Соли 2024 7584 сайёҳи хориҷӣ осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистонро тамошо кардаанд

Январь 28, 2025 08:42

ДУШАНБЕ, 28.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли гузашта 7584  сайёҳи хориҷӣ осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистонро тамошо кардаанд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 27 январи соли равон доир гардид, хабар доданд.

Дар нишасти матбуотӣ  ҳамчунин  иттилоъ  дода шуд, ки  фонди осорхонаҳои ҷумҳурӣ (якҷоя бо фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон, осорхонаҳои Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ ва хона — музейҳо) 316 326 адад нигораҳои дорои арзиши баланди таърихию фарҳангиро ташкил медиҳад.  Аз ин шумора 173 396  адад нигораҳо дар Осорхонаҳои таърихӣ —кишвар шиносии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошад.

«Соли 2024  осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат 286 сайри осорхонавиро бо фарогирии 134 584 нафар тамошобин, аз ҷумла 7584 сайёҳи хориҷӣ доир намуда, дар  ин зимн, дар самти фаъолияти илмӣ 59 чорабинии илмӣ-фарҳангӣ, 5 конфронс ва 24  мизи муддавар  баргузор карда шуданд», — иброз гардид дар нишаст.

Январь 28, 2025 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд