ҶОМИ ФФТ-2025. Замони баргузорӣ ва фонди ҷоизавии мусобиқа муайян гардид

Январь 21, 2025 10:21

ДУШАНБЕ, 21.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар мусобиқаи пешазмавсимии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки зери сарпарастии Федератсияи футболи Тоҷикистон  баргузор мегардад, имсол фонди ҷоизавӣ дар ҳаҷми 100 ҳазор сомонӣ муайян гардид. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дастаи ғолиб дар ин мусобиқа  50 ҳазор, зинаи дуюм 30 ҳазор ва зинаи сеюм 20 ҳазор сомонӣ ба даст меорад. Хотиррасон мешавем, ки ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа чор даста аз минтақаи Душанбе ва дутоӣ аз минтақаҳои Суғду Хатлон роҳ меёбанд.

Дар минтақаи Душанбе аз Лигаи олӣ дастаҳои «Истиқлол», КМВА, «Ҳосилот», «Регар-ТадАЗ», «Барқчӣ», «Ҳулбук», аз Лигаи якум – «Шодмон», «Сардор», «Ёқут», «Душанбе» ва «Рангон» иштирок мекунанд. Дастаҳои «Ҳосилот» ва «Ҳулбук», ки аз минтақаи Хатлон ҳастанд, дархост намуданд, ки дар минтақаи Душанбе бозӣ кунанд, чун қароргоҳ ва машқҳои дастаҳо дар Душанбе идома доранд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2025 роҳхат меёбад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2024 дастаи футболи  «Равшан»-и шаҳри Душанбе  дар финали Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон    бар дастаи   «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор  бо голи ягонаи Бахтиёр Зарипов зафар ёфта, бори аввал дар таърих ғолиб шуд. Дастаи футболи   «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор соҳиби медалҳои нуқра ва дастаи   КМВА-и шаҳри Душанбе  барандаи медалҳои биринҷии мусобиқа гардиданд. Бахтиёр Зарипов аз ҳайати дастаи футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб беҳтарин бозингари вохӯрӣ дониста шуд.

Ғолибони Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (2012-2024):

2012 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хайр» (Ваҳдат) – 1:0

2013 – «Хайр» (Ваҳдат) – КМВА «Помир» (Душанбе) – 1:1. пеналти – 6:5

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:0

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 5:1

2016 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 3:1

2019 – «Куктош» (Рӯдакӣ) – «Истиқлол» (Душанбе) – 2:5

2020 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 1:2

2021 – «Хатлон» (Бохтар) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:1

2022 – «Ҳосилот» (Фархор) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:4

2023 – КМВА (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2024 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Ҳосилот»  (Фархор) – 1:0

Ёдовар   мешавем, ки   имрӯз,  20 январ  дар  шаҳри Душанбе бозиҳои марҳилаи муқаддамотӣ оғоз меёбанд. Ҳама рақобатҳо дар майдони захиравии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии  шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Январь 21, 2025 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид