ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ҒАМХОР, МАДАДГОР, САРБОН ВА ПАРАСТОРИ ҶАВОНОН. Дар ҳар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ беҳсозии ҳаёти ҷавонон таъкид гардидааст
ДУШАНБЕ, 20.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Паёмҳои Президенти Тоҷикистонро давоми 24 сол- аз соли 2001 то 2024 варақ занем, воқиф мегардем, ки Президенти Тоҷикистон дар 24 Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ба соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш таваҷҷуҳ намуда, барои рушду ташаккули ин соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дода, ба ҷавонон панду дастурамалҳои падаронаи раҳнамунсоз пешниҳод намудаанд.
— Давоми 24 сол аз мазмуну муҳтавои ҳар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки тамоми дастуру супоришҳо ва талошҳои Сарвари давлат, пеш аз ҳама, ба хотири ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳидояти наврасону ҷавонон ба ваҳдату ҳамдилӣ, ҳимояи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои халқи Тоҷикистон, рушду ободии Ватани азизамон, беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, фароҳам овардани шароит барои рӯзгори босаодати халқ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳалли мушкилоти раванди ҷаҳонгароӣ, таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон, инчунин баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ равона шудаанд.
Баъд аз таҳлилу хулосанамоии ҳар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ метавон бо сарбаландӣ иброз намуд, ки Пешвои миллат ба неруи созандаю бунёдкор, тобовару устувор ва пешбарандаи ҷавонон эътибори ҷиддӣ дода, пайваста ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон тадбирҳои муассир меандешанд.
Ҳамин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама мулоқот, суҳбату суханрониҳо, алалхусус зимни пешниҳоди паёмҳо ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва сиёсати давлатии ҷавононро яке аз рукнҳои аввалиндараҷаи сиёсати Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мешуморанд.
Паёмҳои ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар баробари аҳамияти сиёсӣ ва ҳуқуқӣ доштан инчунин аҳамияти махсуси ахлоқию тарбиявӣ доранд. Зеро Президенти Тоҷикистон дар ҳар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба ҷавонон рӯ оварда, пайваста онҳоро барои ҳифзи Ватан, Истиқлолияти давлатӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ, худшиносию худогоҳӣ, бархӯрдор будан аз дастовардҳои илму фарҳанги ҷаҳонӣ, донишандӯзӣ, донистани техникаю технологияи навтарин, интихоби касбу ҳунарҳои муосир даъват ва ҳидоят мекунанд ва ба онҳо чӣ будани неъмати истиқлолияту ваҳдати миллиро баён месозанд. Ҳамчунин онҳоро аз зуҳуроти номатлубу зишти ҷаҳони муосир огоҳ менамоянд.
Чунончи, Сарвари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2009 иброз намуданд, ки «ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо ва мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстию ватанпарастӣ мебошад».
Воқеан, маҳз мутахассисони ҷавони донишманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту меҳанпараст метавонанд дар рушду инкишофи ҳама бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат саҳми назаррас гузоранд. Таҳти роҳбарӣ ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат сиёсати ҷавоншавии кадрҳо амалӣ мегардад. Имрӯз ҷавонони болаёқату кордон ва ташкилотчию фаъол дар фазои орому осудаи мамлакат дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷиикистон дар вазифаҳои гуногуни пурмасъулу роҳбарикунанда фаъолияти пурсамар доранд ва дар пешрафту ободонии Ватан нақши муҳим мегузоранд.
Ҳамзамон Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 апрели соли 2001 изҳор намуданд, ки «ба ҳамагон маълум аст, ки ояндаи ҳар давлат бо насли ҷавон алоқаи бевосита дорад. Қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин, албатта, хуб аст, вале дар айни замон бар дӯши мо масъулияти калон мегузорад. Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бобати ҷавонон барномаи махсус қабул намуда буд, ки ҳадаф аз он тарбияи насли сазовор мебошад. Чунин насле, ки дар руҳияи ватандӯстию худшиносии миллӣ ба воя расида бошад, истиқлолият ва якпорчагии давлати тоҷиконро ҳифз кунад, аз дастовардҳои илму фарҳанги ҷаҳонӣ бархӯрдор бошад ва номбардори ниёгони хирадманд, сулҳпарвар, эҷодкор ва ба ору номуси хеш бошад. Ман итминони комил дорам, ки насли ояндаи тоҷикон маҳз ҳамин гуна хоҳад буд ва кори падару бобоёни худро бо сарбаландӣ идома хоҳад дод».
Боиси комронии насли хушбахти даврон аст, ки Сарвари давлат ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ояндаи дурахшон ва неки насли ҷавони миллат таваҷҷуҳ намуда, ба ин қишри созанда умеди накӯ ва итминони комил доранд.
Сиёсати ҷавонпарварона ва ватандӯстонаи Пешвои миллат, метавон гуфт, ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини ба сари кор омадани Сарвари Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳатто аз нахустин суханрониҳо ва муносибаташон бо мардуми мамлакат равшан падид омада буд. Ин табиӣ аст, зеро инсоне, ки саропои сиришт, амалу рафтору гуфторашонро намои дурахшони ватанпарастию ватандӯстӣ ташкил медиҳад, на танҳо бо сухан, бо сиёсати роҳбарӣ, балки бевосита дар гуфтору амал мардумро дар ин ҷода ҳам роҳнамо ва ҳам намунаи ибрат гардидаанд. Шояд кам давлате, ба мисли давлати Тоҷикистон ин қадар аҳамият ва таваҷҷуҳ ба сиёсати ватандӯстии шаҳрвандонаш бидиҳад, то ҷойе, ки тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонашро ба ҳукми қонун дарорад.
Масалан, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2013 омадааст: «Ҳамаҷониба густариш бахшидани худшиносию худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстию ватанпарастии мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии аҳолии мамлакат, бахусус наврасону ҷавонон ҳадафи дуюми мо маҳсуб мешавад».
Чунин таваҷҷуҳи хосса ва изтиробу ғамхориро дар ин соҳа сабаб, пеш аз ҳама, он аст, ки давлати соҳибтамаддун ва халқи соҳибхиради мо дар арафаи эҳёи дубораи Ватани куҳанбунёди худ қарор гирифт. Ватане, ки давоми садсолаҳо ҷабру зулми аҷнабиёнро бисёр дидаву дар ҷодаи истиқлолият қурбониҳои зиёдеро таҳаммул намудааст. Яъне, дар пешорӯи давлату Ҳукумати навини Тоҷикистон масъалаи дубора сохтани Ватан аз вайронаҳои таърих ва бар асари ҷангҳои таҳмилшудаи шаҳрвандӣ харобазоршуда истода буд. Ва мо бояд офарин ба табъу завқи Пешвои миллатамон бигӯем, ки аз оғози давлатдории худ дарк намуданд, ки наметавон бе тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, боло бурдани завқи худшиносии миллӣ ва шинохти ҳувияти миллӣ ва ваҳдату ягонагии сокинони мамлакат ин кор, яъне эҳёи дубора ва навини ин сарзамини фарҳангпарварро амалӣ намуд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», пеш аз ҳама, ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар намуда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд. Он нуктаҳое, ки дар ин қонун муайян ва тарҳрезӣ шудаанд, гумон аст, ки бе дарки масъулияти шахсии ҳар шаҳрванд ва эҳсоси ботинии ватандӯстии ӯ даст бидиҳанд. Албатта, амалӣ гардидани ҳар қарору қонуни давлат ва Ҳукумат танҳо дар ҳолате имкон дорад, ки дар пешорӯи худ ҳадафҳои баланду даъваткунанда ва ангезишдиҳанда дошта бошад.
Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012 роҷеъ ба масъалаи ҷавонон ва қабул гардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон чунин таъкид карда буданд: «Баъди ба даст овардани истиқлолият Ҳукумати Тоҷикистон ба татбиқи сиёсати ҷавонон аҳамияти хосса зоҳир менамояд. Институтҳои муҳимми кор бо ҷавонон дар сатҳи ҳукуматӣ ва муассисаҳои таълимӣ ташаккул ёфта, имрӯзҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии мамлакат иштироки фаъолона доранд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои татбиқи амалии сиёсати давлатии ҷавононро фароҳам овардаанд. Мақсади асосии ин сиёсат таъмини шароити ҳуқуқӣ, иқтисодиву ташкилӣ ва иҷтимоии ҷавонон мебошад».
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсияи мамлакат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи амалии сиёсати давлатии ҷавононро фароҳам овардаанд. Бояд иброз намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатии ҷавононро таҳким бахшида, иштироки фаъолонаи онҳоро дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол таъмин менамояд. Аз ҷумла, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонони мамлакат, ки синнашон ба 18 расидаанд, ҳуқуқ додааст, ки дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ саҳми арзанда гузоранд ва моддаи 27 Конститутсия ба шаҳрванд аз синни 18 ҳуқуқи иштирок дар раъйпурсӣ ва интихобот, интихоб намудан ва интихоб шудан аз синни муқаррарнамудаи Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо ба мақомоти намояндагӣ ва қонунгузор, инчунин ҳокимияти иҷроия ва судиро медиҳад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонон ҳуқуқ медиҳад, ки дар интихобот ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти мамлакат иштирок намоянд. Аз ҷумла, Конститусия барои интихоб гардидан ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-солагӣ муқаррар менамояд.
Ҳамчунин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул шудаанд, дар маҷмуъ, барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои наврасону ҷавонон ва баланд гардидани ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ ва худшиносию худогоҳии онҳо, ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба сунатҳои мардумӣ равона карда шудаанд.
Нишонаи суботи имрӯзаи Тоҷикистон- ин Паёми ҳамасолаи Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ мебошад. Дар ҳар Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нуктаҳои муҳимми таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии давлатамонро таъкид намуда, роҳҳои амалӣ сохтани барномаҳои давлатии баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии аҳолии мамлакат, бахусус ҷавононро пешниҳод мекунанд. Масъалаи таъмини рушди устувори ҷомеа дар шароити муосир яке аз ҳадафҳои глобалие аст, ки дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад. Дар ҷаҳон зиёда аз 1,8 миллиард ҷавонон умр ба сар мебаранд, ки дар таърихи инсоният чунин сатҳи зиёдшавӣ бори аввал мебошад. Қариб 90 фоизи тамоми ҷавонон дар кишварҳои рӯ ба рушд зиндагӣ мекунанд, ки қисми зиёди аҳолиро ташкил медиҳад.
Бояд иброз намуд, ки ҷавонон имрӯзҳо бо ҳам пайванди хеле ногустастанӣ ва қавӣ доранд. Онҳо дар ҳама самту соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсиву фарҳангӣ фаъолона саҳм мегузоранд, зеро ҷавонон дар баробари захираҳои зеҳнӣ минбаъд ҳамчун манбаи пурдаромади сармоягузорӣ хоҳанд шуд. Агар мо ояндаи инсониятро ҳамчун тамаддуни фарҳангсолор нигоҳ дорем, бояд ба ҷавонон ва тақдири онҳо аз ин бештар ғамхор бошем.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 ояндаи ободу осудаи мамлакатро аз таваҷҷуҳи махсус ба наврасону ҷавонон арзёбӣ намуданд. Тавре таъкид намуданд, «агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрӯз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷӯянда шароит фароҳам оварем. Инчунин барои ихтироъкорону эҷодкорони асил ҳама заминаҳоро муҳайё созем, то онҳо тавонанд ба корҳои сермаҳсули илмию эҷодӣ ва навоварӣ машғул бошанд».
Воқеан, маҳз мутахассисони донишманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту меҳанпараст метавонанд дар рушду инкишофи ҷомеа саҳми назаррас гузоранд.
Дар натиҷаи амалӣ гардидани нақшаву барномаҳои воқеӣ зиндагии шоистаи ҳар сокини мамлакат таъмин гардида, як қатор чорабиниҳо барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон иҷро гардиданд.
Таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои падаронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ва соҳаи варзиш аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ возеҳу равшан ба назар мерасид. Новобаста аз сахтию нокомиҳои пай дар пайи солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Президенти Тоҷикистон ба баррасии масъалаҳои марбут ба илм, ҷавонон ва сиёсати ҷавонон аҳамияти беандоза медоданд.
Дар ин давра яке аз дастовардҳои арзишманд мулоқоти нахустини расмии Роҳбари мамлакат, Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намоядагони ҷавонони ҷумҳурӣ дар 70-умин рӯзи сарварӣ — яъне 2 феврали соли 1993 баргузор гардид. Ин дар воқеъ ғамхор, пуштибон, дастгир, мададгор, сарбон ва парастор будани Сарвари давлатро нисбат ба ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ инъикос менамуд.
Имрӯз тамоюлҳои ҷаҳонии пешбурди манфиатҳои геополитикии баъзе давлатҳои абарқудрат ва гурӯҳҳои манфиатдор моро водор мекунад, ки фаромӯш насозем, ки хавфҳои вайрон шудани ҳуқуқи инсон, суст шудани пояи давлатдорӣ ва нест кардани миллат бештар ҳангоми бесару сомониҳо, ҷангу ҷидол ва коста гаштани пояҳои конститутсионии давлат зуҳур меёбанд. Дар ҷомеаи муосир вобаста ба тағйироти дохилии тамоми соҳаҳои ҳаёт мураккабтарин равандҳои буҳронӣ ба вуҷуд меоянд, ки сабаби тағйири ин ниҳодҳои меъёрӣ, алалхусус ахлоқ ва ҳуқуқ мегарданд.
Бинобар ин Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 таъкид намуданд, ки «дар беш аз се даҳсола барои пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду инкишофи қобилияту истеъдоди онҳо ва боз ҳам беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагию фаъолияти ин қишри фаъоли иҷтимоӣ як силсила нақшаю барномаҳо қабул ва амалӣ шуданд. Барои расидан ба мақсадҳои гузошта зарур аст, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барномаҳои кор бо ҷавононро таҳия ва амалӣ намояд. Дар ин замина барои боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон бояд ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад».
Аз ин рӯ, зарур медонем, ки ба тарбияи дурусти ҷавонон мусоидат намуда, барои ояндаи дурахшони онҳо дар партави суханрониҳои Пешвои миллат ҳамеша тадбирҳои муҳимро амалӣ созем. Дар сиёсати дурнигаронаю хирадгароёнаи Сарвари давлат ҷойгоҳ ва сарнавишти ҷавонон хеле рӯшан ва асосӣ ба шумор меравад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неру ва хизмату азамати ҷавонони болаёқат ва ватандӯсту худшинос бовар доранд ва борҳо изҳор доштаанд, ки ин давлату миллат мероси насли ватандӯсту худогоҳ хоҳад буд. Дар баробари ин, ҳамеша таъкид медоранд, ки чеҳраи ҷавонони имрӯз аз ҷавонони солҳои навадум ба куллӣ фарқ мекунад. Ин сухан на танҳо ба зоҳир, балки дар андешаву афкори ҷавонон низ равшан ҳувайдо аст.
Роҳбари давлат бо боварӣ ба ақлу хирад ва заковати ҷавонон ҳамеша ин нуктаро ба он маънӣ таъкид медоранд, ки ҷавонони имрӯз дигар мисли ҷавонони солҳои навадум набояд қурбони афкор ва андешаҳои гумроҳкунандаи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шаванд. Имрӯз ҷавонон барои такмили тафаккури миллии хеш заминаҳои муҳим доранд ва маҳз тавассути корномаҳои созандаи Пешвои миллат тамоми шароит барои тарбия ва такмили шуури маънавии онҳо фароҳам аст. Танҳо баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» ва ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» метавонанд нақши бисёр муҳим дар ташаккули тафаккури маънавӣ ва ахлоқии ҷавонон гузоранд.
Дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 22 декабри соли 2016 бо назардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсию иқтисодии мамлакат соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли ҷавонон» эълон гардида буд. Иқдоми мазкур ба ҷавонони мамлакат неруи тоза бахшида, ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ ва ифтихори миллии онҳоро бештар намуд. Агар ҳарсола паёмҳоро аз назар гузаронем, он нуктаҳое, ки Президенти Тоҷикистон баён менамоянд, тадриҷан амалӣ мегарданд.
Мисоли он – таҳкими ҳарчи бештари истиқлолият, якпорчагии давлат, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, сохтани иншооти калони стратегӣ, тадриҷан барпо кардани ҷойи кор, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон ва монанди инҳо, ки ҳама шоҳиди марҳила ба марҳила амалӣ шудани чунин барномаҳо мебошанд.
Эътимоду боварӣ, ташаббусу ибтикороти наҷиби Сарвари давлат вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва масоили рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба мо нерую тавони тозаро дар ҷодаи ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ, афзун намудани дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат ва муаррифии шоистаи ҷумҳурӣ дар ақсои олам ба вуҷуд меорад.
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2024 дар баробари дигар соҳаҳо ба масъалаҳои ҷавонон ва варзиш таваҷҷуҳи хосса равона гардида, бамаврид аз дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос, яъне насли ояндасози миллат ва давлат дар 33 соли соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ёдовар шуданд. Гуфта шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат зиёда аз 10 ҳазор иншооти соҳаи варзиш сохта шуд, ки нисбат ба 70 соли сохти гузашта даҳҳо баробар зиёд мебошад ва ин натиҷаи таваҷҷуҳ ва ғамхории давлату Ҳукумат, пеш аз ҳама, ба наврасону ҷавонон мебошад. Ҳамзамон иброз намуданд, ки «мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд, иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносию худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд. Мо аз ҷавонони мамлакат умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоем. Ҳоло 61 фоизи шумораи умумии кормандонро дар мамлакат ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин нишондиҳанда дар хизмати давлатӣ 49 фоиз мебошад. Мо минбаъд низ ба ҷавонон ҳамчун неруи боэътимод ва такягоҳи устувор таваҷҷуҳ хоҳем кард, зеро ояндаи миллату давлат аз онҳо вобаста мебошад».
Ба мо, ҷавонон ҳар сухани ҳикматбор ва боварибахши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни паёмҳояшон баён мегардад, илҳому умеди тоза мебахшад.
Бо ифтихор метавон гуфт, ки ҷавонони мо, ки насли замони истиқлол мебошанд, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар ҳимояи марзу буми Ватан, амнияти мардум ва давлати Тоҷикистон, сохтмонҳои бузурги аср, пешрафти илму фарҳанг саҳми бисёр назаррас мегузоранд.
Президенти Тоҷикистон бо қаноатмандӣ зимни Паём ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2024 изҳор доштанд, ки «мо аз қабул гардидани пешниҳодамон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, тавассути қатъномаи махсус эълон доштани Рӯзи ҷаҳонии футбол ва дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж – 2024 ифтихор мекунем».
Бояд гуфт, ки дар ин самт нақши Ҳукумати мамлакатро метавон мусбат арзёбӣ кард, зеро бунёди иншооти муҳташами зиёди варзишӣ, тадбирҳо бобати ҳавасмандгардонии варзишгарон, пайваста гузаронидани чорабиниҳои бонуфузи варзишӣ дар ҷумҳурӣ далели он аст, ки дар ин самт сиёсати давлат самаровар мебошад.
Таъмин намудани рушди соҳаи варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат буда, ҳадафи он оммавигардонии варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодасозии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ мебошад. Иштироки фаъоли ҷавонони мамлакат ва пирӯзии онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, бешубҳа, ба болоравии обрӯи Тоҷикистон мусоидат менамояд ва муаррифи давлату миллат мебошад.
Хушбахтона, бояд донист, ки имрӯзҳо кӯшиши давлат ба рушди варзиш, таҳияи барномаҳои гуногун оид ба ташаккули арзишҳои ахлоқию маънавӣ, тарзи ҳаёти солим ва тарбияи ҷисмонӣ нигаронида шудааст. Маҳз бо ин роҳ мо метавонем ташаккули фикри созандаи насли наврас, таблиғи тарзи ҳаёти солим, ривоҷи навоварию ташаббускориро дар байни ҷавонон таъмин намоем.
Таъкидҳои падаронаи Президенти Тоҷикистон аз Паём то Паём ҳар яки моро водор менамояд, ки тибқи дастурҳои Президенти мамлакат амал намуда, бо меҳнати ҳалолу созанда, таҳсили аъло, интизоми намунавӣ ба дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдат, рушди бемайлони тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маданиву маърифатӣ ва муҳофизати Ватани азиз саҳм гузорем.
Дар навбати худ имрӯз ҷавонони саодатманди Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз фазои озоду обод, аз неъматҳои беназири Истиқлолияти миллӣ, бо дастгирии ин сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифодаи ифтихори миллӣ дар роҳи бунёд ва эҳёи давлати навин, ваҳдату ҳамбастагии саросарӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва муаррифии мамлаат дар арсаи байналмилалӣ талошу ташаббусҳои беназирро устуворона ва озодона пеша менамоянд.
Барои ҷавонон ватандӯстӣ ҳамчун пайванди мустаҳками байни наслҳо, интиқоли таҷрибаи ҳаётӣ, кори муштарак дар дарси ҳаёт, кумак ва ибрати зинда дар ташаккули шахсият ва ба манфиати ҳар шаҳрванд аст. Ватандӯстӣ имкони беназири мо бояд бошад ва мо худро на танҳо шаҳрванд, балки қисми пурраи раванди ягонаи ҳазорсолаи таърихӣ ва қисми ниҳоди муосири ҷамъиятию сиёсии Тоҷикистон мешуморем.
Зулфиқор ГУЛАҲМАДЗОДА,
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон / АМИТ «Ховар»