Шервонӣ Мабатшоев фаъолияти варзиширо дар бошгоҳи «Капаз»-и Озарбойҷон идома медиҳад

Январь 17, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 17.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол фаъолияташро дар бошгоҳи футболи «Капаз»-и Озарбойҷон идома медиҳад, хабар додааст АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Шервонӣ Мабатшоев ба ҳайси футболбози озод ба дастаи «Капаз», ки дар зинаи 9-уми ҷадвали премйер-лигаи Озарбойҷон қарор дорад, гузашт.

То ин дам Шервонӣ Мабатшоев дар бошгоҳҳои «Барқчӣ», КМВА ва «Истиқлол» бозӣ кардааст. Шервонӣ Мабатшоев аз моҳи июли соли 2021 дар ҳайати дастаи «Истиқлол» бозӣ мекунад ва дар ин муддат ҷоизаҳои зиёде ба даст овардааст.

Шервонӣ Мабатшоев дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон 13 декабри соли 2018 дар бозии дӯстона ба муқобили тими миллии Уммон (1:2) аввалин бозиашро анҷом дод. Мавсуф дар 29 вохӯрии тими миллӣ 6 гол задааст.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Январь 17, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории дуҷониба дар соҳаи варзиш байни Тоҷикистон ва Эрон муҳокима шуд
Байни Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш тақвият меёбад
ФУТБОЛ. Қуръакашии тақвими Чемпионати Тоҷикистон-2025 баргузор гардид
Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо иштироки беш аз 500 кӯдак таҷлил мегардад
10 феврал марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2025 оғоз мешавад
Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро дар самти кор бо ҷавонон ва рушди соҳаи варзиш тақвият медиҳанд
Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои барномаи «Fifa Talent Development Scheme» силсиламашварат доир намуд
«ГРАНД СЛАМ ДУШАНБЕ-2025». Ин мусобиқаи бонуфуз моҳи май баргузор мегардад
Ширкати «Париматч» дар Тоҷикистон бо як сафир шартномаро тамдид карда, сафири нав қабул намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 варзишгарони ноҳияи Шоҳмансур соҳиби 111 медали тилло гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон бо 35 донишгоҳи хориҷи дуру наздик ҳамкорӣ менамояд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2025. Дастаи мунтахаби занонаи футзали Тоҷикистон бо дастаи Қирғизистон бозӣ мекунад