Номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Ваҳдат, №10 пешбарӣ гардид

Январь 9, 2025 09:36

ДУШАНБЕ, 09.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо иштироки аъзои раёсат ва комиссияи иҷроия, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва раисони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласа масъалаҳои ҷамъбасти фаъолияти комиссияи иҷроия дар соли 2024 ва вазифаҳо барои шашмоҳаи аввали соли 2025, тасдиқи нақшаи кории комиссияи иҷроия барои шашмоҳаи якуми соли 2025 ва нақшаи шарҳу тафсири Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024, таъсиси Ситоди пешазинтихоботии комиссияи иҷроияи ҳизб, пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Ваҳдат, №10 ва пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аъзои ҳизб номзадии узви Маҷлиси миллӣ Хоҷазода Фарзона Ҳамдам ва номзадии 40 нафар аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат пешниҳод ва ҷонибдорӣ намуданд.

АКС: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Январь 9, 2025 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯйхати вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
Мушоҳидони ИДМ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ягон қонуншиканӣ ошкор накарданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳайати мушоҳидони СҲШ интихоботро шаффоф, боэътимод ва демократӣ номиданд
Мушоҳидони байналмилалӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дод
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Овоздиҳии тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ идома дорад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Москва ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Файзобод 8857 нафар ҷавон маротибаи аввал дар интихобот иштирок менамоянд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Беларус дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд