ШАҲОДАТНОМАИ ТАВАЛЛУД. Ҳар шахс дар мавриди бақайдгирии давлатии таваллуд ба насаб, ном ва номи падар ҳуқуқ дорад
ДУШАНБЕ, 26.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Моддаи 7-и Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак муқаррар менамояд, ки «кӯдак пас аз таваллуд фавран ба қайд гирифта мешавад» ва давлат-иштирокчӣ амалишавии ин ҳуқуқро тибқи қонунгузории миллӣ таъмин менамояд. Соли 2024 дар ҷумҳурӣ 253 ҳазору 512 сабти таваллуд ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2023 10 815 адад зиёд мебошад. Аз ин шумора 209 ҳазору 789 ададро бақайдгирии таваллуди то 3-моҳа ташкил медиҳад. Чунин иттилоъ медиҳад муовини сардори Раёсати Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвиноз Саидмуродзода.
Ба иттилои Сарвиноз Саидмуродзода, то ҳол шумораи шаҳрвандоне, ки шаҳодатномаи таваллуди фарзандонашонро сари вақт намегиранд, кам нест. «Ҳолати дер гирифтани шаҳодатномаи таваллуди кӯдак аз ҷониби волидони фарзанд бештар дар ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ ба назар мерасад. Ин дар бештари ҳолатҳо аз ноогоҳӣ ва надонистани ҳуқуқу уҳдадории волидон нисбат ба фарзандони худ дарак медиҳад. Барои рафъи ин гуна ҳолатҳо ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста бо ташкил намудани студияи сайёр ба ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ сафар намуда, барои сари вақт дастрас намудани шаҳодатномаи таваллуд ва дигар масъалаҳои ҳуқуқӣ байни сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад»,-баён медорад Сарвиноз Саидмуродзода.
Тибқи моддаи 16-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» асосҳои бақайдгирии давлатии таваллуд инҳо мебошанд:
1) ҳуҷҷати дорои шакли муқарраршуда оид ба таваллуд, ки аз тарафи ташкилоти тиббии ҷойи таваллуд ё аз тарафи табиб ва (ё) корманди миёнаи тиббии ташкилоти тиббӣ, ки дар давраи таваллуд ба зан кумаки тиббӣ расонидааст ва (ё) модар баъд аз таваллуд ба ӯ муроҷиат намудааст, ё аз тарафи шахсе, ки ба фаъолияти хусусии тиббӣ машғул аст, ҳангоми таваллуд берун аз ташкилоти тиббӣ дода шудааст;
2) ҳуҷҷатҳо дар бораи ёфт шудан, синну сол ва ҷинси кӯдаки ёфтшуда (партофташуда), ки аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ, васояту парасторӣ ва ташкилоти тиббӣ дода шудаанд.
- Дар ҳолати мавҷуд набудани асосҳои пешбининамудаи қисми 1-и ҳамин модда бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдак дар асоси санади судӣ ба ҷо оварда мешавад.
Тавре Сарвиноз Саидмуродзода иттилоъ дод, тибқи моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» дар таҳрири нав дар ҳолате, ки агар падару модар (яке аз онҳо) имконияти шахсан додани ариза дар бораи бақайдгирии таваллуди кӯдакро надошта бошанд, ариза мумкин аст аз ҷониби хешовандони яке аз падару модар ё шахси аз ҷониби падару модар (яке аз онҳо) ваколатдоршуда пешниҳод гардад. Ариза дар бораи бақайдгирии давлатии таваллуд мумкин аст ҳамчунин аз ҷониби мақомоти васоят ва парасторӣ, шахси мансабдори муассисаи тиббӣ, ки кӯдак дар он ҷо таваллуд ёфтааст ё аз тарафи шахси мансабдори муассисаи дигаре, ки модар дар давраи таваллуд дар он ҷо буд ё кӯдаки таваллудшуда дар он ҷо қарор дошт, дода шавад. Дар баробари додани ариза дар бораи бақайдгирии таваллуди кӯдак бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи далели таваллуди кӯдак, инчунин ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти падару модар (яке аз онҳо) пешниҳод карда шавад.
«Дар мавриди мавҷуд набудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти падару модар яке аз онҳо ё шахсияти аризадиҳанда ва ё ҳуҷҷатҳои дигаре, ки барои ворид намудани маълумот дар бораи падару модар ба сабти асноди таваллуди кӯдак асос шуда метавонанд, бақайдгирии таваллуди кӯдак дар асоси муроҷиати хаттии ташкилоти тиббӣ ё мақомоти васояту парасторӣ ба ҷо оварда мешавад»,-иброз медорад ҳамсуҳбати мо.
Ворид намудани маълумот дар бораи падару модар ба сабти асноди таваллуди кӯдак низ яке аз талаботи меъёрӣ ба ҳисоб меравад, ки бояд чунин доир шавад:
— Дар китобҳои бақайдгирии давлатии сабти таваллуд мувофиқи аризаи падар ва (ё) модар, ки дар акди никоҳи якдигар мебошанд, падару модари кӯдак навишта мешаванд. Маълумот дар бораи модари кӯдак ба сабти асноди таваллуди кӯдак дар асоси ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи моддаи 16 қонуни мазкур ва маълумот дар бораи падари кӯдак дар асоси шаҳодатномаи акди никоҳи падару модар ворид карда мешаванд.
-Агар ақди никоҳи байни падару модари кӯдак бекор гардида бошад, аз тарафи суд беэътибор дониста шуда бошад ва (ё) ҳамсар вафот карда бошад, вале аз рӯзи бекор кардани акди никоҳ беэътибор донистани он ва (ё) аз рӯзи вафоти ҳамсар то рӯзи таваллуди кӯдак сесад рӯз нагузашта бошад, маълумот дар бораи модари кӯдак ба сабти асноди таваллуди кӯдак бо тартиби муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда ва маълумот дар бораи падари кӯдак дар асоси шаҳодатномаи акди никоҳи падару модар ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи воқеияти бақайдгирии давлатии акди никоҳ, инчунин ҳуҷҷати тасдиқкунандаи воқеият ва вақти қатъи акди никоҳ ворид карда мешаванд.
— Агар падару модар дар акди никоҳи якдигар қарор надошта бошанд, маълумот дар бораи модар ба сабти асноди таваллуди кӯдак бо тартиби муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда дохил карда мешавад.
— Дар ҳолати дар ақди никоҳ набудани модар бо падари кӯдак ва агар падарӣ муқаррар нашуда бошад, насаби падари кӯдак бо насаби модар, ном ва номи падари кӯдак бо хоҳиши модар дар асоси аризаи хаттии ӯ сабт карда мешавад. Маълумоти воридкардашуда барои ҳалли масъалаи муқаррар намудани падарӣ монеа шуда наметавонад.
-Маълумот дар бораи падари кӯдак метавонад дар сабти таваллуди кӯдак бо хоҳиши модар дарҷ карда нашавад.
Бино ба андешаи ҳамсуҳбати мо, дар ҳолате, ки агар падару модари кӯдак дар ақди никоҳи ҳамдигар набошанд, насаби падари кӯдак бо насаби модар, ном ва номи падари кӯдак бо хоҳиши модар дар асоси аризаи хаттӣ сабт карда мешавад ва маълумоти дохилкарда барои ҳалли масъалаи муқаррар намудани падарӣ монеа шуда наметавонад.
Тибқи моддаи 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» дар таҳрири нав ҳар шахс дар мавриди бақайдгирии давлатии таваллуд ба насаб, ном ва номи падар ҳуқуқ дорад. Номгузорӣ ва шакли дурусти навишти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, амалӣ мегардад. Насаби шахс дар вақти бақайдгирии давлатии таваллуд бе истифодаи пасвандҳои -ов, -ова, -ев, -ева сабт карда мешавад. Насаби шахс тибқи анъанаҳои миллии тоҷикӣ метавонад аз ном ё насаби падар ё решаи онҳо, насаби модар ё решаи насаби ӯ, ном ё насаби бобо, номи падари бобо бо иловаи пасвандҳои насабсози -ӣ, -зод, -зода, -он, -ён, -иён, -ёр, -ниё, -фар, -пур, -духт ташаккул ёбад. Насаби шахс ҳамчунин метавонад бе илова намудани пасвандҳои насабсоз ташаккул ёбад.
Тавре ҳамсуҳбати мо изҳор медорад, номи кӯдак бо мувофиқаи падару модар тибқи талаботи қисми 1 ҳамин модда сабт карда мешавад. Ба кӯдак гузоштани номи ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона, номи ашё, мол, ҳайвонот ва парандагон, инчунин ном ва ибораҳои таҳқиромез, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд ва одамонро ба табақаҳо ҷудо менамоянд, манъ аст.
Мувофиқи банди 3-и ин қонун ба номи шахс илова намудани тахаллусҳои «мулло», «халифа», «тӯра», «хоҷа», «ҳоҷӣ», «хӯҷа», «шайх», «валӣ», «охун», «амир», «суфӣ» ва ба инҳо монанд, ки боиси тафриқаандозӣ дар байни одамон мегарданд, манъ аст. Номи кӯдак аз номи падари кӯдак ё решаи он бо иловаи пасвандҳои ташаккулдиҳандаи -зод, -зода, -ёр, -фар, -пур, -духт ва (ё) бе иловаи чунин пасвандҳо ташаккул ёфта, сабти он ихтиёрӣ мебошад. Ва итифодаи пасвандҳои -овна, -евна, -ович, -евич дар номи падар манъ карда шудааст.
Ҳамзамон бояд гуфт, ки тибқи муқаррароти қисми 1 моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» дар мавриди нохоно будани калима, рақам ва (ё) навиштаҷоти муҳри шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, гум кардани шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, инчунин корношоям гардидани он, шаҳодатномаи такрории бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз рӯйи аризаи шаҳрванд дар асоси сабти китобҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо (ноҳияҳо), муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар ҳолатҳои ёфт нашудани китобҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар мақомоти бақайдгирандаи дахлдор аз тарафи воҳиди сохтории ҷумҳуриявии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Дар кунҷи болои тарафи рости шаҳодатномаи такрории бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрванди қайди «Такрорӣ» гузошта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки 2 январи соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонуне, ки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ намудаанд, имзо гузоштанд. Яке аз инҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» мебошад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз