«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамоиши тарғиботӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 31.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамоиши тарғиботии «Мактаби модарон» баргузор мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон.
Ҳамоиш бо мақсади омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, арҷгузорӣ ба анъанаҳои неки ниёгон, бардошт аз мактаби рӯзгордории модарони шарафманд, аз насл ба насл густариш додани либосҳои миллӣ ва фарҳанги пурғановати мардумӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва дигар омилҳои номатлуб дар байни ҷавондухтарон доир мегардад.
Масъулин иброз намуданд, ки мактаби модарон мактаби омӯзиши таҷрибаи пурғановати рӯзгордорӣ, сабақи худшиносии миллӣ, мактаби ҳаёт, илму ҳунар ва фарҳанги оиладорӣ мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






