МегаФон Тоҷикистон: «Интернет барои хона» ҳудудро ду баробар васеъ намуд

Январь 13, 2025 09:39

ДУШАНБЕ, 13.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 маҳаллаи шаҳри Душанбе ва қариб 40 ҳазор манзили истиқоматӣ –чунин аст айни замон сатҳи фарогирии «Интернет барои хона»-и ноқилӣ аз «МегаФон Тоҷикистон». Давоми сол ҳудуде, ки дар он хизматрасонӣ дастрас аст, қариб ду маротиба васеъ шуд. Оператор дар байни провайдерҳои ноқилии пешбари пойтахт мақоми устувори худро соҳиб шуд.

То охири соли 2024 «Интернет барои хона» дар садҳо хонаҳои чунин маҳаллаҳо, ба монанди Зарафшон-1, Зарафшон-2, Испечак-1, Испечак-2, Водонасос-1, Водонасос-2, Гипрозем-Навбаҳор, маҳаллаҳои  рақамҳои 13, 62, 65, 83, 84, 101, 102 дастрас гардид. Хизматрасонӣ сокинонро ба он ҷалб менамояд, ки аз интернет аҳли оила истифода бурда метавонад – трафикро метавон ба КШ, ноутбукҳо, смартфонҳо, телевизорҳои Smart TV тақсим намуд.

Боз як афзалияти хизматрасонӣ – устувории хизматрасонӣ аст. Технологияи GPON, ки ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба кор мебарад, имкон медиҳад, ки трафик тариқи кабели нахӣ-нурӣ бе мушкилӣ таҳвил дода шавад. Суръати дастрасии ҳама истифодабарандагон ба тарофаи пайвастшуда мувофиқ буда, ҳатто ҳангоми истифода карда шудани интернет аз ҷониби тамоми аъзои оила паст намешавад.

Технологияи GPON инчунин имкон медиҳад, ки масъалаи таъминоти интернет дар он вақтҳое,ки дар маҳаллаҳои пойтахт барқ бо навбат қатъ мегардад, ҳал карда шавад. Кабели нахӣ-нурӣ қодир аст, ки трафикро бе тағйирдиҳии сифат ба масофаи даҳҳо километр аз он ҳудудҳое, ки барқ умуман қатъ намегардад, таҳвил дода шавад. Бо назардошти устувории технология мутахассисони ширкат муосиркунонии шабакаро ба амал бароварда, пайвастагиҳои FTTB-и дар GPON фаъолкардашударо иваз карданд. Ин амалҳо масалан дар маҳаллаи Гипрозем анҷом дода шуданд. Технологияи GPON инчунин дар бахши хусусӣ ба роҳ монда шуда, сокинони он аллакай аз сифати баланди таҳвили маълумот бархурдор ҳастанд.

Раванди хизматрасонӣ ба истифодабарандагони «Интернет барои хона» низ такмил ёфт. Идоракунии хизматрасонӣ тариқи замимаи «МегаФон Life» имконпазир шуд. Дар он ивазкунии тарофа, пардохти ҳисоб ва гирифтани кэшбэк, якҷоя кардани интернети хонагӣ бо хизматрасониҳои мобилӣ хеле осон аст. Пайвасткунии «Интернет барои хона» дар маҳаллаҳое, ки он аллакай дастрас аст, ҳамагӣ як шабонарӯзро дар бар мегирад. Барои барасмиятдарорӣ кофӣ аст, ки ба телефони 4747 занг занед ё дар сомонаи home.megafon.tj дархост гузоред.

«Аз натиҷаҳои соли 2024, бешубҳа, метавон ифтихор намуд. Сокинони боз 20 ҳазор манзили истиқоматӣ ба интернети ноқилии устувору босуръат, ки барои таҳсил ва истироҳати фарҳангӣ зарур  меояд, дастрасӣ пайдо намуданд. Мо ба мақсади асосии худ, ки дар таъмин намудани «Интернет барои хона» дар ҳар кӯчаи пойтахт ифода меёбад, хеле наздик шудем!»,-мегӯяд директор оид ба инкишоф ва корбурди ТМСБ ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Алиҷон Ғаниев.

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Январь 13, 2025 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон ва барф меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Вазорати молия, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Женева дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи роҳу нақлиёт муаррифӣ шуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 феврал дар Вазорати молия, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Симпозиуми байналмилалии авиатсияи гражданӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб
Дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, саноат ва савдои шаҳри Ҳисор беш аз 5,4 ҳазор ҷойи нави кор таъсис ёфтааст
Онлайн-хизматрасонӣ: чӣ тавр метавон масъалаи мобилиро дар якуним дақиқа ҳал намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
13 феврал дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад