Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 17, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 17.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. 17 январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доранд.

Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2024 муфассал баррасӣ гардида, вазифаҳои асосӣ барои соли 2025 муайян карда мешаванд.

Дар қисмати аввали маҷлис нахуст ҳисоботи Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2024 шунида шуд.

Тавре таъкид гардид, соли 2024 дар ҳаёти сиёсию иқтисодии кишвар як қатор пешравиҳои назарраси иҷтимоию иқтисодӣ ба миён омад.

Дар натиҷаи татбиқи сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Президенти кишвар рушди иқтисодиёт дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шуд.

Ба таъкиди Сарвазири кишвар, дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 154,3 млрд. сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2023 — 22,6 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.

Таваррум дар сатҳи 3,6 фоиз нигоҳ дошта шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023 — 0,2 банди фоизӣ кам мебошад.

Соли гузашта нақшаи қисми умумии даромади буҷети давлатӣ иҷро гардида, воридоти маблағҳо ба буҷет 46,9 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 1,8 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар соли 2024 нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо аз ҷониби Кумитаи андоз дар сатҳи 105,3 фоиз ё 20,4 млрд. сомонӣ ва Хадамоти гумрук 106,8 фоиз ё 9,7 млрд сомонӣ таъмин гардид, ки нисбат ба нақша мутаносибан 1 млрд. 18 млн. сомонӣ ва 618 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Зикр гардид, ки ба қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 3,8 млрд. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 9,4 фоиз зиёд мебошад.

Сарвазири кишвар иброз доштанд, ки дар соли ҳисоботӣ суръати рушди соҳаи саноат 20 фоиз таъмин ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 53,8 млрд. сомонӣ баробар гардид.

Соли 2024 дар ҳудуди кишвар 740 корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, аз ҷумла 528 корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси наздики 20 ҳазор ҷойҳои кории нав, иловагӣ ва барқароршуда мавриди истифода қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки бо мақсади таъмини устувории низоми энергетикии кишвар ва истифодаи самараноки манбаъҳои барқароршавандаи неруи барқ дар соли сипаришуда корҳо дар доираи 18 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ барои бунёд ва таҷдиди неругоҳҳои барқӣ, кам намудани талафоти неруи барқ ва ҷорӣ намудани низоми биллингии он, электрофикатсияи деҳот, бунёди хатҳои интиқол ва тақсимоти барқ ва солимгардонии вазъи молиявии соҳа ба маблағи умумии 1,7 млрд. доллар ба роҳ монда шуд.

Соли ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 74 млрд. сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиши он ба 10,6 фоиз, аз ҷумла растанипарварӣ 13,4 фоиз ва чорводорӣ 4,9 фоиз баробар гардид.

Бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ ва беҳсозии фазои сармоягузорӣ тайи солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати кишвар бо роҳи пешниҳод намудани имтиёзҳои андозию гумрукӣ дар самти рушди истеҳсолоти дохилӣ як қатор тадбирҳо андешида шуд.

Тибқи маълумоти пешакӣ дар соли 2024 ба кишвар 4,9 млрд. доллар сармояи хориҷӣ ворид шудааст, ки нисбат ба соли 2023 — 2,1 млрд. доллар ё 73 фоиз зиёд мебошад.

Дар соли 2024 маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда дар кишвар 90 адад ва ҳаҷми маблағи онҳо 51,9 млрд. сомониро ташкил намуд.

Дар натиҷаи андешидани чораҳои амалӣ соли 2024 гардиши савдо 13,6 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми он ба 65,8 млрд. сомонӣ баробар гардид.

Сарвазири кишвар изҳор доштанд, ки дар давраи ҳисоботӣ шумораи муассисаҳои томактабӣ дар ҷумҳурӣ ба 744 адад расид, ки дар муқоиса ба соли 2023-юм 27 муассиса зиёд мебошад. Шумораи марказҳои инкишофи барвақтии кӯдак бошад, дар ин давра 503 адад зиёд шудааст.

Соли 2024 дар ҷумҳурӣ 273 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ барои 57 610 ҷойи нишаст дар як баст бунёд гардид. Дар маҷмуъ 2 миллиону 357 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуд.

Соли ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 65 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият намуд, ки дар онҳо аз рӯйи 14 самт ва 135 ихтисос 23 ҳазору 500 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Таъкид гардид, ки бо мақсади рушди соҳаи тандурустӣ ва сари вақт бартараф намудани мушкилоти мавҷуда соли 2024 аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои рушди соҳа 3,7 млрд. сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2023 — 12,6 фоиз зиёд мебошад.

Гуфта шуд, ки дар сиёсати давлати Тоҷикистон танзими муносибатҳои меҳнатӣ, рушди бозори меҳнат ва бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ мавқеи асосӣ дорад.

Давоми соли 2024 бо мусоидати мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ, аз ҷумла тавассути ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ 22,5 ҳазор нафар ба намудҳои гуногуни шуғл таъмин гардиданд.

Дар соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 247 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода шуд, ки аз ин 74 ҳазор доимӣ мебошад.

Тавре зикр гардид, пешравиҳо дар самти рушди сайёҳӣ, тарғибу ташвиқ ва ривоҷ додани ҳунарҳои мардумӣ ба назар мерасад. Аз ҷумла гуфта шуд, ки дар соли 2024 1,4 млн. сайёҳ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.

Таъкид гардид, ки дар ин давра дар самти баргузории чорабиниҳои фарҳангиву оммавӣ ва маърифатӣ фаъолияти сохторҳои давлатӣ тақвият дода шуд.

Бахусус баргузории барномаи фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО, инчунин ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардидани “Ҷашни Меҳргон” ва “Санъати сохту навохтани рубоб” аз қабили руйдодҳои муҳим ба ҳисоб мераванд.

Дар идомаи маҷлиси васеи Ҳукумати кишвар ҳисоботи вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода, сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода ва директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Дилмурод Давлатзода шунида шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳои самти иқтисод ва молия дар пайи ҳисоботашон доир ба дарёфти сарчашмаҳои нави даромад ба буҷети давлатӣ супоришҳои мушаххас доданд.

Доир ба фаъолияти мақомоти назоративу санҷишӣ дар самти пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, бартарафсозии қонуншиканиҳо дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва риояи ҳатмии қонунҳои амалкунандаи кишвар Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода ва раиси Палатаи ҳисоб Қарахон Чиллазода ҳисобот доданд.

Дар идомаи маҷлис Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода, Раиси Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» Алиҷон Салимзода, вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир, вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода, вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа оид ба рафти иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазъи рушди соҳаҳо ба Сарвари давлат гузориш доданд.

Зимни ҳисоботи вазири кишоварзӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ривоҷ додани бахши пахтакорӣ, ки яке аз манбаъҳои асосии таъмини ашёи хом барои саноати сабук ва ҷойҳои фаровони корӣ барои мардум аст, ба масъулони сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ супоришҳои қатъӣ доданд.

Ҳамчунин супоришҳои мушаххас доир ба рушди соҳаи саноат, аз ҷумла иҷрои ҳадафҳои солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат”, дигар барномаҳои давлатӣ, афзун намудани иқтидорҳои истеҳсоли неруи барқ ва кам кардани талафоти барқ дода шуд.

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.01.2025

Январь 17, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён дар Ҳамоиши тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Хорватия Зоран Миланович барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён
Изҳороти матбуотии Сарони давлатҳои Тоҷикистону Эрон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Эрон
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон
Маросими истиқболи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён дар Қасри миллат
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон