МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтон дар рӯзҳои сард зиёновар аст

Январь 26, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 24.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Башаклдарории дарахтон баъди ба давраи оромӣ рафтани дарахтон гузаронида мешавад. Яъне, боғпарварон ҳангоми 70‐80 фоиз рехтани барги дарахтон метавонанд ба буриш ва башаклдарории дарахтон оғоз намоянд. Дар ин шабу рӯз башаклдарориро танҳо дар дарахтони тухмакдор гузаронидан мумкин аст. Чунин тавсия медиҳад директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Шарофиддин Кароматов ба боғпарварони мамлакат.

Башаклдарории дарахтон дар рӯзҳои гарм бояд гузаронида шавад. Агар ҳарорат паст бошад, дарахтон ба касалиҳои гуногун гирифтор мешаванд. Башаклдарорӣ ё буриши дарахтон гуногун мешавад, яъне дар давраи аз яксола то панҷсола будани онҳо буриши санитарию батанзимдарорӣ, дар давраи панҷсола ва зиёда аз он будани дарахт- буриши ҷавонкунии дарахтони солхӯрда ва азҳосилмонда дар охири моҳҳои январ ва феврал гузаронида мешавад.

Тавре олимони соҳаи кишоварзӣ тавсия медиҳанд, башаклдарории дарахтон  пеш аз гулкунии онҳо гузаронида мешавад. Башаклдарории дарахтон аз охири  моҳи ноябр ва декабр оғоз мегардад.

Аммо боғпарвар  бояд хуб донад, ки башаклдарории дарахтони мевадиҳанда  пас аз гузаштани рӯзҳои сард ва дарахтони донакдор аз моҳи феврал анҷом дода мешавад.

Шарофиддин Кароматов иброз намуд, ки аҳамияти башаклдарории дарахтон дар он аст, ки пеш аз ҳама, барои шохи дарахтон имконияти равшанӣ, гармӣ ва ҳавогузарӣ муҳайё мешавад, ки ин барои гузаронидани фотосинтез яке аз омилҳои зарурӣ аст. Инчунин меваҳо босифат ва ҳаҷман калон шуда, ҳосилнокии дарахтон баланд ва дар қисми поёнӣ шохсори навдаҳои ҳосилдеҳ нигоҳ дошта мешавад.

Дар баробари башаклдарорӣ дар ин давра инчунин буриши дарахтон гузаронида мешавад. Ин амал боиси кам шудани касалиҳо ва ҳашароти зараррасон мегардад. Буриш ва башаклдарории дарахтон ҳангоми аз 2 то 6 дараҷа хунук будани ҳаво, инчунин дар рӯзҳои шамолӣ, боронӣ ва барфӣ манъ мебошад. Ин амалҳоро боғбонони минтақаҳои водигӣ, ки ҳарорати ҳавои ин минтақаҳо муътадил мебошад, метавонанд иҷро намоянд. Боғбонон ва хоҷагидороне, ки дар минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии дорои бориши зиёд зиндагӣ мекунанд, буришро дар моҳҳои феврал ва март- то оғози бедоршавии дарахтон ба анҷом расонанд, беҳтар аст.

Директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон иброз намуд, ки боғдорӣ яке аз соҳаҳои асосии кишоварзии мамлакат буда, дар таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ ва омодасозии ҷойи нави кор саҳми намоён дорад. Он барои афзоиши иқтидори содиротии давлат дар таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хом, аз ҷумла бо мева мусоидат мекунад. Барои рушди боғдорӣ дар ҷумҳурӣ шароити мусоиди табиӣ, захираҳои обӣ ва меҳнатӣ мавҷуд ҳастанд. Инчунин имконияти коркард ва содироти маҳсулоти боғпарварӣ ҳамасола ба таври интенсивӣ васеъ карда мешавад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои бо

Январь 26, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
НАЗАРИ КОРШИНОС. Дар муқоиса ба соли 1991 истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон 4,7 баробар зиёд гардидааст
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст
НАЗАРИ КОРШИНОС. Зимни сафари кории Сарвари давлат ба Бадахшон ҳудудан 50 чорабинӣ ва ифтитоҳи иншоот доир гардид
Занону духтарон дар рушди хизмати давлатӣ нақши арзанда мегузоранд
Сафи занону духтарони соҳибмаълумот ва ҳунарманди ноҳияи Тоҷикобод меафзояд
Гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мақомоти давлатӣ чӣ аҳамият дорад?
ҚУДУМИ ФАЙЗБОР. Бо иштироки Пешвои миллат дар Бадахшон даҳҳо иншооти нав ба истифода дода шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дӯғоб беҳтарин нӯшокӣ дар фасли тобистон мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли карам фаъолияти рӯдаҳоро беҳтар ва организмро аз токсинҳо тоза мекунад