«ОЛИҲАИ МЕҲР». Маҷмуа ба мақоми занони фаъоли тоҷик дар рушди ҷомеа бахшида шудааст

Январь 2, 2025 15:40

ДУШАНБЕ, 02.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори идораи рӯзномаи «Хатлон» дар матбааи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ношир-С»-и шаҳри Бохтар маҷмуаи «Олиҳаи меҳр» аз чоп баромад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар рӯзномаи «Хатлон» хабар доданд.

Маҷмуаи «Олиҳаи меҳр» бозгӯкунандаи бузургии модар ва саҳму мақоми занони фаъоли  тоҷик дар рушди ҷомеа мебошад. Ин китоб ҳосили озмунҳои эҷодии «Олиҳаи меҳр» ва «Занон–нигини тоҷи миллат» аст, ки дар партави ҳидоятҳои ҳикматбори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба гиромидошти модар ва ба ифтихори 25-солагии қабули Фармони таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд  бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз ҷониби идораи рӯзномаи «Хатлон» дар ҳамкорӣ бо Раёсати кор бо занон ва  оилаи вилояти Хатлон доир гардиданд.

Дар китоб мақолаҳо, очеркҳо, шеъру таронаҳо дар васфи зан-модар гирдоварӣ шудаанд.

Тавре ки дар пешгуфтори китоб гуфта шудааст, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ҳамин аст, ки бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023-2030” қабул карда шудааст. Бо амалӣ гардонидани чунин иқдом Ҳукумати мамлакат мавқеи занонро дар рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ таҳким бахшида,  барои истифодаи неруи  бунёдкоронаи онҳо заминаи устувор фароҳам месозад.

Нақши занон дар пойдор нигоҳ доштани  оила, боло бурдани нақши иҷтимоии оила дар ҷомеа, таъмини осудаҳолӣ ва танзими сарфу харҷи он бениҳоят калон аст. Қабул ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо гузашти айём нишон дод, ки воқеан ҳам саҳми занон дар татбиқи самараноки он бағоят намоён буда, он аз ҳар зан фарҳанги волои сариштакорӣ ва рӯзгордориро тақозо менамояд, — омадааст дар пешгуфтори китоб.

Маҷмуа аз се қисмат иборат буда, маводи пурмуҳтавои публитсистӣ, таронаву шеърҳоро фаро гирифтааст ва ба доираи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Давоми соли сипаришуда аз ҷониби идораи рӯзномаи «Хатлон» 7 китоби тозанашр — «Садоқат ба Пешвои миллат- садоқат ба Ватан», «Панҷоҳ варақ ханда», «Асосҳои таҳрири матни журналистӣ», «Рисолати муҳаррир», «Журналистикаи парламентӣ», «Ашки қалам» ва «Маърифати ҳуқуқӣ» пешниҳоди хонандагон гардиданд.

АКС: Рӯзномаи «Хатлон»

Январь 2, 2025 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд