Номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии якмандатии Ҷаббор Расулов №16 пешбарӣ гардид

Январь 7, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 07.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. 4 январ маҷлиси якҷояи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Зафаробод вобаста ба пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Ҷаббор Расулов №16 баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Тибқи рӯзномаи маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов  масъалаҳои вобаста ба  тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024, таъсиси Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Зафаробод ва  пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҳавзаи интихоботии якмандатии  Ҷаббор Расулов №16 баррасӣ гардид.

Тибқи моддаи 31-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номзадии Каримзода Фарҳод Абдуқайим ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Ҷаббор Расулов №16 ба муҳокимаи аъзои Кумитаи иҷроия пешниҳод гардида, дар ин замина номзад муаррифӣ карда шуд.

Ҳамзамон тибқи моддаи 31 номзадии Каримзода Фарҳод Абдуқайим ба бюллетени овоздиҳии пинҳонӣ сабти ном карда шуда, давоми 10 дақиқаи танаффус аъзои Кумитаи иҷроия вобаста ба ин масъала мавқеи хешро муайян намуданд.

Оид ба ин масъала лоиҳаи қарори Маҷлиси Кумитаи иҷроия  «Дар бораи пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Ҷаббор Расулов №16” барои тасдиқ ба овоз монда шуда, аз ҷониби аъзои Кумитаи иҷроия дастгирӣ ёфт.

Январь 7, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Натиҷаи интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ тасдиқ гардид
Рӯйхати вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
Мушоҳидони ИДМ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ягон қонуншиканӣ ошкор накарданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳайати мушоҳидони СҲШ интихоботро шаффоф, боэътимод ва демократӣ номиданд
Мушоҳидони байналмилалӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дод
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Овоздиҳии тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ идома дорад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Москва ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Файзобод 8857 нафар ҷавон маротибаи аввал дар интихобот иштирок менамоянд