ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ АСТ. Мулоҳизаҳои муовини якуми раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ
ДУШАНБЕ, 15.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» барои мардуми тоҷик дастур ва роҳнамо маҳсуб шуда, навиди тозае аз муваффақияту дастовардҳои Тоҷикистон давоми як соли охир мебошад.
— Дар Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ иброз гардид, ки аз оғози давраи соҳибистиқлолӣ дар саросари ҷумҳурӣ бунёди ҳазорон биною иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ, варзишӣ ва фарҳангӣ ба нақша гирифта шудааст, ки бештари онҳо ба соҳаҳои таҳсилоти касбӣ, илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш тааллуқ доранд. Ин иншоот то имрӯз тибқи нақшабандӣ сохта, ба истифода дода шуданд ва тавассути ин амал ҳазорон ҷойи нави корӣ барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ муҳайё гардид.
Дар ин замина Президенти Тоҷикистон ба соҳибкорону шахсони саховатманд барои тақвияти сиёсати созандаашон ва дастгирии молиявии ин афрод барои ободии Ватан, фаъолияти софдилона ба хотири пешрафти зиндагии шоистаи мардум изҳори миннатдорӣ намуда, саҳми онҳоро дар рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ назаррас унвон намуданд.
Дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон чандин масоили мубраму ҳалталаби замони муосир ҷой доштанд, аз ҷумла, таҷлили ҷашнҳои бузурги таърихӣ дар Тоҷикистон, ба монанди 2550-солагии Эъломияи Куруши Кабир дар сатҳи созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО, мубориза бо терроризму экстремизм, бегона нашудани фарҳанги миллӣ, пешгирии ҷаҳолату хурофот, эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни тоҷикон, боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа, расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ, шаклгирӣ ва инкишофи бемайлони соҳаи сайёҳӣ, таъсис ва сохтмони муассисаҳои томактабию фарҳангу санъат, ҳамгироии илм бо истеҳсолот ва фаъолияти ҷавонон.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза ва таъсири манфии онҳо, бахусус дар самти муқовимат ба таҳдиду буҳронҳо, ташаккули имконияту захираҳои молиявии ба рушд нигаронидашуда, таъмини гуногунсамтии иқтисодиёт, густариши раванди рақамикунонӣ, дастрасии молиявию дастгирии соҳибкорӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, омодагӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва гузариш ба иқтисоди «сабз» андешаронӣ намуда, ин масоили муҳими таъсиргузорро бо таҳлилҳои амиқ баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дар шароити зудтағйирёбанда ва вазъи шиддатноки ҷаҳони муосир мо бояд, қабл аз ҳама, ба иқтидору имконоти дохилии ҷумҳурӣ такя карда, барои рушди устувори иқтисодӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва ҳимояи саломатии шаҳрвандон боз ҳам бештар талош намоем. Дар ин маврид истифода ва тақвияти самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидори нав ва фаъол гардонидани имконияти мавҷуда, ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ, иҷрои нишондиҳандаҳои пешбинишуда, афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва ҳалли мушкилоти рӯзмарраи аҳолӣ, гузаштан ба низоми комили ғайринақдӣ ва монанди инҳо аз ҷумлаи дастурҳои муфиде буданд, ки дар назди масъулини соҳаҳо гузошта шуданд.
Бояд гуфт, ки соҳаҳои илму маориф ва таҳсилоти касбӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дошта, ба ин соҳаҳо ҳамчун самтҳои афзалиятнок таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Ба таъкиди Сарвари давлат, муассисаҳои таҳсилоти касбӣ дар масъалаи тарбияи кадрҳо бояд пеш аз ҳама, ба сифат эътибори аввалиндараҷа диҳанд, на ба ҳуҷҷат. Дар ин замина ба таври ҳатмӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русию англисӣ ва технологияҳои иттилоотӣ аз ҷумлаи ташаббусҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб шуда, таъкид гардид, ки минбаъд забонҳои хориҷӣ аз синни томактабӣ омӯзонида шаванд.
Илова бар ин, дар Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ иброз гардид, ки дар сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону духтарон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону духтарони мамлакатро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми суханрониҳояшон ба ҷавонон диққати махсус зоҳир менамоянд. Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ низ ин қишри мамлакат аз мадди назар дур намонд. Иброз гардид, ки ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо дар бунёди иншооти азими мамлакат, хизмати содиқона дар ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад. Аз ҷумла, солҳои охир саҳми ҷавонон дар рушди варзиш ва оммавигардонии он ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳли ҷомеа назаррас мебошад. Ҳукумати ҷумҳурӣ минбаъд низ ба рушди соҳаи варзиш, оммавигардонии он, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷалби боз ҳам бештари ҷавонон ба ҳаёти сиёсии ҷомеа, баланд бардоштани майлу рағбати онҳо ба илмомӯзию навоварӣ, дарёфту дастгирӣ кардани истеъдодҳои ҷавон ва бунёди инфрасохтори замонавии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ барои ҷавонон диққати аввалиндараҷа медиҳад. Имрӯз вазифаи аз ҳама муҳим ҳимояи марзу буми ҷумҳурӣ, таъмини амнияти давлату миллат, ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ ва таъмини волоияти қонуну тартиботи ҷамъиятӣ мебошад.
Вобаста ба ин ҳар сокини мамлакатро зарур аст, ки барои иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ пешниҳодгардида камари ҳиммат баста, барои расидан ба ҳадафҳои олии ҷумҳурӣ талош намоянд.
Баҳрулло ДАВЛАТЗОДА,
муовини якуми раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»