Мақомоти корҳои дохилии Федератсияи Русия ба шаҳрвандони хориҷӣ барои дастрас намудани ҳуҷҷатҳои қонунии иқомат муҳлат додааст

Январь 23, 2025 16:23

ДУШАНБЕ, 23.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти корҳои дохилии Федератсияи Русия аризаҳоро оид ба дароз кардани муҳлатҳои иқомат аз шаҳрвандони хориҷие қабул мекунад, ки ҳуҷҷатҳои қонунии иқомат надоранд. Аз 1 январ то 30 апрели соли 2025 ҳар шаҳрванди хориҷӣ, ки қоидаҳои иқоматро вайрон кардааст, барои танзими вазъи ҳуқуқии худ бояд ба мақомоти минтақавӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия ё намояндагиҳои Муассисаи федералии воҳиди давлатии «Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Русия дар ҷойи иқомати худ муроҷиат кунад, зеро 1 майи соли 2025 ҳалли он ғайриимкон мегардад. Дар ин хусус Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки Фармони Президенти Федератсияи Русия аз 30 декабри соли 2024  ба пурзӯр кардани назорат дар соҳаи муҳоҷират равона гардидааст.  Тибқи он  шаҳрвандони хориҷӣ, шахсоне, ки дар қаламрави Федератсияи Русия бо вайрон кардани муҳлати будубош қарор доранд ва ё корфармоёни онҳо метавонанд ба мақомоти корҳои дохилии Федератсияи Русия, аз ҷумла тавассути муассисаҳои ваколатдор (намояндагиҳои Муассисаи федералии воҳиди давлатии «Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Русия, ки қариб дар тамоми минтақаҳои мамлакат фаъолият менамоянд ё Муассисаи давлатии буҷетии ММБ «Сахарово») барои танзими вазъи ҳуқуқӣ ва гирифтани иҷозатномаҳои зарурӣ муроҷиат намоянд.

Ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳо гузаронидани расмиёти муайянкунии биометрии шаҳрвандони хориҷӣ, ташхиси тиббӣ барои бемориҳои хатарнок, истифодаи маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ, инчунин санҷиши қарзҳо оид ба пардохти боҷҳо, андозҳо, пардохтҳо, ҷаримаҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳалли масъалаи барасмиятдарории вазъи ҳуқуқӣ пас аз 1 майи соли 2025 ғайриимкон мегардад. Аз ин сана нисбат ба шаҳрвандони хориҷие, ки барои будубош дар қаламрави Федератсияи Русия асосҳои қонуниро аз даст додаанд, то ихроҷ шудани онҳо аз Русия тамоми чораҳои пешбининамудаи қонун барои маҳдуд кардани қисме аз ҳуқуқҳо, аз ҷумла дар оянда ворид шудан ба Русия татбиқ карда мешавад.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

Январь 23, 2025 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд