Президенти Ҷумҳури Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 16.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. 16 январ Президенти Ҷумҳури Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён, ки бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мулоқот намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар оғози суҳбат Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиёнро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфтанд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари нахустини давлатии Президенти кишвари дӯсту бародари Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон дар рушду тавсеаи муносибатҳои дӯстона ва раванди ҳамкории судманди ду кишвар такони тоза мебахшад.


Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар атрофи маҷмуи васеи масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистону Эрон, аз ҷумла дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ, инчунин дар самти робитаҳои байнипарламентӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамчунин зимни вохӯрӣ масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайни минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ карда шуданд.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон









ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд






