Семинар-машварати аъзои Комиссияи ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 доир шуд

Январь 8, 2025 18:36

ДУШАНБЕ, 08.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Комиссияи ҳавзавии интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар – машварати аъзои комиссия баргузор гардид.

Дар семинар-машварат вобаста ба омода намудани участкаҳои интихоботӣ, фароҳам овардани шароити муносиб барои интихобкунандагон, тартиб додани рӯйхати дурусти интихобкунандагон, омода кардани бино ва қуттиҳои овоздиҳӣ, анҷом додани ҳуҷҷатгузории участкаҳои интихоботӣ, муҳайё сохтани шароити мусоид ба мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ, ҳамкории зич бо васоити ахбори омма ҷиҳати тарғибу ташвиқи интихобот ва дигар масъалаҳо мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки дар асоси Қарори Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2024, №20 Комиссияи ҳавзавии интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Айни ҳол комиссия 56 участкаҳои интихоботиро оид ба баргузор намудани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намуд.

Январь 8, 2025 18:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Натиҷаи интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ тасдиқ гардид
Рӯйхати вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
Мушоҳидони ИДМ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ягон қонуншиканӣ ошкор накарданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳайати мушоҳидони СҲШ интихоботро шаффоф, боэътимод ва демократӣ номиданд
Мушоҳидони байналмилалӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дод
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Овоздиҳии тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ идома дорад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Москва ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Файзобод 8857 нафар ҷавон маротибаи аввал дар интихобот иштирок менамоянд