Соли 2025 паҳлавонони тоҷик дар якчанд мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини ҷудо иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 05.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) соли 2025 байни варзишгарони шинохта якчанд мусобиқаи бузург ва бонуфузро ба нақша гирифтааст, ки дар онҳо иштироки паҳлавонони тоҷик низ дар назар аст. Дар ин хусус ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» муовини Раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков хабар дод.
Мусобиқаи бузургтарини сол Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯшитини ҷудо аст, ки 13-20 июни соли 2025 дар пойтахти Маҷористон– шаҳри Будапешт баргузор мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол силсиламусобиқаи ҷаҳонии ҷудо Dushanbe Grand Slam 2025 доир мегардад. Тибқи нақшаи Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), ин мусобиқа, ки бори дуюм доир мегардад, 2-4 май дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Дар зер тақвими мусобиқоти IJF World Tour байни бузургсолон дар соли 2025 бо иштироки варзишгарони тоҷик пешниҳод мешавад:
- 1 — 2 феврал: Paris Grand Slam 2025, Париж (Фаронса)
- 14 — 16 феврал: Baku Grand Slam 2025, Боку (Озарбойҷон)
- 28 феврал — 2 март: Tashkent Grand Slam 2025, Тошканд (Узбекистон)
- 21-23 март: Tbilisi Grand Slam 2025, Тбилиси (Гурҷистон)
- TVD: Antalya Grand Slam 2025, Анталия (Туркия)
- 24 – 28 апрел: чемпионати Осиё (инфиродӣ ва даставии омехта), Тайиланд (Бангкок)
- 2 — 4 май: Dushanbe Grand Slam 2025, Душанбе (Тоҷикистон)
- 9 — 11 май: Astana Grand Slam 2025, Остона (Қазоқистон)
- 11 — 13 июн: Сhina Asian Open 2025, Чин, ТВD
- 13 — 20 июн: чемпионати ҷаҳон (инфиродӣ ва даставии омехта), Будапешт (Венгрия)
- 12 — 13 июл: Taipei Asian Open 2025, Тайпей (Тайпейи Чин)
- 25 — 27 июл: Ulaanbaatar Grand Slam 2025, Уланбатор (Муғулистон)
- 17 — 19 октябр: Abu Dhabi Grand Slam 2025, Абузабӣ (Амороти Муттаҳидаи Араб)
- 25 — 26 октябр: Hong Kong Asian Open 2025, Ҳонконг (Чин)
- 14 — 16 ноябр: Zagreb Grand Prix 2025, Загреб (Хорватия)
- 6 – 7 декабр: Tokyo Grand Slam 2025, Токио (Ҷопон)
Хотиррасон менамоем, ки соли 2024 дастоварди беҳтарини варзиши тоҷик дар намуди гӯштини ҷудо ду медали биринҷии паҳлавон Сомон Маҳмадбеков ба шумор меравад. Ӯ дар Чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб ва Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Парижи Фаронса дар рақобатҳо дар вазни то 81 кило медалҳои биринҷӣ ба даст овард. Ҳамчунин паҳлавон Темур Раҳимов барандаи медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 дар вазни +100 кг аз рӯйи намуди гӯштини ҷудо мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз








Манучеҳр Каримзода раиси Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон интихоб шуд
Варзишгарони тоҷик аз Парабозиҳои V Осиё бо дастоварди бузург ба Ватан баргаштанд
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Муштзанҳои ҷавони тоҷик соҳиби медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардиданд
Мусобиқа оид ба футбол байни дастаҳои деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини Тоҷикистон ҷамъбаст гардид
Варзишгарони тоҷик дар Парабозиҳои V Осиё байни наврасон 4 медал ба даст оварданд
Варзишгари тоҷик Акмал Убайдов соҳиби медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс–2025 шуд
Байни деҳаю маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон мусобиқаи футбол оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқи инсон ва механизмҳои амалишавии он ҷаласа доир гардид
Дастаи «Сардор»-и Турсунзода бори аввал ба Лигаи олии Тоҷикистон оид ба футбол баромад
Дастаи «Сипар» ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футзал гардид
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2025. Имрӯз дастаҳои «Соро компания» ва «Сипар» дар финал бозӣ мекунанд
«Истиқлол»-и Душанбе бори чордаҳум чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ шуд






