Тоҷикистон ва Эрон дар заминаи беҳдошти чорво ва байторӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд

Январь 22, 2025 10:21

ДУШАНБЕ, 22.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 январ аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Эрон бо иштирок ва дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён 23 санади  нави ҳамкорӣ табодул карда шуд.

Ёддошти тафоҳум дар заминаи беҳдошти чорво ва байторӣ байни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҷумлаи ин санадҳои ҳамкории дуҷониба мебошад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи бехатарии озуқаворӣ иттилоъ доданд, Ёддошти тафоҳум дар асоси манфиатҳои муштарак бо мақсади ҳалли мушкилоти умумӣ ва имконияти таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи солимии ҳайвонот ва илмҳои байторӣ таҳия шудааст. Тавассути муттаҳид намудани талошҳо ҷонибҳо барои ҳалли мушкилоти муштарак, аз ҷумла пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои чорво, бемориҳои зоонозӣ, беҳтар намудани хизматрасонии байторию тақвияти муносибатҳои савдои байниҳамдигарӣ ва муътадил нигоҳ доштани вазъи эпизоотӣ ба тавофуқ мерасанд.

Дар доираи санад мақомоти байтории давлатҳо корҳои муштаракро барои мубодилаи дониш, сари вақт огоҳ намудани ҷонибҳо оид ба ҳолатҳои пайдоиши бемориҳои фаромарзӣ, такмили иқтидор ва рушди захираҳои инсонӣ ба анҷом расонида, ба самтҳои назорат аз бемориҳои махсусан хатарнок, маъракаҳои эмгузаронӣ ва ташхиси лабораторӣ ташвиқ мекунанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 22, 2025 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад