Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд

Октябрь 30, 2026 11:55

 ДУШАНБЕ, 30.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», омӯзгорон, падару модарон ва намояндагони соҳаи маориф  қадрдонӣ карда шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон иттилоъ доданд.

Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода ғолибон, волидон ва омӯзгорони онҳоро барои ба даст овардани дастовардҳои намоён табрик гуфта,  иброз намуд, ки «чунин дастовардҳо натиҷаи заҳмати пайвастаи хонандагон, омӯзгорон ва дастгирии пайвастаи оилаву муассисаҳои таълимӣ мебошанд».

«Бо сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардидани озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонию илмдӯстӣ натиҷаи сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Сарвари давлат маҳсуб мешавад. Ин имконият,  дастгирӣ ва ғамхориҳо наврасону ҷавононро водор месозанд, ки беш аз пеш ба хондани осори бузургон, андӯхтани дониш ва омӯзиши фанҳои дақиқ машғул шаванд»,-афзуд раиси  ноҳия.

Истиқболи самимии ғолибон дар ноҳияи Ёвон  аз таваҷҷуҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба рушди соҳаи маориф, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсили босифат шаҳодат медиҳад.

Озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар заминаи сиёсати маорифпарварона ва кашфи истеъдодҳои нав, тақвияти тафаккури илмӣ, рушди қобилиятҳои эҷодиву ҳунарӣ ва баланд бардоштани ҳисси худшиносиву ватандӯстии насли наврасу ҷавон мусоидат менамоянд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди фарҳангу ҳунар тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Тавассути баргузор намудани озмунҳо наврасону ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд тарбия мешаванд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

 

Октябрь 30, 2026 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мактаби дониш, ҷаҳонбинӣ ва худшиносӣ мебошад
Илм ва инноватсия – омили муҳими рушди устувори иқтисоди миллӣ
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи ниҳоди президентӣ ва рушди давлатдории миллӣ конференсия доир шуд
МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон марҳалаи муҳими ташаккули модели сулҳофарии тоҷикон ба ҳисоб меравад
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон китоби дарсии «Сарваршиносӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Вена Симпозиуми байналмилалӣ оид ба кафолатҳои АБНА (Symposium on International Safeguards 2026) баргузор гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид