«ПАЁМ-РОҲНАМОИ ФАРДОИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши илмӣ доир шуд
БОХТАР, 30.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. 29 январ дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таҳти унвони «Паём-роҳнамои фардои дурахшони миллат» ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки моро мебояд ҳар нуктаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро мавриди омӯзиш қарор диҳем. Зеро дар ҳар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ нуктаҳои муҳими таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии ҷумҳуриамон таъкид шуда, роҳҳои амалӣ сохтани барномаҳои давлатии баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии аҳолии мамлакат пешниҳод мешаванд.
Агар паёмҳои ҳарсоларо аз назар гузаронем, он нуктаҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён менамоянд, тадриҷан амалӣ мегарданд. Мисоли он — таҳкими ҳарчи бештари истиқлолият, якпорчагии давлат, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, сохтани иншооти калони стратегӣ, тадриҷан барпо намудани ҷойи кор, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон ва монанди инҳо мебошанд.
Татбиқи дастовардҳои илму технологияи замонавӣ низ яке аз масъалаҳои муҳимми ҳалли проблемаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мебошад. Бахусус таваҷҷуҳ ба рушди илму маориф хеле бештар шуда, ин соҳаҳо ба соҳаҳои афзалиятнок табдил меёбанд. Имрӯз ҳар фарзанди тоҷик имкон дорад, ки на фақат дар дохили ҷумҳурӣ, балки берун аз он низ дар донишгоҳҳои машҳури сатҳи ҷаҳонӣ дониш омӯхта, соҳиби касбу ихтисос гардад.
Дар ҳамоиш дар мавзуъҳои «Нақши Паёми Президенти Тоҷикистон дар рушди сиёсати хориҷии мамлакат», «Тарбияи миллӣ- асоси устувори истиқлолияти давлатӣ дар партави Паёми Пешвои миллат», «Инъикоси масоили ҷавонон дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» ва ғайра маърузаҳо шунида шуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав








МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд
Ба омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд






