бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои кор ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1 январи соли 2027 мораторий эълон карда шавад.
Дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таҳия ва пешниҳод карда мешавад.
Муносибатҳои вобаста ба мораторий эълоншуда дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» танзим гардида, асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро муайян карда, тартиби татбиқи мораторийро муқаррар ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро ҳифз менамоянд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи навбатии кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занони Маҷлиси миллӣ доир гардид
Ҷаласаи навбатии кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ доир гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Маҳмадшоҳ Гулзода дар ҷаласаи 24-уми тирамоҳии Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Маҷлиси намояндагон тағйирот ба Конвенсия оид ба авиатсияи граждании байналмилалиро қабул намуд
Дар Танзания вохӯрии ҳамоҳангсозии роҳбарони ҳайатҳои парлумонии давлатҳои аъзои СААД доир шуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Даври дуюми Мактаби САҲА оид ба дипломатия, роҳбарӣ ва сулҳоварӣ барои ҷавондухтарон оғоз гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид






