Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-роҳнамои рушди моликияти зеҳнӣ

Январь 24, 2025 15:49

ДУШАНБЕ, 24.01.2025. /АМИТ «Ховар/. 23 январ дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мавзуи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-роҳнамои рушди моликияти зеҳнӣ» оид ба шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 ҳамоиш баргузор гардид.

Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази миллии патенту иттилоот иттилоъ доданд.

Директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» Мирзо Исмоилзода изҳор намуд, ки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар 5 соли сипаригардида ва дурнамои рушди соҳаҳои иқтисоди миллиро барои солҳои минбаъда муайян намуда, барои рушди маориф, тандурустӣ, энергетика ва дигар соҳаҳои муҳими мамлакат дар назди масъулин вазифа гузоштанд.

Ҳамзамон солҳои 2025–2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шуданд, ки ин иқдом ба тақвияти корҳо дар самти рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Иброз гардид, ки иқтисоди рақамӣ иқтисоде мебошад, ки асоси онро истифодаи технологияҳои муосири рақамикунонӣ ташкил менамояд. Гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ барои беҳтарсозии вазъи иқтисодии давлат қадами муҳим аст.

Бояд гуфт, ки инноватсия ва рақамишавӣ имкон дод, ки дар даҳ соли охир суръати рушди иқтисоди рақамӣ нисбат ба рушди иқтисоди ҷаҳонӣ 2,5 маротиба афзоиш ёфта, ҳиссаи иқтисоди рақамӣ ба ҳисоби миёна беш аз 15 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилии глобалиро ташкил диҳад, ки ин нишондиҳанда барои давлатҳои алоҳида то 40 фоиз ба мушоҳида мерасад.

Зимни ҳамоиш кормандони муассиса доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ маъруза ва суханронӣ намуданд.

АКС: Муассисаи далатии «Маркази миллии патенту иттилоот»

Январь 24, 2025 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир гардид
Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Тақвият ва таҳкими худшиносии миллӣ талаботи замони имрӯз аст
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд