ҶОМИ ФФТ-2025. «Истиқлол» дар бозии аввал аз дастаи футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор мағлуб гардид
ДУШАНБЕ, 22.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор дар доираи бозиҳои даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар соли 2025 бо ҳам рақобат намуданд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуда, бо ҳисоби 0 бар 1 ба фоидаи дастаи футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор анҷом ёфт. Голи ягонаи вохӯриро собиқ бозингари дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Паҳлавон Баҳризода дар дақиқаи 80-ум ба нишон расонид.
Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозиҳои интихобии минтақаи Душанбе вориди гурӯҳи «Б» бо дастаҳои футболи «Сардор»-и шаҳри Турсунзода, «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор, «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор ва «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ мебошад. Дар бозии оянда дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо дастаи «Сардор»-и шаҳри Турсунзода 24 январи соли 2025 рақобат мекунад. Дастаи футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор дар ҳамин рӯз бо дастаи футболи «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор бозӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи пешазмавсимии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки зери сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор мегардад, имсол фонди ҷоизавӣ дар ҳаҷми 100 ҳазор сомонӣ муайян гардид. Дастаи ғолиб 50 ҳазор, соҳиби ҷойи дуюм 30 ҳазор ва ҷойи сеюм 20 ҳазор сомонӣ ба даст меоранд.
Ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа чор даста аз минтақаи Душанбе ва дутоӣ даста аз минтақаҳои Суғду Хатлон роҳ меёбанд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






