«Сомон Эйр» мутахассисони баландихтисосро ба кор даъват мекунад

Январь 27, 2025 11:49

ДУШАНБЕ, 27.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» барои ишғоли вазифаҳо    озмун эълон намудааст.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин ширкат иттилоъ доданд, ба ширкат мутахассис оид ба назорат аз рӯи риояи стандартҳои сифат ва бехатарӣ; мутахассис оид ба профайлинг дар Хадамоти бехатарии авиатсионӣ, хазиначӣ – мутахассиси маълумотдиҳии шуъбаи фурӯш ва маълумотдиҳии Департаменти тиҷоратӣ  дар шаҳри Душанбе, хазиначӣ-мутахассиси маълумотдиҳии шуъбаи фурӯш ва маълумотдиҳии Департаменти тиҷоратӣ дар   Хуҷанд, намоянда дар Фурудгоҳи баналмилалии Душанбе, шуъбаи намояндагиҳои Департаменти тиҷоратӣ зарур мебошад.

Инчунин «Сомон Эйр» ба намоянда дар Фурудгоҳи баналмилалии Хуҷанд, шуъбаи намояндагиҳои Департаменти тиҷоратӣ, мутахассис оид ба таъмини парвозҳои Маркази идораи амалиёти Департаменти хизматрасонии рӯизаминӣ, танзимгар оид ба идоракунии парвозҳои Маркази идораи амалиёти Департаменти хизматрасонии рӯизаминӣ, мутахассис оид ба ҳамоҳангсозӣ ва назорати хизматрасониҳои рӯизаминӣ (супервайзер) дар Фурудгоҳи байналмилалии  Хуҷанд, Департаменти хизматрасонии рӯизаминӣ ниёз дорад.

Инчунин мутахассиси IT (Junior), мутахассиси IT (Middle); барномасоз (Middle), муҳосиби шуъбаи муҳосиботи дохили хоҷагии Департаменти молия, мутахассиси шуъбаи таҳлил ва иқтисоди Департаменти молия, роҳбалад дар пойгоҳи Хуҷанд ва роҳбалад дар пойгоҳи Душанбе ба кор даъват карда мешаванд.

Маълумоти пурра оид барои ишғоли мансаб дар сомонаи зер: https://www.somonair.com/tg/vacancy?data=27&page=1

АКС: «Сомон Эйр»

Январь 27, 2025 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад