СОЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Дар Душанбе масъалаи рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 20.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон низоми иттилоотии АСИКУДА*-и ҷаҳонӣ дар раёсатҳои минтақавии гумрукӣ дар шакли пилотӣ амалӣ гардида, шуруъ аз моҳи майи соли 2025 модулҳои низоми иттилоотии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ марҳила ба марҳила ба таври расмӣ фаъол мешаванд. Ин нукта дар ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ, ки таҳти унвони «Рақамикунонии гумрукӣ-омили афзалиятноки рушди хизматрасонии гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор шуд, таъкид гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш кормандони масъули Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруза намуда, оид ба фаъолияти пурсамари ин ниҳод дар ҳошияи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардидани солҳои 2025-2030, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ, густариши раванди иқтисоди рақамӣ, татбиқи иқтисоди «сабз», истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди неруи инсонӣ сухан гуфтанд.
Таъкид шуд, ки «Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумрук барои солҳои 2025-2029» бо мақсади ҳалли саривақтии мушкилот дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ва мутобиқ гардонидани самтҳои асосии фаъолияти гумрукӣ ба талаботи ҷаҳони муосир мавриди таҳия қарор дошта, самтҳои асосии рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои 5 соли оянда муайян хоҳад кард. Гузариш ба низоми АСИКУДА-и ҷаҳонӣ ва амалисозии ислоҳоти гумрукӣ ҷиҳати таҷдиди платформаи гумрукӣ барои мукаммалсозии фаъолияти гумрукӣ дар мамлакат саривақтӣ мебошад.
Ҳадафи ҷорӣ намудани низоми АСИКУДА-и ҷаҳонӣ- ин гузариш ба сатҳи сифатан нави маъмурикунонии равандҳои барасмиятдарории гумрукӣ, татбиқи шакли пурраи декларатсиякунонии электронӣ, фароҳам овардани имконияти декларатсиякунонии пешакии мол ва барои содагардонии расмиёти савдо дар шакли электронӣ ташкили мубодилаи фаврии маълумоти зарурӣ бо вазорату идораҳои давлатӣ, кам кардани вақти барасмиятдарории гумрукӣ, ҳамоҳангсозӣ, шаффофият ва пешгӯишавандагии расмиёти гумрукӣ барои иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ ба буҷети давлатӣ мебошад.
Дар айни замон низоми иттилоотии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ дар раёсатҳои минтақавии гумрукӣ дар шакли пилотӣ амалӣ гардидааст. Шуруъ аз моҳи майи соли 2025 модулҳои низоми иттилоотии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ марҳила ба марҳила ба таври расмӣ фаъол мегарданд. Дар доираи ин лоиҳа дар бинои Хадамоти гумруки Тоҷикистон Маркази коркарди маълумоти иловагӣ бо насби таҷҳизоти муосири пуриқтидори серверию компютерӣ ва шабакавӣ мавриди истифода қарор дода шудааст.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
*АСИКУДА – (Automated System for Customs Data) -низоми автоматикунонидаи маълумоти гумрукии системаи компютерие аст, ки аз ҷониби Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд барои идоракунӣ ва рушди гумрукии давлатҳои ҷаҳон таҳия шудааст.








Ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии давлатҳои электорати Хазинаи байналмилалии асъор иштирок намуд
«Shohin Airlines» 4 ҳавопаймои силсилаи «Airbus A320neo» мехарад
Ҳайати Тоҷикистон дар Вашингтон масъалаҳои молиявӣ ва иқтисодиро бо шарикони байналмилалӣ баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҳамоиши намояндагони тиҷоратии давлатҳои БРИКС ва СҲШ баргузор гардид
Имконоти зеҳни сунъӣ ва гидроэнергияи «сабз»-и Тоҷикистон ба «Goldman Sachs» муаррифӣ карда шуд
Дар ноҳияи Роштқалъа дуюмин Парки технологӣ бунёд карда мешавад
Паём – санади муҳими сарнавиштсоз ва роҳнамо барои рушди устувори Тоҷикистон
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Ассотсиатсияи энергетикии ИМА баррасӣ шуд
Заминҳои бекорхобидаи ноҳияи Нуробод ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симпозиуми ICAO дар Марокаш иштирок намуд
Соли 2026 дар Хуҷанд 6 корхонаи саноатӣ ифтитоҳ гардид






