НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон панҷ барномаи давлатӣ барои беҳтар намудани заминҳои кишоварзӣ амал менамояд

Январь 30, 2025 11:17

ДУШАНБЕ, 30.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба беҳтар намудани ҳолати заминҳо панҷ барномаи давлатии соҳавӣ  амалӣ мегардад. Чунин иттилоъ дод имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафарбек Давлатзода.

Дар Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ дар айни замон «Барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028», «Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027», «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027», «Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ва «Барномаи рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ барои солҳои 2024-2028»  бо арзиши умумии 2 миллиарду 241 миллион сомонӣ мавриди амал қарор доранд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2024 дар доираи ин барномаҳо 99 фоизи нақшаи корҳои мелиоративӣ ба анҷом расида, ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративии 10 107 гектар замин беҳтар карда шуд ва бо иқтидори 2711 гектар заминҳои  нав азхуд карда шуданд. Инчунин барои 8 пойгоҳи обкашии  минтақаҳои Кӯлобу Бохтари вилояти Хатлон  ба маблағи умумии 67 миллиону 890 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти зарурӣ харида шуд.

Зафарбек Давлатзода иброз намуд, ки барои дастгирии соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ дар назди Агентӣ 4 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ мешавад, ки ба таъмиру барқарорсозии иншооти обёрӣ ва инфрасохтори он равона шудаанд.

Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 нақша дорад, ки бо мақсади  боз ҳам беҳтар таъмин намудани заминҳои обёришаванда бо об, азхудкунии 3254 гектар замини нав, барқарорсозии  1400 гектар замини аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, беҳтар намудани ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративии заминҳои корами обӣ дар майдони 15 632 гектар, харидани таҷҳизот барои пойгоҳҳои обкашӣ ба маблағи 315 миллиону 600 ҳазор сомонӣ, маблағгузории чорабиниҳои  «Барномаи рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ» ба андозаи 118 миллиону 570 ҳазор сомонӣ ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии 37 642 метрро анҷом диҳад.

Инчунин дар назар аст, ки  лоиҳаи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  беҳдошти замин ва обёрӣ» таҳия гардад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 30, 2025 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст