Номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи якмандатии Рашт,№12 пешбарӣ карда шуд

Январь 10, 2025 17:59

ДУШАНБЕ, 10.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Рашт, №12 аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ номзадии  Файзалӣ Идизода ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт.

Дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар ноҳияи Рашт  амалӣ намудани нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар густариши соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии ҷомеа шарҳ дода шуд.

Ҳамзамон вазифаҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои тарғиб ва татбиқи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Январь 10, 2025 17:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Марҳилаи пешбарии рӯйхати номзадҳо оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба анҷом расид
Конференсияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид
Номзад аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Ёвон, №29 пешбарӣ гардид
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон чӣ гуна татбиқ мегардад?
Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор баргузор шуд
«ИНТИХОБОТ ВА ҶАВОНОН». Дар шаҳри Турсунзода ҳамоиши тарғиботӣ баргузор гардид
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Тартиби ташкили хазинаи интихоботӣ ва истифодаи он тасдиқ гардид
Маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид
Дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Айнӣ, №22 номзад аз ҲХДТ пешбарӣ гардид
Вобаста ба нақши занону духтарон дар фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ вохӯрӣ доир шуд
Номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Турсунзода, №5 пешбарӣ карда шуд
Иштироки фаъолонаи ҷавонон дар интихобот нишонаи масъулияти баланди шаҳрвандии онҳо аст