Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
ДУШАНБЕ, 29.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки дар мақомоти Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, ВМКБ ва вилояти Хатлон ба вазифа таъйин гардиданд, мулоқот намуданд.
Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бозхонд намудани Тағозода Абдуқаҳҳор Саидмурод аз вазифаи судяи Суди Олӣ, аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодӣ бозхонд намудани Қосимзода Сулаймон Оймаҳмад бо сабаби ба кори дигар гузаштан, дар бораи муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Тағозода Абдуқаҳҳор Саидмурод, муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Қосимзода Сулаймон Оймаҳмад, ба вазифаҳои судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Саидзода Марзия Файзалӣ, Бобохонзода Асомуддин, Шукурзода Назрулло Тағойбобо, Амонзода Намози Шариф, Шерзода Ҷурабек Сангинмурод, Қурбониён Сафаралӣ Алихон, Назарзода Даврон Қувват, Давлатзода Исмоил Раҳим ва ба вазифаҳои судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Баротзода Зумрад Маҳрамиён, Саидзода Зулфия Саид пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.
Шарифӣ Бахтиёр бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи раиси ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон озод гардида, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, Гуреззода Умед раиси ноҳияи Сино ва Сафарзода Дилшод Ғанӣ раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таъин гардиданд.
Вализода Икромиддин, ки то имрӯз дар вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониён фаъолият дошт, ба вазифаи раиси ноҳияи Ёвон, Холзода Маҳмадшариф раиси ноҳияи Кӯшониён ва Амирзода Маҳмуд раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон таъин гардиданд.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Афзалшо Муслима Аскаршо ба вазифаи муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурзода Исфандиёр муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд.
Зимни суҳбат Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини мақомоти судӣ доир ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини адолати судӣ ва волоияти қонун супоришу тавсияҳо дода, дар назди кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъиншуда низ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Таъкид гардид, ки ҳифзи манфиатҳои давлат ва мардуми кишвар ҳамеша бояд дар ҷойи аввал гузошта шавад ва вазифаҳои хидматии худро бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва содиқонаю софдилона иҷро намоянд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг аз боғи интенсивӣ дидан намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Деҳкадаи сайёҳиро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Осоишгоҳ барои ятимону маъюбонро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг ба фаъолияти коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширии Асри ваҳдат оғоз бахшиданд
Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокирот бо Сарвазири Гурҷистон Кобахидзе Ираклий
Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Гурҷистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Ираклий Кобахидзе оид ба рушду таҳкими ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф барқияи табрикӣ ирсол намуданд






