Мавсими нави чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ 7 март оғоз меёбад

Январь 3, 2025 14:10

ДУШАНБЕ, 03.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мавсими нави чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ 7 март оғоз меёбад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Чемпионат дар ду давр бо иштироки 12 даста баргузор мешавад. Дар охири мавсим ҳар даста дар чемпионат 22 бозӣ мегузаронад.

Дастае, ки дар Лигаи олӣ дар мавсими соли 2025 мақоми охиринро ишғол мекунад, ба Лигаи аввал меравад ва дастае, ки дар чемпионат ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи Лигаи аввали Тоҷикистон-2025 бозиҳои гузаришӣ мегузаронад.

Соли 2025 ҳар дастаи Лигаи олӣ метавонад ҳадди аксар ҳафт бозигари хориҷиро бо дархости худ ворид кунад, аммо танҳо панҷ легионер дар як вақт имкон дорад дар майдон бошад.

Варзишгоҳи марказии Ҳисор макони баргузории бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2025 байни чемпиони мамлакат – дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон – «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода тасдиқ карда шуд. Вохӯрӣ 25 май дар Рӯзи ҷаҳонии футбол баргузор мешавад.

Соли 2025 ҳар марҳилаи Ҷоми Тоҷикистон аз як бозӣ иборат гашта, вохӯрии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2025 дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд баргузор мегирад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Январь 3, 2025 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд