ПАЁМ — РАҲНАМОИ ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 06.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон вобаста ба нуктаҳои мубрами Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таҳти унвони «Паём- раҳнамои фардои дурахшони Тоҷикистон» ҳамоиши илмӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишкада.
Ректори донишкада Бахтиёр Маҳмадалӣ иброз дошт, ки дар «Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» масъалаҳои муҳим, аз ҷумла рушди иқтисодиёти рақамӣ, илму инноватсия, зеҳни сунъӣ, соҳаи саноат, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, муҳайё намудани имконияти таҳсил, баланд бардоштани фарҳанги молиявӣ ва ҳамзамон фароҳам сохтани шароити зиндагӣ баррасӣ шуда, ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд. Паёми Президенти Тоҷикистон санаде аст, ки фаъолияти моро боз ҳам густариш медиҳад ва роҳҳои нави рушди мамлакатро муҳайё менамояд».
Таъкид гардид, ки Президенти Тоҷикистон роҷеъ ба Солҳои иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия сухан гуфтанд. Ин масъала барои мо хеле муҳим мебошад ва мо, олимони соҳа бояд дар ин самт бештар кӯшиш намоем, то ҷомеа зарурат ва манфиати ин самтро дарк намояд. Ҳамзамон барои рушд додани ин соҳа мо бояд бештар ихтисосҳои зеҳни сунъиро тақвият диҳем ва мутахассисони варзидаро тарбия намоем.
Ғамхории Президенти Тоҷикистон ба соҳаи маориф бесобиқа мебошад ва 30 фоиз зиёд намудани маоши омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои томактабӣ ва 20 фоиз зиёд намудани маоши тамоми омӯзгорону кормандони муассисаҳои давлатӣ ғамхории калон нисбат ба рушди соҳа мебошад.
Дар ҳамоиш дар мавзуи «Гидроэнергетикаи Тоҷикистон: имконияти имрӯза ва дурнамо» маъруза пешниҳод шуда, расидан ба истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон муҳим ва калиди рушди ҳама соҳаҳо арзёбӣ гардид.
АКС: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Тақвият ва таҳкими худшиносии миллӣ талаботи замони имрӯз аст
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд
Ба омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
Ба фаъолону сокинони шаҳри Ҳисор нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон тавзеҳ дода шуданд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба шарҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд






