РУШДИ ФАРҲАНГ. Соли 2000 барои соҳаи фарҳанг ва варзиш 13 миллион сомонӣ ҷудо шуда, соли 2024 ин рақам ба 1,7 миллиард сомонӣ расид

Январь 12, 2025 08:53

ДУШАНБЕ, 12.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» рушди фарҳанг ҳамчун яке аз асосҳои муҳимтарини сиёсати давлатӣ ва заминаи ҳифзи ҳастии миллат таъкид гардид. Мероси фарҳангӣ барои ташаккули худшиносии миллӣ ва рушди ҷомеа нақши калидӣ мебозад. Фарҳанг ва мероси таърихӣ на танҳо оинаи гузашта, балки роҳнамои фардо низ мебошанд.

Яке аз самтҳои муҳими пешбурди сиёсати фарҳангӣ афзоиши маблағгузорӣ мебошад. Агар соли 2000 барои соҳаи фарҳанг ва варзиш 13 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас соли 2024 ин рақам ба 1,7 миллиард сомонӣ расид. Ин нишондиҳанда на танҳо аз афзоиши имконияти иқтисодӣ, балки аз дарки аҳамияти фарҳанг дар ташаккули ҷомеаи пешрафта дарак медиҳад.

Тоҷикистон дорои мероси беназире аст, ки аз умқи таърих боқӣ монда, давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун манбаи маънавӣ ва эҷодӣ хизмат кардааст. Бо вуҷуди ин, таъмиру барқарорсозии ин мерос бо тамоми мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ яке аз бартариҳои сиёсати давлатӣ мебошад.

Президенти Тоҷикистон бо баёни нақш ва аҳамияти муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла театрҳо, китобхонаҳо, осорхонаҳо ва мактабҳои санъат таъкид намуданд, ки «фарҳанг ҳамчун заминаи рушди маънавиёти миллӣ бояд дар маркази диққати роҳбарон ва ҷомеа қарор гирад».

Бо талошҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ давоми 33 соли истиқлолият 18 театр, ки оинаи ҳаёти мардум мебошанд, бунёд шуданд. 126 китобхона, ки маъхази донишу фарҳанг ҳастанд, ба истифода дода шуда, 20 осорхона, ки шоҳиди таърихи миллатанд, таъсис ёфтанд.

Ин муассисаҳо имрӯз на танҳо маҳалли нигоҳдории мерос, балки майдони ташаккули идеяҳо ва тарбия кардани истеъдодҳои наврасу ҷавон мебошанд. Бо ифтихори хосса бояд хотирнишон намуд, ки кушодани дарҳои Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон соли 2001 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишонаи равшани таваҷҷуҳи ҳукумат ба арзишҳои миллӣ ва мероси аҷдодӣ мебошад. Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи осорхона таъкид намуданд, ки «халқе, ки аҷдоди худро қадр мекунад ва гузаштаашро ҳифз менамояд, ояндаи нек дорад».

Дар ҳақиқат, Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон на танҳо ганҷинаи фарҳанги моддии ҷумҳурӣ гардид, инчунин тавонист муаррифи илмҳои таърихнигорӣ ва бостоншиносии ҷумҳурӣ бошад, ки метавонад мероси моддии мамлакатро ҳам барои ҳамватанон ва ҳам барои меҳмонони хориҷӣ муаррифӣ намояд.

Танҳо соли 2024 Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистонро зиёда аз 7100 нафар тамошо намудаанд, ки 4500 нафари онҳоро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд. Ин нишондаҳанда нисбат ба соли 2023  1 маротиба зиёд аст.

Дар ҷаҳони пуртазоди муосир фарҳанги миллӣ метавонад ба унсуре табдил ёбад, ки ҳувияти миллиро ҳифз намуда, мардумро муттаҳид созад. Президенти Тоҷикистон бо таъкид ба зарурати ҳифзи фарҳанги миллӣ изҳор доштанд, ки «агар фарҳанги миллӣ заиф шавад, ҷояшро фарҳанги бегона пур мекунад».

Ҷаҳонишавӣ бо тамоми манфиатҳои худ инчунин пайомадҳои манфӣ дорад, ки метавонанд ба фарҳангҳои миллии хурд таъсири ҷиддӣ расонанд. Аз ин рӯ, ҳифзи таърих ва фарҳанги миллӣ ба амри зарурӣ табдил меёбад. Барои насли имрӯз муҳим аст, ки таърихро омӯзад, арзишҳои аҷдодиро эҳтиром кунад ва онҳоро бо забон ва усули муосир ба насли оянда расонад.

Ин рисолати муқаддасро Пешвои миллат дар вохӯриҳои худ бо зиёиён ва аҳли илм борҳо таъкид намудаанд. Президенти Тоҷикистон 30 майи соли 2024 зимни суханронӣ дар мулоқот бо аҳли илми мамлакат таъкид намуданд, ки Истиқлоли давлатӣ шароит фароҳам овард, то мероси моддию маънавии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун рамзи миллат муаррифӣ гардад.

Ин фикр нишон медиҳад, ки ҳифзи фарҳанги миллӣ ва таҳкими арзишҳои анъанавӣ бояд яке аз вазифаҳои асосии насли имрӯз бошад.

Нақши Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ЮНЕСКО ҳамчун ҷумҳурии дорои мероси ғании таърихӣ беназир аст. Президенти Тоҷикистон ба хотири гиромидошти арзишҳои миллӣ, аз ҷумла таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ташаббусҳои нав пешниҳод намуданд.

Дар ин самт бояд хотирнишон намуд, ки расман 10 ёдгории таърихӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Саразм соли 2010 ва 9 ёдгории водии Зарафшон соли 2023 ба феҳристи ёдгориҳои умумибашарии ЮНЕСКО ворид шуданд, ки ин ҳам дастоварди бузурги фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо роҳбарии Президенти Тоҷикистон мебошад. Ва имрӯз барои ворид намудани дигар ёдгориҳои ҷумҳурӣ корбарӣ идома дорад, ки онҳо ҳам зери ҳидоятҳои Роҳбари давлатамон дар амал татбиқ хоҳанд шуд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ба рушди соҳаи сайёҳӣ низ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии мамлакат таваҷҷуҳи махсус дода шудааст. Президенти Тоҷикистон иброз доштанд ки «шумораи сайёҳоне, ки соли 2024 ба Тоҷикистон омадаанд, ба 1 миллиону 400 ҳазор нафар расида, нисбат ба соли 2019 12 фоиз афзудааст. Вале нишондиҳанда ба имконияти таърихию табиӣ, кӯҳнавардӣ, фарҳангӣ ва табобатию истироҳатии ҷумҳурӣ мувофиқ нест. Дар баробари ҷалби сайёҳони хориҷӣ бояд ба рушди сайёҳии дохилӣ, ки бо фарҳанг ва мероси таърихии мамлакат алоқаманд аст, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад».

Тоҷикистон, ки дорои ганҷинаи бойи фарҳангӣ ва ёдгориҳои таърихӣ мебошад, метавонад бо истифода аз имконияти фарҳангӣ, анъанаҳо ва арзишҳои миллӣ ба ҷалби сайёҳон ва рушди сайёҳии дохилӣ мусоидат кунад. Дар робита ба ин Президенти Тоҷикистон таъкид намуданд, ки «Кумитаи рушди сайёҳӣ якҷо бо вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд барои фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди сайёҳӣ ва фарҳанг, хусусан бунёди инфрасохтори зарурӣ тадбирҳои иловагӣ андешад».

Ҳамин тавр, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ на танҳо нақшаи рушди фарҳангро муаррифӣ мекунад, балки даъвати воқеӣ ба ҳамагон барои ҳифз ва таҳкими арзишҳои миллӣ мебошад. Тоҷикистон метавонад бо рушди фарҳанг ва ҳифзи мероси худ намунаи бузурге барои дигар давлатҳо гардад. Мероси фарҳангии мо пайвандгари гузашта ва оянда аст ва ҳифзи он масъулияти ҳар фарди миллат мебошад, ки дар меҳвари сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат қарор гирифтааст.

Абдураҳмон ПӮЛОТОВ,
директори Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар назди Институти таърих,
бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

 

Январь 12, 2025 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД. Васфи зан — модар дар осори Мирзо Турсунзода
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷииро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид
Бунафша Файзиддинзода: «Бигузор занону духтарони мо дар арсаи байналмилалӣ бо либоси зебои тоҷикӣ парчамбардори сарзамини аҷдодӣ бошанд!»
Ниёгони мо дар рӯзгори пешин ҳам ҷашни занонро таҷлил мекарданд. Эҳдо ба Рӯзи Модар
НИМ АСР ДАР ТАЪЛИМИ ҶОМЕА. Занони Тоҷикистон дар пешбурди низоми маориф низ саҳми арзанда доранд
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар