Озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» дар рушди тафаккури техникии насли наврас мақоми хосса дорад
ДУШАНБЕ, 05.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли панҷум аст, ки дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор мешавад. Дар ин хусус 2 январи соли 2025 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузории озмун дар соли равон ба тасвиб расид.
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаю технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо доир мешавад.
Дар озмун шаҳрвандони ҷумҳурӣ, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо ду гурӯҳ дар алоҳидагӣ — муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ), хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ (бакалаврон ва магистрон), ходимони илмӣ (ба истиснои докторони илм, профессорон, узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ), аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯйи ихтисос ва докторантони ҳабилитат, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсил (ба истиснои докторони илм, профессорон, узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ), муҳандисон, конструкторон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун иштирок карда метавонанд.
Дар озмун донишу истеъдоди иштирокчиён аз рӯйи донишҳои назариявии донистани қонуну қоидаҳо, теоремаву аксиомаҳо, назарияҳо, дуруст фаҳмонида додани моҳияти ҳодисаҳо ва равандҳои табиат, ҳалли масъалаҳои амалӣ ва корҳои озмоишӣ, инчунин намоиши дастоварди илмӣ ва навовариҳо муайян мешавад.
Соли равон низ имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд. Ғолибони ҷойҳои 1, 2, 3 ва барандаи Шоҳҷоизаи даври чорум баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба ихтисоси интихобкардаи худ ба муҳлати се сол бе супоридани имтиҳон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ба гурӯҳҳои ройгон қабул мешаванд.
Иштирокчиёни даври чоруми озмун хонандагони синфи 11 соли равон ба ихтисосҳои фанҳои риёзӣ, дақиқу табиатшиносӣ ва техникӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ бе супоридани имтиҳон ба гурӯҳҳои ройгон қабул мешаванд. Илова бар ин, хонандагон ва донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимӣ дар гурӯҳҳои пулакӣ таҳсил мекунанд, дар сурати сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 ва ё Шоҳҷоиза гардидан дар даври ҷумҳуриявии озмун ба гурӯҳи ройгони таҳсил гузаронида мешаванд.
Барои боз ҳам такмил ва таҳким бахшидани раванди баргузории озмун ва ҳавасмандсозии бештари иштирокчиён дар соли 2025 дар Озмун номинатсияи нав — «зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» низ илова карда шуда, шумораи ҷойҳо барои ғолибон дар даври ҷумҳуриявӣ аз 132 ҷой ба 156 ҷой зиёд гардид.
Президенти ҷумҳурӣ зимни суханронӣ бахшида ба Рӯзи дониш 1 сентябри соли 2024 дастур доданд, ки мукофотпулӣ барои ғолибони озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» аз мактабҳо сар карда, то сатҳи ҷумҳуриявӣ 100 фоиз зиёд карда шавад. Хушбахтона, бо дастури Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷми маблағи мукофот барои ҳама ғолибони озмун дар соли 2025 ду баробар зиёд карда шуда, барои озмун аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 220 000 (нуҳ миллиону дусаду бист ҳазор) сомонӣ ҷудо карда шуд. Ҳамин тавр, соли 2025 барои ҳар ғолиби ҷойи сеюм 30 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 50 ҳазор сомонӣ, ҷойи якум 70 ҳазор сомонӣ ва барандаи Шоҳҷоиза 140 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст. Ҳамзамон бо ин, мукофотпулӣ барои ҳар як омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки шогирдонашон дар озмун сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 ва Шоҳҷоиза мешаванд, 20 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.
Тавре иттилоъ додем, Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи ҷумҳурӣ, ки 30 майи соли 2024 баргузор шуд, иброз намуданд, ки «мо барои ҳавасманд намудани наврасону ҷавонон ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат»-ро таъсис додем, ки ҳамасола наврасону ҷавонони зиёде дар он иштирок карда, ғолиб меоянд. Инчунин барои ҳавасмандгардонии омӯзгорон ҷоизаи махсус таъсис дода шуд. Натиҷаҳои озмун нишон медиҳанд, ки дар ҷумҳурӣ наврасону ҷавонони соҳибистеъдод хеле зиёд шудаанд».
Хушбахтона, омӯзгорону донишҷӯёни кафедраи металлургияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамасола дар даври ниҳоии озмун аз рӯи номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида, бо мукофотҳои пулии Пешвои миллат қадрдонӣ шуданд. Аз ҷумла, мудири кафедраи металлургия Ҳаёт Раҳимзода соли 2021 ғолиби ҷои дуюм, дотсенти кафедраи металлургия Абдурашид Қодиров соли 2021 ғолиби ҷои сеюм, донишҷӯи кафедраи металлургия Аскар Раҳимзода соли 2022 ғолиби ҷои якум, магистранти кафедраи металлургия Меҳваршоҳ Пиримзода соли 2023 ғолиби ҷои сеюм ва донишҷӯи кафедраи металлургия Кӯҳзод Раҳимзода соли 2024 ғолиби ҷои дуюм гардиданд.
Ихтирооти ин донишҷӯён асосан ба самти саноати кӯҳию металлургии ҷумҳурӣ равона шудаанд. Дар натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотии таҳқиқотчиёни кафедраи металлургияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Маркази таҳқиқотии технологияҳои инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон усули муосири истеҳсоли металли сурма, мис, сурб бо истифода аз реагенти дохилии воридотивазкунанда ихтироъ шуд, ки арзиши истеҳсоли металлро ба куллӣ кам мекунад. Он ҳамзамон проблемаҳои экологияро дар минтақае, ки корхонаҳои коркард ҷойгиранд, беҳтар менамояд.
Дар шароити Ҷумҳурии Точикистон таҳқиқот дар соҳаи металлургияи ранга барои бомуваффақият ба амал баровардани ҳадафи стратегии индустрикунонии мамлакати мо барои аз ҷумҳурии аграрӣ ба аграрӣ-саноатӣ гузаштан аҳамияти махсус дорад. Мавҷуд будани захираҳои бойи табиӣ ва конҳои маъданҳои бисёрунсурӣ, манбаи нисбатан арзон ва дастраси қувваи электрикӣ асоси боэътимоди тараққиёти саноати металлургияи ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
Вобаста ба дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат кӯшиш менамоем, ки корҳои илмӣ-таҳқиқотиро дар ин самт вусъат бахшем, ҷавонон ва наврасонро на фақат тавассути озмуни «Илм – фурӯғи маърифат», балки бо дигар роҳҳо ҳавасманд намуда, бо ин дар рушди саноати мамлакат ва барои дар истеҳсолот ҷорӣ намудани навгониҳои илм саҳми арзанда гузорем.
Ҳаёт РАҲИМЗОДА,
мудири кафедраи металлургияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
АКС: АМИТ «Ховар»