Шервонӣ Мабатшоев фаъолияти варзиширо дар бошгоҳи «Капаз»-и Озарбойҷон идома медиҳад

Январь 17, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 17.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол фаъолияташро дар бошгоҳи футболи «Капаз»-и Озарбойҷон идома медиҳад, хабар додааст АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Шервонӣ Мабатшоев ба ҳайси футболбози озод ба дастаи «Капаз», ки дар зинаи 9-уми ҷадвали премйер-лигаи Озарбойҷон қарор дорад, гузашт.

То ин дам Шервонӣ Мабатшоев дар бошгоҳҳои «Барқчӣ», КМВА ва «Истиқлол» бозӣ кардааст. Шервонӣ Мабатшоев аз моҳи июли соли 2021 дар ҳайати дастаи «Истиқлол» бозӣ мекунад ва дар ин муддат ҷоизаҳои зиёде ба даст овардааст.

Шервонӣ Мабатшоев дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон 13 декабри соли 2018 дар бозии дӯстона ба муқобили тими миллии Уммон (1:2) аввалин бозиашро анҷом дод. Мавсуф дар 29 вохӯрии тими миллӣ 6 гол задааст.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Январь 17, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд