Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ роҳнамои таъмини амнияти миллӣ мебошад

Январь 2, 2025 10:43

ДУШАНБЕ, 02.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати таҳлилӣ ва стратегӣ на танҳо ҷамъбасти ҳамаҷонибаи ҳаёти иқтисодию сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангии ҷумҳуриро дар бар мегирад, балки дурнамои рушду тараққиёти минбаъдаи мамлакатро низ муайян мекунад. Таҳлилҳои нишон медиҳанд, ки паёмҳои ҳарсолаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи солонаи дар амал татбиқ намудани барномаҳои гуногуни миллӣ ва ҳадафҳои стратегии давлат мебошанд, ки барои андешидани тадбирҳои амниятӣ ва сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандонамон муҳимияти хос доранд.

Ин аст, ки Президенти Тоҷикистон дар суханрониашон соли 2024-ро соли бобарору пур аз дастовардҳои иҷтимоию иқтисодӣ арзёбӣ намуда, ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷумҳуриро беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии онро 8,4 фоиз нишон доданд. Албатта, ин дастоварди бузург заҳмату меҳнати мардуми сарбаланди мамлакати мо аст. Дар баробари ин, изҳори андеша намуданд, ки новобаста аз нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо байни давлатҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ тадбирҳои саривақтӣ андешем.

Воқеан, имрӯз зарурат пайдо гардидааст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон мо бояд ба таъмини амният ва таҳкими давлатдории миллӣ таваҷҷуҳи бештар дошта бошем. Аз ин рӯ дар Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ барои пешбурди иқтисоди рақамӣ дар панҷсолаи минбаъда 7 самти дигари афзалиятнок муайян карда шуд, ки барои рушди минбаъдаи мамлакат ва таъмини амнияти миллӣ муҳим мебошанд. Хусусан, масъалаи баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ ва андешидани тадбирҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот, ки ба маориф ва масъалаҳои таҳкими заминаи моддию техникӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ вобаставу пайваста мебошанд.

Ин аст, ки Президенти Тоҷикистон роҳбарони Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо, Академияи таҳсилот ва муассисаҳои таҳсилоти олиро муваззаф намуданд, ки доир ба ин масъалаҳо тадбирҳои муассир андешида шаванд. Дар баробари ин, таъкид намуданд, ки забонҳои хориҷӣ, махсусан русӣ ва англисӣ бояд аз зинаи таҳсили томактабӣ омӯзонида шаванд.

Ҳамаи инро ба назар гирифта, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки суботи сиёсӣ ва оромию осудагии мардуми Тоҷикистон аз таъмини амнияти миллӣ вобаста мебошад. Хусусан, мубориза бо терроризм ва экстремизм имрӯз ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, боиси нигаронӣ гардидааст. Аз ин рӯ, дар Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ба роҳ мондани ҳамкории минтақавию байналмилалӣ ва муборизаи дастҷамъона бар зидди хавфу хатар ва таҳдидҳои замонавӣ баррасӣ гардид.

Бо назардошти ин, Президенти ҷумҳурӣ изҳор доштанд, ки «мо бояд ҳамкориро дар самти обу ҳифзи пиряхҳо, баррасии пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ дар доираи имконияти мавҷуда идома дода, барои тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар қолаби «Раванди оби Душанбе» тадбирҳои зарурӣ андешем…Тоҷикистон дар заминаи сиёсати хориҷии «дарҳои боз» ва таҷрибаи ҳамкории беш аз се даҳсола бо давлатҳои Аврупо, Амрико, Осиё, Ховари Миёна ва давлатҳои дигари қитъаҳои дунё омодагии хешро барои идомаи таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо онҳо ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар қолабҳои бисёрҷониба изҳор мекунад».

Дарвоқеъ, Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баъзе пешниҳоду консепсияҳои наверо дар бар мегирад, ки барои ҳифзи шаҳрвандони ҷумҳуриамон, манфиатҳои ҳаётан муҳим ва манфиатҳои бақодорӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд. Президенти ҷумҳурӣ ба таври мушаххас иброз намуданд, ки «мехоҳам махсус таъкид намоям, ки масъалаҳои вобаста ба ҳимояи ҳуқуқу озодӣ, шаъну шараф ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи ҷумҳурӣ аз вазифаҳои афзалиятноки давлат мебошанд». Албатта, дар заминаи тезу тунд шудани хавфу хатар ва таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ, ки бештар ба мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ ва тозаистиқлол таъсир мерасонанд, пайдо шудани хавфҳои репутатсионӣ вобаста ба ин ё он миллат боиси таассуф мебошад.

Бинобар ин, Президенти ҷумҳурӣ бо дарки хеле баланд ва шуҷоату созандагӣ ин масъаларо баррасӣ намудаанд, зеро чунин муносибат ва пос доштани қадру қимати шаҳрвандони ҷумҳурӣ нишонаи бузургӣ ва дарк намудани ифтихору ҳастии миллат мебошад.

Маврид ба гуфтан аст, ки масъалаҳое, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баён гардиданд, хосатан барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, баланд бардоштани некуаҳволии мардум ва тақвият бахшидан ба таҳкими давлатдории миллӣ равона шудаанд, ки онҳо роҳнамои соҳибистиқлолӣ ва таъмини амнияти миллӣ мебошанд.

Муҳаммад АБДУРАҲМОН,
узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
доктори илмҳои сиёсӣ, профессор

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Январь 2, 2025 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Либоси миллӣ яке аз рукнҳои муҳими фарҳанги миллат маҳсуб мешавад
Паёми Президенти Тоҷикистон: омили таҳкими давлатдорӣ ва ҳамгироии иҷтимоӣ
Дар ноҳияи Дӯстӣ доир ба омӯзиши Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш баргузор шуд
ҚОНУН «ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР». Қабули он далели таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба тарбиятгарони насли наврас аст
Паёми Президенти Тоҷикистон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ: заминаҳои таърихӣ, моҳият ва зарурати он барои имрӯз
Маркази байналмилалии Наврӯз метавонад ба брендикунонии ҷашни миллӣ ва ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон мусоидат намояд
СИЁСАТИ «ОСМОНИ КУШОД». Рушди авиатсияи гражданӣ зери таваҷҷуҳи доимии Президенти Тоҷикистон қарор дорад
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ – таҷассумгари ойини давлатдорӣ ва мардумсолорӣ
Паёми Президенти Тоҷикистон яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол мебошад
Баёнияи муштараки вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн ба муносибати 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ
ТАВАҶҶУҲИ ХОССА БА СОҲАИ МАОРИФ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар мавриди самтҳои асосии ин соҳаи муҳим
ТАШКИЛИ КОНУНИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ ВА МАРКАЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ – ВАСИЛАИ ҲИМОЯИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон