НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар 56 корхонаи тобеи Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ системаи биллингӣ ҷорӣ гардид

Январь 28, 2025 10:20

ДУШАНБЕ, 28.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар 56 корхонаи тобеи ташкилоти низоми Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар самти партовҳои сахти маишӣ фаъолият менамоянд, барои пардохти ҳисобҳои ғайринақдӣ пурра системаи биллингӣ ҷорӣ карда шуд. Дар ин хусус 27 январ зимни нишасти матбуотӣ муовини раиси кумита Раҷабалӣ Расулзода дар посух ба суоли мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Ба иттилои Раҷабалӣ Расулзода, барои гузаштан ба пардохти ғайринақдӣ, аз ҷумла рақамикунонии соҳаҳои мухталифи ҷумҳурӣ, махсусан соҳаи коммуналӣ аз ҷониби Кумитаи хоҷагию манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

«Тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 бояд аз 1 август тамоми пардохтҳои ҳаққи хизматрасонӣ, аз ҷумла хизматрасонии коммуналӣ, таъмини аҳолии ҷумҳурӣ бо оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партовҳои сатҳи маишӣ ба тариқи ғайринақдӣ қабул карда шаванд. Дар робита ба ин аз ҷониби кумита ба корхонаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ ва корхонаҳои тобеи он дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ супоришу дастурҳои зарурӣ дода шуд. Тамоми корхонаҳо бояд дар вақти муқарраргардида пардохтҳоро ба тариқи ғайринақдӣ қабул кунанд», — иброз намуд Раҷабалӣ Расулзода.

Барои татбиқи системаи биллингӣ, ки ба воситаи он пардохтҳо гузаронида мешаванд, дар дастгоҳи марказии Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ пойгоҳи серверӣ таҷҳизонида шудааст, ки ба он мутахассисону барномасозон ҷалб гардида, тамоми муштариёне, ки қаблан дар китобҳо номнавис буданд, пурра ба системаи биллингии корхона гузаронида шуданд. Системаи биллингии корхона ба тариқи шартнома ба воситаи Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» рақамгузорӣ карда шудааст. Муштариён метавонанд тавассути барномаи «Амонатмобайл» ба корхона даромада, корхонаҳои тобеи кумитаро пайдо ва ҳаққи хизматрасониро пардохт намоянд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ  супориш доданд, ки то охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасонии давлатӣ пурра таъмин карда шаванд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 28, 2025 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид