ПАХТАКОРӢ. Чаро дар Тоҷикистон ҳамасола дар ин бахши муҳими соҳаи кишоварзӣ нишондиҳандаҳо паст мешаванд?

Январь 22, 2025 09:37

ДУШАНБЕ, 22.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Пахта зироате аст, ки онро бештар барои нах парвариш менамоянд. Дар баробари нах аз он чигит, ғӯзапоя, равған, хӯроки чорво ва дигар намуди маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Пахтакорӣ яке аз манбаъҳои асосии таъмини ашёи хом барои саноати сабук ва ҷойи фаровони кор барои мардум мебошад. Ин матлабро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 17 январи соли равон  баргузор гардид, баён намуданд. Ҳамчунин Сарвари давлат  доир ба ривоҷ додани бахши пахтакорӣ ба масъулони сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ супоришҳои қатъӣ доданд, то ба истеҳсоли пахта диққати ҷиддӣ дода шавад.

Чаро  деҳқонони мамлакат солҳои охир ба кишти пахта чандон рағбат надоранд? Хабарнигори АМИТ «Ховар»  бо устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Зикриёхон Ҳайдаров дар ин мавзуъ суҳбат намуд.

«Пахтакорӣ дар Тоҷикистон яке аз бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзию саноат ба ҳисоб рафта, ҳамасола ба кишту парвариш ва коркарди он таваҷҷуҳи махсус равона мешавад. Пахта яке аз маҳсулоти содиротӣ ва ашёи хом барои саноати сабук ба ҳисоб рафта, ҳадафи асосии пахтакорон рӯёнидани ҳосили хуб мебошад. Инчунин он соҳаи муҳими стратегӣ ва аз нигоҳи иқтисодӣ аҳамиятноку сердаромад мебошад. Тоҷикистон мамлакате аст, ки аз рӯйи нишондиҳандаҳои хоку иқлим ва шароити парвариши пахтапарварӣ аз дигар давлатҳо фарқ мекунад. Аз ин рӯ солҳои то соҳибистиқлолӣ  бинобар мутобиқ будани хоку иқлим аввалин маротиба парвариши пахтаи маҳиннах дар водии Вахши Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Аммо, мутаассифона, солҳои охир арзиши аслии харидории нахи пахта аз деҳқонон сабаб гардид, ки таваҷҷуҳ ба пахтапарварӣ хеле кам гардад»,-мегӯяд  коршинос.

Ба гуфтаи Зикриёхон Ҳайдаров,  кишоварзони мо таҷрибаи хуби пахтапарварӣ доранд ва метавонанд, ки ҳосили баланди онро таъмин намоянд, агар аз он даромади хуб гиранд. Мушкилоти асосие, ки имрӯз мо дорем, бо арзиши паст харидорӣ кардани пахта мебошад. Хароҷоти истеҳсоли соҳаи пахтапарварӣ хеле зиёд мебошад, барои парвариши он қувваи корӣ,  сӯзишворӣ, нуриҳои минералию маъдании органикӣ ва техникаи кишоварзӣ сарф мешавад.

«Агар ин маҳсулот бо назардошти маҷмуи хароҷоте, ки марди деҳқон барои истеҳсоли пахта сарф намудааст, каме баландтар харидорӣ шавад, ҳавасмандии марди деҳқон зиёд шуда, майдони кишт бештар ва ҳосил хуб ҷамъоварӣ мегардад»,-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Иброз гардид, ки пахта маҳсулоти даромаднок аст. Агар кишоварзон маҳсулоти дигар парвариш намоянд, бояд онро коркард карда, зуд ба фурӯш бароранд, зеро он вайроншаванда аст. Нахи пахтаро деҳқон метавонад захира намояд ва дар ҳолати зарурӣ ба фурӯш барорад.

Зикриёхон Ҳайдаров камҳосилии пахтаро солҳои охир ба масъалаи бисёрнавъӣ рабт дода, афзуд, ки «сари ҳар қадам ҳар  навъи пахта кишт карда мешавад. Инчунин дар чанд соли охир аз ҷониби олимони мамлакат навъҳои гуногун минтақабоб ва барои кишт пешниҳод карда шуданд. Ҳамчунин аз хориҷи мамлакат навъҳои гуногун ворид гардиданд.  Ин сабаб мешавад, ки дар ҳар минтақа навъҳо омехта шаванд. Омехташавӣ ва ифлосшавии навъҳо сабаби нестшавии тухмии хушсифат мегардад.  Барои ин мо бояд сари масъалаи бисёрнавъӣ   хулоса барорем ва барои ҳар минтақа ва ё шаҳру ноҳия як ё ду навъеро пешниҳод кунем, ки тухмии он барои деҳқон дастрас бошад.

Барои пешгирии бисёрнавъӣ чӣ бояд кард?

Ба андешаи коршинос, омили бисёрнавъӣ дар мамлакат хуб фаъолият накардани низоми тухмипарварӣ мебошад. Мо имрӯз хоҷагиҳои тухмипарварие дорем, ки фаъолияти хуб доранд, аммо онҳо занҷираи истеҳсоли тухмиро таъмин намекунанд ва тухмии хушсифатро ба андозаи зарурӣ таъмин карда наметавонанд.

«Агар мушоҳида карда бошед,  имрӯзҳо тухмие, ки мо кишт мекунем, шартӣ мебошад. Хоҷагиҳои пахтапарварӣ тухмиро аз ҳосили истеҳсоли худ ё дигар хоҷагиҳо мегиранд. Бояд низоми тухмипарварӣ ва таъмини тухмии хушсифат пурра назарот карда шавад. Масалан, дар як минтақа як хоҷагии тухмипарварӣ масъул карда шавад ва он минтақа тавонад аз ин хоҷагӣ тухмии хушсифат дастрас намояд. Агар ин ва дигар мушкилоти пахтапарварӣ ҳал шавад, истеҳсоли пахта барзиёд иҷро мегардад», -илова кард номбурда.

Таъсири тағйирёбии иқлим

Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки тағйирёбии иқлим ногузир аст ва он аз мо вобаста нест. Мо бояд ба тағйирёбии иқлим мутобиқ шавем. Агар ба ин вазъият мутобиқ нашавем, наметавонем ҳосили дилхоҳ ба даст орем ё дар мамлакат пахтапарвариро равнақ диҳем. Одитарин мутобиқгардонӣ- ин ихтирои навъ ва намудҳои ба тағйирёбии иқлим тобовар мебошад. Бояд олимони тоҷик навъҳои ватание ихтироъ намоянд, ки ба низоми тағйирёбии иқлим устуворӣ дошта бошанд. Дар вақти тағйирёбии иқлим ин навъҳо тавонанд худро ҳифз карда, ҳосили дилхоҳ диҳанд. Инчунин ҳангоми баланд шудани ҳарорати ҳаво корҳои агротехникӣ ба низом дароварда шаванд. Соли 2024 бо баланд гардидани гармии ҳаво кишоварзон обмониро бештар намуданд. Ин амал боиси он шуд, ки бештари растаниҳо ҳосили худро аз даст доданд. Таъмини нуриҳои минералию заҳрхимикатҳо низ ба фаровонҳосилӣ мусоидат мекунанд.

Нахи пахта ашёи асосии он мебошад. Он пахтае, ки дар Тоҷикистон парвариш карда мешавад, аз 34 то 35 фоиз баромади нах дорад. Ҳамчунин мо навъҳое дорем, ки фоизи баромади нахашон ба 39-40 фоиз мерасад. Яъне, пахта маҳсулоте мебошад, ки аз парвариш то коркард бе партов мебошад. Тавассути коркарди пахта зиёда аз 300 намуд маҳсулоти хоҷагии халқ истеҳсол мегардад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 22, 2025 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
Тоҷикистон ва Эрон дар заминаи беҳдошти чорво ва байторӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Дар Женева таҷлили Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо якҷоя бо Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва ЮНЕСКО оғоз гардид
СОЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ барои беҳтарсозии вазъи иқтисодии Тоҷикистон қадами муҳим аст
Дар Душанбе доир ба рушди инноватсияи рақамӣ ҳамоиш доир гардид
Молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз-2025» ба намоиш гузошта шуд
Дар Женева масъалаи омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзуи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ шуд
МОҲИЯТИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИННОВАТСИОНӢ. Номзади илмҳои иқтисодӣ ин мавзуъро шарҳ додааст
Дар Хуҷанд ба маблағи беш аз 2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид
ВАТАНДӮСТӢ ВА МАВҚЕИ СОҲАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ ДАР ПАЁМ. Дар ҳар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ беҳсозии ҳаёти ҷавонон таъкид гардидааст
СОЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Дар Душанбе масъалаи рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуд
Соли 2024 дар Панҷакент 85 гармхонаи тиҷоратӣ ва оилавӣ ба истифода дода шуд