МАЪРИФАТИ ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ. Дастгоҳҳои барқии маиширо дар хона чӣ тавр бояд истифода намуд?

Январь 8, 2025 08:57

ДУШАНБЕ, 08.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар фасли зимистон талаботи аҳолӣ ба неруи барқ бештар мегардад. Табиист, ки дар зимистон нисбат ба дигар фаслҳои сол ҳаққи истифодаи неруи барқ ҳам дар оилаҳо меафзояд. Барои истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва пешгирии зарар ба буҷети оила риояи чанд қоидаи одӣ муҳим аст.

Қабл аз ҳама, дар фасли зимистон бояд ҳар оила, ташкилоту муассиса ва корхонаю коргоҳ, сарфи назар аз шакли моликият низоми истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва пешгирӣ кардани исрофкории онро риоя намояд. Инчунин иваз намудани лампаҳои тафсон бо лампаҳои муосири каммасраф, кашидани сими дастгоҳҳои истифоданашаванда аз шабака, интихоби дурусти пурборкунӣ дар мошинаи ҷомашӯӣ, сари вақт тоза намудани карахши чойники барқӣ, зуд-зуд иваз намудани халтаи чангкашак, истифодаи парда ва зардеворҳои равшан, зуд-зуд шустани шишаҳои тирезаҳо, бо пардаҳои ғафси дароз напӯшонидани батареяҳои гармидиҳӣ яке аз омилҳои сарфаи неруи барқ дар ҳар корхонаю муассиса ва оила мебошанд. Инҷо чанд маслиҳати муфидро оид ба истифодаи самараноки дастгоҳҳои барқии маишӣ, ки аз онҳо ба таври васеъ дар рӯзгори ҳар оила истифода менамоянд, пешкаши хонандагони сомона мегардонем:

Яхдон

Бояд кӯшиш намоем, ки яхдон аз батареяҳои гармидиҳанда ё печкаи электрикӣ дуртар бошад, яъне он бояд дар утоқи аз ҳама салқинтар гузошта шавад. Инчунин хӯрокро набояд гармогарм дар он гузошт. Ин ҳолат ба он оварда мерасонад, ки яхдон нисбатан кори зиёдатарро иҷро менамояд ва сабаби сарфи зиёдатии неруи барқ мегардад. Агар яхдон дар утоқи ҳарораташ 300 С гузошта шуда бошад, он гоҳ сарфи энергия ду маротиба зиёд мешавад. Фаромӯш набояд кард, ки деворҳои яхкардаи камераи хунуккунии яхдон низ сарфаи энергияи барқро 15-20 фисад зиёд мекунанд.

Реҷаи аз ҳама сарфакоронаи яхдон ин ҳарорати +50 C барои камераи умумӣ ва -180 C барои камераи хунуккунӣ мебошад. Афзун намудани реҷаи ҳарорат то як дараҷа хароҷоти энергияро 5 фоиз зиёд мекунад. Тугмачаи зудхунуккуниро дар ҳолати зарурӣ истифода бурдан даркор аст, чунки дар ин реҷа хароҷоти энергияи барқ то 39-55 фоиз зиёд мешавад. Бояд дар хотир дошт, ки зуд-зуд кушодани дари яхдон мувофиқи мақсад набуда, хароҷоти энергияи барқро то 15-20 фоиз, дар агрегатҳои кӯҳнатар то 50 фоиз зиёд мекунад.

Дар хотир дошта бошед, ки ҳама вақт пеш аз он ки аз хона бароед, бояд тамоми асбоби маиширо, ба ғайр аз яхдон хомӯш карда, аз васлак кашида гиред. Ҳатто телевизор ва компютерҳои моделҳои навтарин дар муддати як моҳ дар реҷаи интизорӣ мувофиқан 0.2 кВт-соат то 3.6 кВт-соат ва моделҳои нисбатан кӯҳнатар якчанд маротиба зиёдтар энергия истеъмол менамоянд.

Гармкунакҳо

Истифодаи гармкунакҳои гуногун дар фасли зимистон мавқеи махсусро ишғол менамояд. Агар ҷои насби батареяҳои гармидиҳӣ дуруст интихоб карда шуда, дар паси онҳо гармиинъикоскунандаҳо гузошта шаванд, он гоҳ гармӣ самаранок истифода бурда мешавад.

Дастгоҳи дарзмолкунӣ

Ҳангоми дарзмолкунӣ кӯшиш намудан зарур аст, ки оғоз ва ба охир расонидани раванди дарзмолкунӣ бо матоъҳои дар реҷаи ҳарорати паст дарзмолшаванда ба ҷо оварда шаванд. Рӯймолҳо ва рӯймолчаҳо ва инчунин дигар матоъҳои хурдро бо дарзмоли хомӯшкарда дарзмол намудан мумкин аст.

Чангкашак

Фаромӯш набояд намуд, ки дар ҳар дафъаи чангтозакунӣ полоякҳои чангтозакунакро иваз намудан ё онро тоза намудан шарт ва зарур мебошад, чунки чанг кори онро мушкил намуда, кашиши ҳаворо душвор мегардонад. Оқибати ин кор сарфи зиёди энергияи барқ мешавад.

Кондитсионер

Кондитсионерро дар он ҳолат ба кор даровардан заурр аст, ки агар дар ва тирезаҳо пӯшида бошанд, вагарна энергияи электрикӣ беҳуда сарф мешавад. Ба маънои дигар, сардӣ ё гармии истеҳсолнамудаи он беҳуда ба берун баромада меравад.

Дар фасли сармо бо кондитсионерҳои дар қисмати болои ҳуҷраҳо насбшуда гарм кардани хонаҳо тавсия дода намешавад, зеро ин кори самаранок нест.

Телевизор

Агар як телевизор дар як рӯз 12 соат хомӯш, вале ноқили он ба қувваи барқ пайваст бошад, ба ҳисоби миёна дар як сол 43 кВт неруи барқро масраф мекунад. Ба ин монанд асбоби барқии зиёде вуҷуд доранд. Ин барои як оила назарногир метобад, вале як миллион оила агар ҳамин корро анҷом диҳад, пас он дар як сол 43 миллион кВт неруи барқро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда ба ҳисоби миёна метавонад бештар аз 143 ҳазор оилаи дигарро давоми як моҳ бо неруи барқ таъмин намояд.

Дар маҷмуъ истифодаи самараноку оқилона ва сарфакоронаи неруи барқ дар фасли зимистон аз ҳар шахс масъулияти баланд тақозо намуда, ба ғанӣ гардонидани на танҳо буҷети оила, балки давлатамон мусоидат менамояд.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 8, 2025 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Хуч дар баробари пистаю чормағз зироати асосӣ ва фоидабахши соҳаи ҷангали Тоҷикистон ба ҳисоб меравад
МАҲСУЛОТИ НОНӢ. Истеъмоли зиёди он сабаби пайдошавии бемориҳо мегардад
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАРАНДАҲОИ МУҲОҶИР. Тағйирёбии иқлим ва гармшавии кураи Замин ба кӯчиши парандагон таъсир расонидааст
ФАЛАК-ИФОДАИ РОЗУ НИЁЗ, ТАЛАБУ ХОСТАҲОИ МАРДУМ. Ин мусиқии суннатӣ дар Тоҷикистон бештар рушд ёфтааст
Душанбе — маркази ҳамоҳангсозии стратегӣ дар Осиёи Марказӣ
ТОҶИКИСТОН ДАР САРХАТИ ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар мавриди қабули қатъномаи таърихии Тоҷикистон оид ба зеҳни сунъӣ дар Маҷмаи Умумии СММ
ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Таҷрибаи занони вилояти Суғд дар самти соҳибкорӣ ва ҳунармандӣ намунаи ибрат аст
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Пахтакорӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои асосии стратегӣ дониста мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон: «Парлумони Тоҷикистон иштирокчии фаъол ва шарики муътамади Форуми осиёии ҳамкории парламентӣ мебошад»
ХАЛҚ БАР ХЕШ ПЕШВОРО ДОД. Президенти Тоҷикистон воқеан наҷотофарини миллати мост!
ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОН БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. Бархе аз халқу миллатҳои дунё давоми садсолаҳо онро анҷом дода наметавонанд