МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
ДУШАНБЕ, 15.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳарчанд имрӯз дар партави сиёсати дурандешонаи Президенти Тоҷикистон ва дастгирию пуштибонии мардуми сулҳпарвару ваҳдатпешаи Тоҷикистон дар марзу буми аҷдодии мо суботу оромӣ ва сулҳу озодӣ ҳукмрон аст, аммо вазъи ноором ва равандҳои пуртазоду мураккаб дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, ки пайомадҳои буҳронии сиёсию иқтисодӣ доранд, ҳамоно боиси нигаронӣ мебошанд. Албатта, ин ҳолат аз ҳарвақта бештар масъулиятшинос будани ҳар фарди солимақли мамлакатро дар ҷодаи бо ҳисси баланди инсондӯстию меҳанпарастӣ ҳифозат ва арҷгузорӣ намудани фарҳанг, забон, расму оин ва дигар арзишҳои миллӣ тақозо менамояд. Чунин ибрози андеша намудааст ёрдамчии судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Сангов дар робита ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ.
— Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо ишора ба он ки «мамлакати мо дар марҳалаи нави тараққиёт қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияю барномаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад», ҳадафмандона таъкид менамоянд, ки «…нооромию низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо байни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти мамлакат тадбирҳои саривақтӣ андешем».
Ин хулосабарорӣ ва тавсияи дурандешонаи Президенти Тоҷикистон муайян менамояд, ки бавуҷудоӣ, устуворӣ ва такмилу густариши дилхоҳ соҳаи аҳамиятноки ҳаёти инсон ба мавҷудияти суботи ҷомеа, амнияти миллат ва пойдории сохти конститутсионии давлат вобастагии ногусастанӣ дорад. Дар ҳамин робита гуфта мешавад, ки «рушди устувори иқтисодию иҷтимоии мамлакат, суботи сиёсӣ ва оромию осудагии мардуми Тоҷикистон аз таъмини амнияти миллӣ вобаста мебошад».
Президенти Тоҷикистон «дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, таъмин намудани амнияти миллӣ… рушди устувори иқтисодӣ… ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро зарур…» ҳисобида, «мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоиста…»доштани мардуми мамлакатро хотирнишон намуд, онро ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон эълон доштанд. Ба ҳамин минвол дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ба таври махсус садо додани он ки «масъалаҳои вобаста ба ҳимояи ҳуқуқу озодӣ, шаъну шараф ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат аз вазифаҳои афзалиятноки давлат мебошанд», моҳияти ҳуқуқбунёдӣ ва мардумсолории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳувайдо месозад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сиёсатмадори эътирофшуда ва ташаббускори сатҳи ҷаҳонӣ борҳо ба таври расмӣ аз минбарҳои баланди сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ мардуми сайёраро аз бисёр пайомадҳои хатарзо воқиф намуда, барои андешидани тадбирҳо бобати пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои заминавӣ, василаҳои мусоидаткунанда ва унсурҳои таҳрикбахшандаи зуҳуроти номатлуб пешниҳодҳои муҳим ба миён гузоштаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ дар шароити муосир дар ҷодаи таъмин намудани амнияти давлат ва ҷомеа аҳаммияти аввалиндараҷа доштани мубориза бо терроризм ва экстремизмро махсус иброз намуда, онро самти афзалиятноки пешгирифтаи Ҳукумат ва сохтору мақомоти марбутаи мамлакат ташреҳ дода, ба хатари глобалӣ мубаддал гардидан ва омили ташвишу нигаронии тамоми аҳолии ҷаҳон ба ҳисоб рафтани ин зуҳуротро тазаккур доданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он ки Истиқлолияти давлатӣ ба даст оварда, субъекти комилҳуқуқи арсаи байналмилалӣ эътироф гардид, дар ин марҳилаи мавҷудияти таърихии худ ҳамчун давлати ташаббускор ба ҳалли мушкилоти фаромиллӣ фаъолона дахл намуда, иқдоми мақсаднокро мавриди корбурд қарор дод ва «ҳамкории созанда ва қобили дурнаморо дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд густариш медиҳад».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қатъият иброз медоранд, ки «иштироки фаъол дар равандҳои ҷаҳонӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои умдаи аҳли башар аз авлавиятҳое аст, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон амалӣ мегардад».
Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону кишварҳо моҳи майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардидани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзуи «Муқовимат ба терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки бо унвони «Раванди Душанбе» маъмул аст, далели ин гуфтаҳо буда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба ин нуктаи муҳим ишора намуданд.
Президенти Тоҷикистон дар пешниҳоди ин ҳуҷҷати таърихӣ бо таъкиди он ки «дар ин ҳамоиш Тоҷикистон мавқеи устувори худро дар хусуси ба роҳ мондани ҳамкории густурда ва ҳамоҳангшудаи байналмилалӣ иброз намуд», ҳамоҳангии фаъолият дар миқёси байналмилалӣ ва минтақавиро омили мусоидаткунанда ба эҷоди механизми боэътимоди муборизаи муштарак бар зидди хавфу таҳдидҳои амниятӣ тавсиф намуданд.
Бояд гуфт, ки терроризм ва экстремизм дар замони муосир зуҳуроти хатарзои аввалиндараҷаи ҷаҳони имрӯз маҳсуб шуда, ҳамчун силоҳи пуриқтидор бар зидди сулҳу субот ва оромию озодии башарият ба амнияти дилхоҳ ҷомеа ва давлат, сарфи назар аз вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва иқтидори ҳарбӣ таҳдид менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ эътибори аввалиндараҷа додан ба омода кардани мутахассисони ба талаботи шароити муосир ҷавобгӯро барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва маҳорату малакаи онҳо, инчунин таҳкиму тақвияти пояҳои моддию техникии ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро тадбирҳои мақсаднок дар ҷодаи пешгирӣ намудани пайоомадҳои нохуш, аз ҷумла чун хавфҳои бавуҷудоваранда, заминаҳои мусоидатккунанда ва хатари терроризм ва экстремизм ташреҳ дода, минбаъд низ таваҷҷуҳ намудан ба ин самтҳоро мувофиқи мақсад арзёбӣ намуданд.
Дар заминаи таҳлил ва таъкидҳои расмии Президенти Тоҷикистон дар самти ҳифзи суботу озодӣ ва амнияти ҷомеа ва давлати миллиамон мо ҳама бояд масъулиятшинос бошем, ин рисолати муқаддасро танҳо уҳдадории касбии мақомоти қудратӣ наҳисобем, балки онро қарзи имонию виҷдонӣ ва рисолати табиии худ ҳамчун фарзанди содиқи Ватан ва вориси уҳдадори ин сарзамини меросии ниёгонӣ дар замир ва зершуури хеш қабул дошта бошем.
Президенти Тоҷикистон ба ҳамин манзур бо дарки амиқи авзои печида ва пешгӯинашавандаи минтақа ва ҷаҳон таъкид менамоянд, ки «мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтию осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди ин ҳуҷҷати дорои хусусияти барномавӣ бори дигар хусусияти мусолиматомез доштани сиёсати хориҷии Тоҷикистонро эълон дошта, зимни пешбурди сиёсати хориҷӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои расидан ба ҳадафҳои созанда ҷиҳати пойдории сулҳу субот ва тавсеаи ҳамкории гуногунҷанба тақвият додани саъю талошҳои пайгиронаро шарти зарурӣ ҳисобиданд.
Воқеан, шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ҳама гуна мушкилот ва пайомадҳоро танҳо тариқи мусолиҳат ва ҳамкории гуногунҷанбаи созанда дар заминаи асноди меъёрии байналмилалӣ ҳал намуда, ба ин васила дар таъмини амният ва суботи минтақа ва ҷаҳон бояд таъсир гузорем.
Стратегияи Тоҷикистон, тавре ки аз муҳтавои Паём ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, «…зимни рушду тавсеаи муносибатҳо бо давлатҳои Осиёи Марказӣ минбаъд низ дар заминаи ҳусни эътимод ва самимият бо ҳадафи мусоидат дар таҳкими фазои сулҳу субот ва таъмин намудани рушду пешрафти муштарак дар минтақа бунёд мегардад».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқи дурнамои ҳамкории созанда тавсеаи муносибатҳо бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро аз авлавияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида, туфайли вусъат додани робитаҳо бо Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дигар сохторҳои марбут ба равобити бисёрҷониба талош варзидани Тоҷикистонро барои идомаи иштироки фаъол дар равандҳои ҷаҳонӣ ва қолабҳои гуногуни байналмилалӣ тавзеҳ доданд.
Марҳилаи нави инкишофи таърихии Тоҷикистони муосир собит намуд, ки самти пешгирифтаи сиёсати хориҷии мамлакат дар шакли «дарҳои кушода» ва ҳамкории гуногунҷанба бо субъектони арсаи байналмилалӣ дуруст ва манфиатовар аст. Бинобар ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар бо изҳор намудани он ки «Тоҷикистон дар заминаи сиёсати хориҷии «дарҳои кушода» ва таҷрибаи ҳамкории беш аз се даҳсола бо кишварҳои Аврупо, Амрико, Осиё, Ховари Миёна ва давлатҳои дигар қитъаҳои дунё омодагии хешро барои идомаи таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо онҳо ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар қолабҳои бисёрҷониба изҳор мекунад», мушаххасан, дар оянда низ андешидани тадбирҳои заруриро бобати расидан ба ҳадафҳои муайянгардида ва тавсеаи ҳамкории созандаю дарозмуддат бо ҳама кишварҳои олам ва шарикони байналмилалии Тоҷикистон баён медоранд.
Муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ муайян менамояд, ки мушарраф гардидан ба ҳама гуна дастоварду муваффақият танҳо дар ҳолати мавҷудияти комили падидаҳои муқаддасе, чун сулҳу субот, озодӣ ва амният имконпазир аст. Ҳама он дастуру тавсияҳо ва пешниҳодоти созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таҷассум ёфтаанд, ҳар яки мо — насли марҳилаи нави давлатдории миллиро барои дар муқобили ҳама гуна таҳдиду хатарҳо ва пайомадҳои пешгӯинашавандаи номатлуб устувору пойбарҷо мондан ва барои инкишофи минбаъдаи Тоҷикистон бо руҳияи шикастнопазир камари ҳиммат бастан ҳидоят менамоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»