ПАЁМ-РОҲНАМО БА СӮИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ

Январь 1, 2025 14:10

ДУШАНБЕ, 01.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳо, муваффақият ва мушкилоти соли сипаришуда, вазъи ҳозира, дурнамои рушд ва вазифаҳо барои соли минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро инъикос менамояд. Ҳамасола паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барои фаъолияти ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчун дастурамал ва роҳнамо хизмат менамоянд. Ҳамзамон Паёми Президенти Тоҷикистон хазинаи маълумоти ошкоро, расмию дақиқ ва илмӣ буда, аз он олимону донишмандони ватанию хориҷӣ дар таҳқиқоти илмӣ, аз ҷумла ҳангоми гузаронидани таҳқиқоти сотсиологӣ васеъ истифода мебаранд.

Ба масъалаҳои иҷтимоӣ дар Паёми Президенти Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст. Тавре маълум аст, ба бахшҳои асосии иҷтимоӣ, ки ба зиндагии шоистаи шаҳрвандон вобастаанд, соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин масъалаҳои занон ва ҷавонон дохил мешаванд. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ҳадафи асосии сиёсати давлат мебошад. Иброз шуд, ки соҳаи иҷтимоӣ дар соли 2024 дар буҷети давлатӣ 43 фоизи тамоми хароҷотро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ аз 83 фоизи соли 1999 ба 21,2 фоизи дар соли 2023 коҳиш ёфтааст, ки натиҷаи тадбирҳои пайваста андешидаи Ҳукумати мамлакат дар ин самт мебошад.

Президенти Тоҷикистон дар баробари масъалаҳои марбут ба таъмини амнияти миллӣ, рушди устувори иқтисодиёти ватанӣ, рушди сармояи инсонӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва созгор кардани шароит барои зиндагии шоистаи онҳо ва ғайра ба масоили стратегии ҷумҳурӣ — маориф, илм ва фарҳанг аҳамияти вижа дода, барҳақ иброз намуданд, ки то «тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд».

Дар робита ба ин, Сарвари давлат омӯзгорро шахсияти калидии низоми таълиму тарбия муаррифӣ намуданд, зеро маҳз ӯ ташаккулдиҳандаи ҷаҳонбинии шогирдон, такмилдиҳандаи маҳорату малакаи касбӣ, забондонӣ, ватанпарастии хонандагону донишҷӯён буда, мураббии худшиносию худогоҳӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, илмомӯзию рушди тафаккури созандагии насли наврасу ҷавон маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, имрӯз омӯзгорони мо бояд новобаста аз зинаи таҳсил ба талаботи ҷомеаи муосир ва фазои ҷаҳонии таҳсилот сатҳу сифати дониш, касбияти худро мутобиқ гардонанд. Тарбиятдида, хушахлоқ, босавод, зирак, ҳушёр, тавонманд, забондон, масъулиятнок ва содиқ ба касби худ бошанд. Қобилияти кор кардан бо воситаҳои технологии муосирро дошта бошанд ва дар раванди баргузории машғулияти таълимӣ, машварату конференсияҳои илмӣ-назариявӣ аз онҳо самаранок истифода баранд. Аз ганҷинаи маънавии гузаштаи миллат, оид ба арзишҳои фарҳанги моддию маънавии ниёкони худ дониши зарурӣ дошта, хотираи таърихиашон ғанӣ бошад, то дар раванди тарбияи шогирдон ба хатоӣ роҳ надиҳанд, шогирдони соҳибкасб, боистеъдод, ихтироъкору навоварро тарбия намоянд. Ҳамаи ин ба он ҳадаф бояд бошад, ки дар тафаккури таълимгирандагон холигӣ пайдо нагардад ва ин холигиро онҳо бо андешаҳои хурофотию таассубангез, парастиши фарҳанги бегона пур нагардонанд, зеро «сабаби асосии бадбахтии ҳар миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад».

Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ инчунин иброз гардид, ки пешравии ҳар гуна ҷомеа ба илм вобаста аст. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба илму маориф диққати аввалиндараҷа дода, барои рушд ва густариши он заҳматҳои зиёд кашида истодааст, зеро маҳз тавассути илм ва ҷаҳонбинии илмӣ ҷомеа рушд мекунад. Ин нуктаро Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ чунин иброз намуданд: «Ман аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа медиҳам». Ин эътибори Пешвои миллат боис гардид, ки олимони тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ дастовардҳои худро пешкаш намуда, дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол қарзи касбии худро иҷро намоянд. Аммо бо ин ҳама қонеъ набояд шуд ва дар рушди илм ва ҳамкории илмӣ талошҳои зиёдтар лозим аст. Дар ин маврид дар зинаи таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълиму таҳқиқот омили муҳим мебошад.

Дар баробари ин ҳама, Пешвои миллат ба ҷавонон эътимоднокии худро иброз дошта, таъкид сохтанд, ки онҳо бояд дар рушди илму инноватсия саҳми арзишманд гузоранд. Ягона омиле, ки ба ҷавонон дар ин роҳ кумак менамояд, аз нигоҳи Президенти ҷумҳурӣ, ин рӯй овардани онҳо ба илму дониш ва касбу ҳунар мебошад: «… ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд». Ҷавонони саодатманди мамлакатро зарур аст, ки ба боварии Пешвои миллат содиқ монда, дар рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд ва ҳам дар олами воқеӣ ва ҳам бо истифода аз фазои маҷозӣ фарҳанги миллии худро ҳифз ва густариш диҳанд.

Масъалаи фазилати инсон, ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар Паёми Президенти Тоҷикистон мақоми баланд дошт. Тавре маълум аст, воқеияти замони муосир инсонро ба буҳрони маънавию ахлоқӣ ва фарҳангӣ рӯ ба рӯ сохтааст, ки он аз таҷзияи донишҳои иттилоотию технологӣ ва дигаргуниҳои густардаи ҷаҳони имрӯз вобастагӣ дорад. Ҷаҳони имрӯз новобаста ба комёбиҳо ба нузули арзишҳои ахлоқӣ ва инқирози экзистенсиалӣ ва дигаршавии ҷидди фаҳмишҳои инсон рӯ ба рӯ аст, ки сабабгори дигаргуншавии фаҳмишҳои ақлонии инсон гардидааст. Насли нави имрӯз дар руҳияи постмодернистӣ тарбия ёфта, тамоюлҳо ва арзишҳои умумиинсониро канор мегузорад. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, ки 28 декабри соли 2024 пешниҳод гардид, ин масъала дар шакли гуфторҳои пандомези Президенти Тоҷикистон ба ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон садо дод. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки дар фарҳанги тоҷикон аз замонҳои қадим то имрӯз фазилатҳои инсонӣ, чун накӯкорӣ, адлу инсоф, озодӣ, муҳаббат ба ҳамдигар ва ғайра пояи ҷаҳонфаҳмии инсонро ташкил додаанд ва онҳоро мо набояд фаромӯш созем.

Президенти Тоҷикистон ҳама шаҳрвандонро ба ваҳдат, дӯст доштани Ватан ва саҳмгузорӣ дар ояндаи дурахшони Тоҷикистон даъват намуданд. Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бешубҳа, ҳамчун нақшаи стратегии рушди устувори ҷумҳурӣ хизмат намуда, дар беҳбуди зиндагии мардум ва пешрафти ҷомеа заминаи зарурӣ фароҳам меорад.

Нозим МАҲМАДИЗОДА,
директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи
ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон АМИТ «Ховар»

Январь 1, 2025 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
«МАҚОМИ ЗАНОН ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ». Дар шаҳри Душанбе ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид
Масъалаи касбомӯзии аҳолӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, хусусан Президенти Тоҷикистон қарор дорад
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шаклгирии фарҳанги миллӣ ва заминаҳои он баррасӣ гардид
Бинои нави Вазорати фарҳанг ва Театри миллӣ дар рӯзҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба истифода дода мешаванд
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Пешрафту пирӯзии ҳар давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ. Бо кадом роҳҳо метавон ба он ноил гардид?
Президенти Тоҷикистон дастур доданд, ки ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода шавад
МАОРИФ — СОҲАИ КАЛИДӢ. Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ такондиҳандаи рушди фарҳанги миллӣ мебошад
ТО ШАБАКАҲОИ 5G ИНКИШОФ ДОДАНИ ИНФРАСОХТОРИ РАҚАМӢ. Ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ тақвияти кор дар чанд самти асосӣ таъкид гардид
РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд