МАОРИФ — СОҲАИ КАЛИДӢ. Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид
ДУШАНБЕ, 03.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 декабри соли 2024 пешниҳод гардид, дар қатори таҳлили ҳама соҳаҳои мухталифи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан ба соҳаи маорифи ҷумҳурӣ эътибори ҷиддӣ дода шуд ва нишондиҳандаҳои соҳа дар замони Истиқлоли давлатӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.
— Барои рушди дилхоҳ давлат соҳаи маориф соҳаи калидӣ маҳсуб мешавад. Ин соҳа заминаи асосию боэътимоди давлат барои инкишофи ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ мебошад.
Аз ин рӯ, дар раванди сиёсати давлатӣ соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятноки сиёсати давлатӣ эътироф гардидааст. Бо ҳамин назардошт илму маориф ва тарбияи насли босаводу худшинос дар маркази диққати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Пешвои миллат пайваста дар масъалаи инкишофи соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои фароҳам овардани тамоми шароиту имконоти мавҷуда ҷудо намудани маблағҳои дахлдорро дареғ намедоранд. Ҳамчун роҳбари ғамхор ва Пешвои раъиятпарвару фарҳангсолор ба ояндаи боз ҳам дурахшони соҳаи маориф, аз ҷумла бунёди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ, ки яке аз сарчашмаҳои асосии бунёди донишу маърифат ба ҳисоб мераванд, ғамхорӣ зоҳир намуда, чунин иброз намуданд: «Дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо назардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ бояд таъмин карда шавад».
Албатта, ҳусни таваҷҷуҳи Сарвари давлат нисбат ба бунёд кардани муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ танҳо дастгирии соҳаи маориф нест, балки стратегияи бузурге аст, ки дар он насли донишманд, худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту ватанпарвар ба воя мерасанд. Дар татбиқи ин ҳадафи некбинона бояд тамоми қишри ҷомеа, ки ояндаи боз ҳам дурахшони давлату миллати тамаддунофари тоҷикро дидан мехоҳанд, бетараф набошанд. Зеро, ин тадбир бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва дар ин замина инкишоф додани инфрасохтори замонавӣ дар деҳоти мамлакат мусоидати фаъол хоҳад намуд. Аз ҳамин нуқтаи назар, Пешвои миллат ишора намуданд, ки «роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар панҷ соли оянда бо назардошти афзоиши аҳолӣ барои дар ҳар маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд».
Ҳаминро бояд гуфт, ки сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат сиёсати ояндасозу манфиатовар буда, ҳадафи асосии онро таҳкими пояҳои давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона ташкил медиҳад. Дар ин замина, ба масъалаҳои қабул ва мавриди амал қарор додани стратегияву барномаҳои давлатӣ эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Зеро стратегияю барномаҳои давлатӣ ҳамчун ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ боиси марҳила ба марҳила амалӣ намудани ҳадафҳои давлат дар самти рушд бо назардошти ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи маориф мебошад. Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ иброз гардид, ки имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд. Ҳамчунин бо ин мақсад дар соҳа 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 4,6 миллиард сомонӣ татбиқ мешавад.
Татбиқи барномаю стратегияҳо ва ҷалби лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самти соҳаи маорифи ҷумҳурӣ имкон дод, ки инфрасохтори замонавӣ дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистони соҳибистиқлол сохта ва мавриди истифода қарор дода шавад. Муассисаҳои сохташуда шароити мусоиди замонавиро дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, беҳтар гардонидани шароити дарсгузарии омӯзгорон, муҷаҳҳаз гардонидани технологияҳои замонавӣ, китобхонаҳои нав ва аз байн бурдани мушкилоти иҷтимоию иқтисодии ҷомеа фароҳам оварданд. Аз тарафи дигар, дастовардҳои соҳаи маорифи ҷумҳурӣ натиҷаи Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ мебошанд. Зеро фазои Истиқлоли давлатӣ ва суботи ҷомеа ба рушди иқтисодиёти давлат мусоидат намуда, дигаргуниҳои куллиро дар самти болоравии шумораи муассисаҳои таълимӣ ва зиёд шудани аҳолии мамлакат ба вуҷуд оварданд, ки ин тадбирҳо аз таҷрибаи роҳбарӣ ва сиёсати дурандешонаю ғамхоронаи Сарвари давлат дарак медиҳанд.
Тибқи таҳлили Сарвари давлат, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд. Агар соли 1991 дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион нафар хонанда фаъолият дошта бошад, пас имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типи нав фаъолият менамоянд.
Мавриди гуфтан аст, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти соҳаи маорифи мамлакат заҳмату талошҳои беандоза намудаанд. Натиҷаҳои хизматҳои Пешвои миллатро мо дар нишондиҳандаҳое мебинем, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ёдоварӣ карда шуд, ки соли 1991 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард. Ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст. Дастовардҳои дигар дар он зоҳир мегарданд, ки имрӯз дар мамлакат 65 литсейи касбҳои техникӣ, яъне муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо 23 500 хонанда ва курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар назди онҳо бо 12 ҳазор хонанда, инчунин 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ – коллеҷҳо бо 106 ҳазор донишҷӯ фаъолият доранд. Мисоли дигар он аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 давлати пешрафтаи ҷаҳон фиристода шуданд.
Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд.
Ҳамин тавр, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун барномаи мукаммали таҳлилӣ барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ заминаҳои мусоиди таҳқиқотӣ фароҳам меоварад. Паёмҳои Президенти Тоҷикистон мазмунан моҳияти илмӣ дошта, маҳз барои муҳаққиқони соҳаҳои гуногун, ки дар самтҳои муайян корҳои таҳқиқотӣ анҷом медиҳанд, сарчашмаҳои боэътимод маҳсуб меёбанд. Бахусус, барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025 – 2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шаванд. Ин пешниҳод аз мо, аҳли маориф вобастагии калон дорад, зеро барои татбиқи он нақш ва мақоми муассисаҳои олии касбӣ назаррас аст. Бахусус, дар заминаи донишгоҳу донишкадаҳои олии ҷумҳурӣ таъсиси факултетҳо ва кафедраҳои дахлдор барои омода намудани мутахассисони иқтисоди рақамӣ ва инноватсия амри воқеӣ мебошад.
Аз ҳамин нуқтаи назар, дар маҷмуъ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ роҳкушои фаъолияти устувор ва манбаи дастовардҳои беназири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлоли давлатӣ буда, ояндаи пурсаодати давлатро таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат таҷассум менамояд.
Даврон САФАРЗОДА,
ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон /АМИТ «Ховар»